Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа
ҚиссаАфсона
Аз аввал хондан- Медонам, падар. Дӯсти ҷонӣ агар лозим шавад, ҷонашро барои дӯст дареғ намедорад.
Падар боз пурсид: - Ту бовар дорӣ, ки ҳамаи ҳамон чил ҷӯраат дӯсти ҷонианд?
- Бовар дорам! - гуфт писар.
Падар ба ӯ маслиҳат дод: - Санҷида бин, писарам ва барои худ муайян кун, ки аз он чил нафар кадоме дӯсти ҷонию кадоме дӯсти забонист.
Писар ба фикр рафт ва рӯзи дигар аввали шаб ба хонаи яке аз дӯстонаш рафта, дарвозаи ҳавлии ӯро тақ-тақ зад. Дӯсташ баромад, писари савдогар аспашро, ки як ҷувол бор болояш буд, нишон дода гуфт:
- Дӯсти азизам, ман як душмани қаттол доштам, аз дасти ӯ ҷонам дар хатар буд, маҷбур шудам ӯро бикушам. Ана ҷасадаш дар болои асп, ба ман ёрӣ деҳ, онро нест кунам, то касе нафаҳмад, ки ман даст ба куштор задаам.
Дӯсташ ҳаросид:
- Ҷӯраи ҷон, илтиҷо мекунам, - гуфт ӯ, ман, худ аз худ медонӣ, зану фарзанд, падару модари пир дорам, ба ин кори хавфнок ҳамроҳ шуданам хатост.
Писари савдогар аз сию ҳашт ҷӯрааш ба ҳамин
монанД ҷавоб шунид, фақат ду нафар, яке

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё