Зеҳн
Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа

ҲикояАфсона
Аз аввал хондан
  • Аз рӯзе, ки ту дар деҳаи мо пайдо шудӣ, ман ба ту шайдо шудам. Гарчанде ин Аҳрори сарватнидаю лаззати давлатро начашида сазовори ту нест.

Меҳрубону ҳарчанд зӯр зад, дасташро аз дасти пуркуввати Абдулло халос карда натавонист. Сипас гуфт:

  • Дастамро сар деҳ, писарчаамро хобонам...

Абдулло дасти ӯро сар дода мунтазир шуд. Меҳрубону вонамуд кард, ки писарчаашро мехобонад. Онро оҳиста рӯи сабза гузошту бо тамоми қувваташ рӯ ба гурез ниҳод. Абдулло аз қафояш тохт. Чоҳе дар пеш буд. Меҳрубону худро ба чоҳ андохт. Абдулло ба сари чоҳ расида гуфт:

  • Нияти ман ҷиддӣ набуд. Ту духтари аз куҷо омада будӣ, донистан хостам, ки чӣ андоза ба дӯсти ман вафодорӣ.

Меҳрубону аз дарун гуфт:

  • Ман кӯр ҳастам, ки як бор асо гум кардаам, дигар гум намекунам. Ҳар чӣ мегӯй, ҳар ҳаракате мекунӣ беҳуда. Беҳтараш шавҳарамро ба ҳуш биёру моро сиҳату саломат ба манзил расон. Бар акси ҳол Худо мезанадат, расвои олам мешавӣ.

  • Агар набароӣ, писарчаатро мекушам! - таҳдид кард Абдулло.

  • Бадтар аз хуку гург аст инсоне, ки инсонро мекушад, бадтар аз деву аждар аст инсоне, ки кӯдакро мекушад, - шунид Абдулло дар ҷавоб.

Абдулло аз хашм ларзиду кӯдаки гирёнро ба болои сари Меҳрубону башаст партофта рафт. Дили кӯдак аз зарбу тарс аз ҳаракат монд. Фиғони Меҳрубону ба осмон печид. Пагоҳӣ овози гиряву нолаи ӯ ба гӯши чӯпон расид, ки дар он наздикиҳо рама мечаронд. Чӯпон ба лаби чоҳ омада, сарашро болои чоҳ хам карда сураби занеро дида гуфт:

  • Ту кистӣ?
пешина
аз 135
навбатӣ