Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа
Далер, мағлубкунандаи палангу аждаҳо — Сангсабурро шавҳари худ интихоб кард.
Дар рӯи олам аз Сангсабур хушбахттар касе набуд.
Халқ барои Робияи чилгазамӯй ва баҳодури ҳунарманд — Сангсабур тӯи калоne барпо карданд. Ба ин тӯй Боборахим ҳам бо дили озурда иштирок намуд. Акнун дар дили ӯ фақат як умеде боқӣ монда буд, ки Сангсабур аспи чӯбини нав месозаду барои ба назди падараш баргаштан ёрӣ мерасонад.
ДӮСТОНИ ХИЁНАТКОР
ВА ДУХТАРИ ПОКДОМАНИ БОЗУРГОН
Буд-набуд, дар як замоне, дар як маконе як бозургон буду як қозӣ. Онҳо бо ҳам дӯст буданд, як пора нону як пиёла чойро бе ҳам намедиданд. Дӯстии бозургону қозӣ овозаи олам шуда буд.
— Ана, ин дӯстии ҳақиқӣ, дӯстии ҷонӣ ҳамин қадар мешудагист, — мегуфтанд мардум.
Бозургон ҳар замон ба шаҳрҳо ва мамлакатҳои дигар сафар карда, мол мебурду мол оварда, ба дасти фурӯшандагон медод ва аз фоидае, ки аз ин муомила ба даст меовард, рӯзгори осуда дошт.
Ӯ як писар дошту як духтари соҳибҷамол. Як рӯз дӯсташ қозиро ба хонааш даъват карда, баъди он ки дастархони пур аз нозу неъматро гундоштанд, ба ӯ гуфт:
— Дӯсти азиз, чунон ки мебинӣ, писарам калонакак шудааст, ин навбат мехоҳам ӯро бо худ бибарам, то ки оламу одамро бинаду кору бори маро мушоҳида карда, ҳунар омӯзад, ҳунари тиҷорат омӯзад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё