Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа
Меҳрубону ноилоҷ либос иваз карда, ҳамроҳи кампир рафт. Вақте ки рафта ба ҳавлии қозӣ даромаданд, кампир гуфт:
- Духтарам, ту ба ин хона даромада дам гирифта ист, ман ба чорбоғ гузашта, аз омаданат хабар медиҳам.
Меҳрубону баробари дарро кушодан қозиро, ки худро ороста карда буд, дар миёни хона дида ҳайрон шуд.
- Даро, даро духтарам, - гуфт қозӣ, - ман ба ту гап дорам.
Духтарак чӣ кор карданашро надониста, пеши дар истода монд. Қозӣ пешаш омада, аз бозӯяш дошта, ӯро ба дарун кашида гуфт: - Натарс, духтарам, дилам мехоҳад як-ду чизро ба ту гӯям.
Духтар ҳаросида худро ба ақиб кашида:
- Шумо аз ман чӣ мехоҳед? - гуфта пурсид.
- Мехоҳам, ки дили маро фаҳмӣ. Хости парвардигор ҳамин будааст, ки ман ба ту ошиқ шавам. Ҳарчанд кардам, оташи диламро паст карда натавонистам. Ин дили саркаш маро маҷбур кард, ки ҳиллае ба кор бурда, туро ба ин ҷо биёварам. Акнун ки омадӣ, ба ҳоли ман раҳм кун.
Духтар гуфт:
-
Магар умеди падари ман аз шумо ҳамин буд?
-
Не! - гуфт қозӣ. - Падарат мехост, ки ман аз ҳоли шумоён хабардор бошам. Ман ваъда додам. Лекин ишқ зӯрӣ кард, ваъдаам шикаст.
-
Ҳоло ҳам дер нашудааст, монед ман равам! Шумо ҳам худро ба даст гиреду тавба гӯед.
-
Эй духтар, ман чанд рӯз аст, ки тавба мегӯяму астағфруллоҳ, медонам, ки гуноҳи азим аст ин барои ман, лекин ҳеҷ қуввае дар олам бо қувваи ишқ баробар шуда наметавонистааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё