Зеҳн
Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа

АфсонаҚисса
Аз аввал хондан

Саҳарӣ Водарөг нигоҳ кард, ки гирду атрофро мӯру малах барин аскар зер кардааст. Водарөг хафа шуду рафта дар болои сари шавқараш гиря карда нишаст, оби чашмаш ба рӯи вазирбача чакиду як қад парида бедор шуд. Водарөг воқеаро гуфта дод. Вазирбача баромада дид, ки дар ҳақиқат чор тарафро аскар зер кардааст. Хайр зану шавҳар сару абзор карда, ба ҷанг баромаданд, чунон ҷанг карданд, ки аз хун дарё ҷорӣ шуд, ҳар дуяшон бисёр монда шуда, аз мадор рафтанд. Душманон ба сари вазирбача якбора ҳуҷум оварда, зада қалам-қалам карданду Водарегро дастгир карда, гирифта рафтанд. Вазирбачаи ба хоку хун оғӯшта нисфи шаб ба ҳуш омад, ки ҳеҷ кас нест, худаш дар мобайни мурдаҳо хоб кардааст. Бисёр зиқ шуд, мадори ҷунбидан надошт, бисёр гиря карда, аз бемадорӣ хобаш бурд. Як мӯйсафеди нуронӣ ба хобаш даромад.

— Ҳеҷ гап не, писарам, хезеду аз паи Водарёг шавед, — гуфта ба дастонаш ҳамаи тани вазирбачаро сила кард, ки вазирбача мисли қадима, балки аз пештара ҳам тару тозатар шуда, бедор шуд. Дид, ки дар ҳақиқат, ҳама ҷояш сиҳату худаш бардам. Хесту ҷомаи қаландариро пӯшида, Водарегро кофта-кофта ба мамлакати Қулзум рафт.

Акнун вазирбачаро дар ҳамин ҷо монему аз аҳволи Водарёг пурсем.

пешина
аз 161
навбатӣ