Зеҳн
Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа

ҚиссаАфсона
Аз аввал хондан

Беҷуръатона ва дигаре бо ҷуръати тамоми гуфтанд, ки тайёранд ба ӯ ёрӣ диҳанд. Оне, ки бо ҷуръати тамоми розӣ шуд, дарвозаи ҳавлиашро калон кушода, аз ҷилави аспи ҷӯрааш гирифта фармуд:

Ҷӯраҷон, даро ба ҳавлӣ, мо ҳозир ҷасади ин душмани ҷонатро зери хок мекунем, на пай мемонаду на ҳайдар, ягон ҷондоре хабардор намешавад.

Ба ҳавлӣ даромаданд, бори хунолудро аз болои асп фароварданд, соҳиби ҳавлӣ аз паи каланд рафтагӣ шуда буд, ки писари савдогар гуфт:
– Биё, аввал ҷасадро берун кашем. Ҷасадро берун кашиданд.

Соҳиби ҳавлӣ тӯши гӯсфанди сарбуридаро дида ҳайрон шуда гуфт:
– Ин кори ту чӣ маъно дорад? Чаро ба ман дурӯғ гуфтӣ? Магар дӯст ба дӯст дурӯғ мегӯяд?!

Писари савдогар гуфт, ки мехост бо ин тадбир чӣ хел дӯст будани ҷӯраашро бисанҷад.
– Маълум мешавад, ки ту дӯсти ҷонӣ будай,
– гуфт ӯ ба ҷӯрааш, – барои ман ҷонатро ба хатар монондагӣ шудӣ. Ман ҳам, агар ба ҷои ту мебудам, ҳамин хел мекардам.

Баъд дӯстҳои ҷонӣ гӯсфандром пӯст каданду як
деги калон шӯрбо андохта, дастархон оростанд
ва он сию ҳашт нафар ҷӯраашонро даъват карда,

пешина
аз 161
навбатӣ