Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа
-
Кори дуруст мекунӣ, - гуфт қозӣ, - тиҷорат манфиат дорад, ҳар касе аз ӯҳдаи ин кор намебарояд, бигзор писар ҳунари падарро биомӯзад. Писарат ҷавони хушёр, зирак, зуд ҷоятро мегираду ту дар ин синну соле, ки дорӣ, аз машаққати сафарҳои дур халос мешавӣ.
-
Мақсади ман ҳамин, - гуфт бозургон, - ман аз писарам умеди калон дорам. Ту медонӣ, ки мо равем, зану духтарам дар хона танҳо мемонанд. Бовар дорам, ки аз ҳолу рӯзгорашон хабардор шуда меистӣ.
-
Хотирҷамъ бош аз ин ҷиҳат, дӯсти азиз, - гуфт қозӣ, - ман сайъ мекунам, ки онҳоро мушкиле пеш наояд.
Ду-се рӯз аз миён гузашту қозӣ зану духтари дӯсташро хабаргирӣ омад. Дарвозаи ҳавлии бозургонро тақ-тақ зад, зани бозургон дарвозаро кушода, қозиро бо хушнудӣ ба хона таклиф кард. Қозӣ ҳол пурсид, ки чӣ эҳтиёҷе дорад ва ин лаҳза чашмаш ба духтари бозургон афтоду дилаш ларзид. Худоё, ин чӣ ҳусну ҷамоле! Қади алиф, чашмони сиёҳи калон-калони дурахшону абрувони пайвастаи тобон, чеҳраи шир барин покизаю сафед, хуллас ӯ дар умри худ ин хел зебоии дилафрӯзро надида буд, ба як дидан диду ба сад дидан ошиқ шуд.
- Хоҳарам, ин оши нозанин дар танҳоӣ аз гулӯи ман намегузарад. Шумоён барои ман аз они худӣ, агар ҳамроҳ нашаветон, ман ба табақ даст дароз намекунам.
Зани бозургон суханони дӯсти шавҳарашро ду накарда, ба духтараш гуфт:
- Духтарам, Меҳрбону, дастатро бишӯй, амакат аз они худӣ, биё, ҳамроҳашон ош хӯр.
Қозиро ду чашмаш ба рӯи духтар буд, ош аз гулӯяш намегузашт.
Қозӣ хайрухуш карда, ба хонааш рафт. Духтар аз пеши

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё