Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа
Чашм дур намешуд. Ӯ сабру қарор гум кард. Қозӣ шаб фикр мекарду рӯз, рӯз фикр мекарду шаб. Аз хӯрду хоб монд. Аҳволи Маҷнуни номурод ба сараш омад, ки дар ғами ишқи Лайлӣ дар азоб буду саргардон.
Билохир кампири золе ба хотираш расид, ки бо фиребгариву ҳиллакориҳо байни мардум шуҳрат дошт. Аз пасаш кас фиристоду ба хонааш оваронда маслиҳат пурсид:
Кампир гуфт:
-
Ман метавонам ҳиллае ба кор бурда, духтарро ба хонаи шумо биоварам. Он тарафаш ба ақлу ҳунари шумо вобаста.
-
Эй кош ҳамин тавр мешуд! - гуфт қозӣ. - Агар натиҷае ба даст ояд, аз сарат тилло мерезам.
Кампири золи маккор хесту ба хонаи бузургон рафт.
- Маро ҷаноби қозӣ фиристодаанд, - гуфт ӯ ба зани бозургон, - ҷанобашон духтарҳои гузарашонро ҷамъ карда, зиёфат медиҳанд, мумкин дида бошед, чорбоғи мисли биҳишт сабзу хуррам доранд. Ҳамаи ин ба хотири духтари шумо. Гуфтанд, ки рав, духтари дӯстам бозургонро гирифта биё, падару бародараш рафтагӣ, зиқ шудагист, биёед, ҳамроҳи духтарҳо дилхушӣ кунад, дилаш кушода шавад. Ман ҳам аз дӯст як ишора, аз мо ба сар давидан гуфта ин ҷо омадам.
Зани савдогар хушҳол шуда ба духтараш гуфт:
- Духтарам, Меҳрбону, хез либосҳои наватро пӯш, ҳамроҳи холаат рав, сайру тамошо мекунӣ, ғубори дилат мебарояд.
Меҳрбону, ки аз нигоҳҳои тезу тунди қозӣ дилаш рамида буд, розӣ нашуда гуфт:
- Эй модар, поям намекашад.
Модараш гуфт:
- Қозӣ намакат ташвиш кашида, духтаронро даъват карда, хостанд туро хурсанд кунанд, ту рафтан намехоҳӣ?! Хез, зуд рав, маътал нашаванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё