Зеҳн
Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа

ҚиссаАфсона
Аз аввал хондан

Падари ту буданд? — пурсид ҳоким. — Агар исбот карда натавонӣ, ҳамчун бӯҳтонгар ҷазо мебинӣ.

— Дар пушташон тамғаи ғуломӣ доранд, — гуфт зан, дар пушти дӯкондору баққол яктогӣ, дар пушти қозӣ якуним тамға ҳаст.

Ҳоким пушти онҳоро кушода дид, ки гапи зан рост. Дар ғазаб шуда, ҳар серо зада пеш карду занро бо хушу хурсандӣ ҷавоб дод. Зан ба хона омада воқеаро ба шавҳараш гуфт.

Зану шавҳар тамоми рӯз хандиданду чун дар солҳои пешин зиндагии осуда ба сар бурданд. Рӯзгори шумо ҳам осуда бошад.

ГУЛСАНАМ

Буд, набуд як подшоҳ буд. Рӯзе ба дарди дил гирифтор шуд. Ҳеҷ табиб ба дарди ӯ даво карда натавонист. Табибе ба ӯ гуфт, ки як оҳуи сафед ҳаст, ҳамонро дошта кушаду аз хуни ҳамон нӯшад, сиҳат мешавад.

Подшоҳ ба писараш фармуд, ки чорсад аскар гирифта, ба ҷустуҷӯи оҳу раваду онро дошта биёрад. Шоҳзода чорсад аскар гирифта ба кофтукови оҳу рафт. Ба як марғзор расиданд, оҳуи сафедро диданд, каманд андохта дошта гирифтанд.

Дар бозгашт аз даруни деҳа мегузаштанд. Тифоқо, чашми шоҳзода ба як духтар афтод, ки

пешина
аз 161
навбатӣ