Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа
кун. Ғайри хешу таборҳоят кӯмак намо.
Деҳқон аз рӯи гуфтаи хирадманд амал карда, ба муроду мақсадаш расид.
СЕ ПАНДЕ, КИ НАРХИ ҲАР КАДОМАШ САД ТАНГА
Буд, набуд, як савдогар буд, вай як писар дошт. Як рӯз ба писараш гуфт:
— Писарам, ту калон шудӣ, ба балоғат расидӣ, ман тӯю тамошо дода, туро хонадор кардам. Пагоҳ бегоҳ падар мешавӣ. «Гирди номи падар чӣ мегардӣ, падари хеш шав агар мардӣ» гуфтаанд, одамони доно. Барои ту вақте расид, ки касби падарро гирӣ. Ҳамаи фарзандони нек касби падарро мегиранд. Ман, худат медонӣ — савдогар. Савдогарӣ кори душвор, лекин даромаддор. Рӯзгори савдогар таъмин. Ту, писарам, мана ин сад тангаро гиру бозор рав. Ин сад танга — дастумоя. Хару фурӯш, ҳаракат кун, ки як сӯмат ду сӯм шавад. Ин фотиҳаи ман — фотиҳаи падар, бахт ба ту омад кунад.
Писари савдогар сад тангаро ба ҷайбаш андохта, роҳи бозорро пеш гирифт. Назди дарвозаи бозор расида, як пирамарди нуронии хушлибоси асобадастро дид. Пирамард ба бозоракиҳо муроҷиат карда мегуфт, ки як панд, панди судманд дорад, пурарзиштар аз ҳамаи чизҳое, ки

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё