Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа
Водарғ розӣ шуду сураташро дар як оина ҷой карда дода, ба вазир таъйин кард:
– Мабодо ба ягон лаби дарё рафта, дасту рӯй шуста, таҳорат кардани шавӣ, ҳамин сурати маро дар замин намон, ки душманҳои ман дар ҳамаи дарёҳо тӯр мондагӣ, мабодо ба дарё афтода рафта, ба тӯри онҳо, ки ғалтид, мефаҳманд, ки ман шавҳар кардаам, омада туро мекушанд, маро гирифта мебаранд. Ин гапи маро сахт ба гӯшат гир!
Вазирбача гапҳои ӯро қабул карда, баромада рафту ҳама галаву рамаҳоро хабар гирифта, хотирҷамъ шуда дар вақти бозгашт ба лаби дарё сарулибосашро кашида, сурати Водарғро дар болояш монду ба дасту рӯйшӯӣ даромад. Дар ҳамин вақт як ҷангу тӯпаланг шуду шамол сурати Водарғро ба дарё бурда партофт. Вазирбача аз кардааш пушаймон шуд, вале фоида надошт. Аспашро савор шуда ба пеши Водарғ омаду воқеаро як ба як гуфта дод. Водарғ гуфт:
– Сад афсӯс, на ба худ кардию на ба ман. Акнун ҳар дуямон аз якдигар ҷудо мешавем!
Акнун воқеаро аз сурати Водарғ гап занем. Вақте ки сурати Водарғро шамол ба мобайни дарё андохт, вай рафта ба тӯри подшоҳи Қулзум афтид. Подшоҳ суратрод гирифта дида фаҳмид, ки Водарғ шавҳар кардаасту дар қалъааш роҳат дорад, ба тарафи қасри Водарғ лашкар кашид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё