Зеҳн
Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа

ҚиссаАфсона
Аз аввал хондан

Баъд Водарёг гуфт:
– Хез у ба фалон ҷо як мулло ҳаст, ҳамонро гирифта биё, моро никоҳ кунад.

Вазирбача муллоро гирифта омад, мулло хутба хонда, инҳоро никоҳ кард. Ба ивази хизматаш як табақ тило доданд, қабул накарду гуфт:
– Ба ман пул даркор не!
– Ба шумо чӣ лозим, гӯед, ҳамон чизро медиҳам! – гуфт вазирбача.

Мулло гуфт:
– Ба ман пулу мол лозим нест, маликаи Водарёг як маротиба ҷамолашонро нишон диҳанд, бас!

Ин хабарро ба Водарёг расониданд. Водарёг ҳам ҳафт қабат парда кашида, аз паси ҳафт қабат парда рӯяшро ба мулло нишон дода буд, ки мулло аз ҳуш рафт. Баъди чанд вақт ба ҳуш омада гуфт:
– Ба ман иҷозат деҳ, галау рамаҳои дар роҳ дидаатро хабар гирифта биёям, агар мӯҳлаташ гузарад, ҳамаашон паҳну пароканда шуда мераванд.
– Чандвақта меравӣ? – пурсид вазирбача.

Водарёг гуфт:
– Чилрӯза меравам!

Вазирбача гуфт:
– Ин хел бошад, ман рафта галау рамаҳоро хабар гирифта меоям!

пешина
аз 161
навбатӣ