Зеҳн
Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа

АфсонаҲикоя
Аз аввал хондан

Акнун қиссаи Аҳрору Абдуллоро бишнавед.

Абдулло аз сари чоҳ баргашта, доруе ба бинии Аҳрор дошта ӯро ба ҳуш оварда гуфт:

  • Зане, ки аз кӯча меёбӣ, ба кӯча мерафтааст. Вай инс буд-мӣ, дев буд-мӣ, чӣ махлуқе буд, ки чӣ коре карда хоби тую маро баронд. Мақсадаш аз ту писардор шуда ба паси кӯҳи Қоф – ба макони париҳо рафтанӣ будааст.

Аҳрор зорӣ карда гуфт:

  • Эй ҷӯраи ҷон, ман дар умри худ аз ин кӯҳсор дур нарафтаам, ту шаҳрро дидаю дар мамлакатҳо гаштӣ. Агар дар ҳақиқат ҷӯраи ҷонии ман бошӣ, маро ба шаҳри падару модари духтар бар, шояд ӯ ба хонааш рафта бошад.

Абдулло аввал не гуфт, баъд фикр кард, ки зану бачаи Аҳрор аз чоҳ баромада натавониста, пӯсида мераванд, сирри онҳо ҳеҷ гоҳ ошкор намешавад, пас чӣ зарар дорад, ба шаҳри духтар ӯро мебараду дар айни замон корҳои худашро ҳам буд карда бармегардад ва пеши Аҳрор бегуноҳ мемонад.

Аҳрор дашту биёбон тай карда, ба шаҳри бозургон расид ва баъди он ки пурсуҷӯ карда, ҷои ҳавлии бозургонро муқаррар карданд, дар назди он ҳавлӣ боз истоданд.

Бозургон меҳмондӯст буд, омадагонро хуш қабул карду ба наздашон қозиро даъват кард. Баъди обу зиёфат бозургон ба меҳмон гуфт:

  • Мо як хизматгоре дорем, ки бисёр нақлҳои ширин мекунад, мехоҳам, ки шумо меҳмонони азиз, ин нақлҳои ширинро шунида, хушҳол шавед.

  • Бисёр хуб, бисёр хуб, - гуфтанд меҳмонон.

Бозургон Меҳрбонуро пеши меҳмонон хонда гуфт:

  • Аз ҳамин афсонаҳоят якеро гӯй, ки дили меҳмонони азиз хуш шавад.
пешина
аз 135
навбатӣ