Зеҳн
Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа

ҚиссаАфсона
Аз аввал хондан

Зиндагиномаи нон ба замин меафтид, аз болои асп фаромада кофта мегирифт ва ба чашмонаш молида, тоза карда мехӯрд. Пас аз он ба асп савор мешуд. Вақте ки деҳқон ба сари марзаи сералаф расид, аз дасташ нонрезае ба замин афтида дар байни алафҳо нопадид шуд. Деҳқон аз асп фаромада, ҳарчанд, ки нонро кофт, ёфта натавонист. Вай бо каланд ба атрофи он нонреза марза бардошт, то ки ба болои нонреза касе ё ҳайвоне набарояд ва зери по накунад.

Деҳқон ба ҳавлиаш баргашт. Зиндагониаш торафт беҳтар, чизу чорааш фаровонтар шудан гирифт. Дар анбораш дигар ҷои холӣ намонд.
Меваҳои боғаш бо фурӯхтан тамом намешуд. Ӯ боз ба назди хирадманд омад. Хирадманд аз деҳқон пурсид, ки фармудаашро иҷро кардааст, ё не. Деҳқон ҳамаи саргузашташро гуфта дод.
Хирадманд табассум кард ва ба деҳқон рӯ оварда гуфт:

  • Ту, бародар, асло хор намешавӣ. Барои он ки нонро бисёр азиз медорӣ ва онро ҳурмат мекунӣ. Боиси афзудани давлати ту файзи ҳурмати нон аст. Ҳар касе, ки нонро ҳурмат мекунад, ба ҳавлиаш файзу баракат меборад. Агар хоҳӣ, ки бойи калон нашавӣ, ҳосили меҳнати ҳалолатро бо ёрӯ дӯстонат боҳам бин, онро барои хуб хӯронидан ва пӯшонидани фарзандонат сарф кун. Ҳар сари чанд вақт ба камбағалон хайр
пешина
аз 161
навбатӣ