Зеҳн
Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа

АфсонаҚисса
Аз аввал хондан

Ба он сию ҳашт нафар асли воқеаро гуфта доданд. Он сию ҳашт нафар фаҳмиданд, ки кадоме дӯсти ҷонисту кадоме дӯсти нонӣ ва чӣ касе дӯсти забонист.

Сипас писари савдогар пеши падараш омада, гуфт:

– Эй падар, ҳақ ба ҷониби шумост, на ҳар кас, ки ту дӯсти ба ҷон баробар мепиндорӣ дар воқеъ метавонад дӯсти ба ҷон баробар бошад.

Писари савдогар то он рӯзе, ки дар қайди ҳаёт буд, бо он ду нафар унс гирифт ва аз файзу баракати дӯстӣ баҳраҳо бардошт.

ФАЙЗИ ҲУРМАТИ НОН

Буд, набуд, як марде буд, хоксору меҳнатдӯст ва оддию гапдаро. Вай бо меҳнати ҳалоли худ рӯз мегузаронд. Кору бораш деҳқонӣ буд. Ғалла кошта ҳосили фаровон мебардошт.

Деҳқон як хислати хубе дошт. Нонро бисёр ҳурмат мекард. Нонро дар дастурхон ба қадри даркорӣ шикаста мемонд. Ба дигарон ҳам таъкид менамуд, ки нонро бисёр пора накунанд. Барои ҳурматаш нонро мудом дудаста доранд.

Вай ҳангоми хӯрокхӯрӣ аз дастурхон аввал нонрезаҳоро чида мехӯрд. Пеш аз хестан аз сари дастархон албатта рӯи нонро мепӯшонд. Ё дастархонро печонда ба баландӣ мегузошт. Хулоса,

пешина
аз 161
навбатӣ