Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа
Меҳрубону гуфт:
- Агар одами нек бошӣ, илоҷе куну маро аз даруни ин чоҳ барор.
Чӯпон нӯги расанро дароз кард. Меҳрубону ба миёнаш баста, кӯдаки беҷонашро ба синааш пахш кард, чӯпон ӯро кашида гирифт. Меҳрубону лабони тафсонашро ба рӯи фарзанди аз ҷон ширинтараш часпонда, зор-зор гиря карду бо дастони ларзон ӯро ба хок супурд. Баъд ба чӯпон рӯ оварда гуфт:
- Некие, ки ту барои ман кардӣ, тамоми умр аз ёдам намеравад ва агар қорам барор кунад, туро ёфта, некиятро бармегардонам. Акнун мехоҳам ба болои он нағзие, ки ба ман кардӣ, як нағзии дигар кунӣ: либоси маро гиру, ба ҷояш сару либоси чӯпонӣ бидеҳ.
Чӯпон одами хуб буд, рафта ба духтар сару либоси чӯпонӣ овард.
Меҳрубону кокулонашро ҷамъ карда, ба сараш печонда, аз болояш салла баста ҷомаю чорук пӯшида, ба ҷое омад, ки Абдулло шавҳарашро беҳуш карда буд. Абдулло набуд, ароба набуд, шавҳараш набуд. Паи аробаро гирифта рафту баъди чанд соат ба шаҳр расид ва ҳавлиашро ёфта, назди дарвозааш нишаст. Дере нагузашта, падараш баромада ӯро дида монду ба чашмони сиёҳи дурахшонаш нигоҳ карда пурсид:
- Эй бача, чаро ин ҷо нишастаӣ, ба кӣ кор дорӣ?
Меҳрубону аз ҷояш хеста гуфт:
- Ман як ятими бекас, мехоҳам хизмати касеро карда, рӯз гузаронам.
«Чӯпонбача» ба бозаргон маъқул шуд. Гуфт:
- Ин тавр бошад, даро ба ҳавлии мо, ба мо хизматгор даркор.
«Чӯпонбача» ба аҳли оила маъқул шуд. Ба сидқ хизмат мекард. Ҳикояҳои аҷиб мегуфт, озодакор буду ширинсухан.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё