Зеҳн
Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа

ҚиссаАфсона
Аз аввал хондан

Дар ин бозор ҳаст. Нархаш сад танга.

Писари савдогар фикр кард, ки ин хел пирамарди нуронӣ дурӯғ намегӯяд, модоме ки панди ӯ аз ҳамаи чизҳои дар бозор будагӣ қиматтар бошад, чаро нахарад?!

Ҳамин фикрро карду сад тангаро аз ҷайбаш бароварда, ба пирамард дароз кард.

— Офарин, писарам, — гуфт пирамард, — Худо хоҳад, бахт ба ту мадад мекунад. Баъд пирамард пандашро ба забон овард: «Туф макун ба намақдоне, ки аз он намақ хӯрдаӣ».

Писари савдогар ҳамин хел ба бозор надаромада, баргашт. Падараш ҳайрон шуда пурсид:
— Чӣ шуд писарам?
— Панд харидам, — гуфт писараш, — панди судманд — пурарзиштар аз ҳамаи чизҳое, ки дар бозор буд.

Писар ба савдогар воқеаи шудагиро гуфта дод. Савдогар ӯро мазамат карда гуфт:
— Дар ин дунё чӣ бисёр — панд. Чӣ қадар хоҳӣ, ман ба ту панд мегӯям, лекин панд ошу нон намедиҳад. Одам нахӯраду напӯшаду ғами рӯзгорашро нахӯрад, медонӣ ҳоли ӯ чӣ мешавад: чуволи холӣ рост намеистад, «тани бараҳна — мурғи бепар». Ақлата ба кор андозу ин гапҳоро фаҳм.

Савдогар ба писараш боз сад танга дода гуфт:
— Ин дафъа ана ин сад тангаро ақаллан як саду даҳ карда биё; дафъаи оянда саду бист ё саду сӣ

пешина
аз 161
навбатӣ