Зеҳн
Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа

АфсонаҲикоя
Аз аввал хондан

рӯи зонуҳояш хам карда, хомӯш менишаст. Занҳо ҳолпурсӣ мекарданд. Вале ӯ на сарашро мебардошту на чизе мегуфт. Он вақт занҳо аз ӯ хоҳиш карданд, ки ба пеши мардум барояд.

  • Эй Робияи нозанин, ба айвон баромада, ба рӯи кӯрпаҳои баланд шин, ба болиштҳо такя кун ва рухсат деҳ, ки ҳар каси майли дидори туро доштагӣ аз пешат гузашта равад.

Робия ба айвон баромада, ба рӯи ҳафт кабат кӯрпача ва болиштҳои парику такя карда нишаст. Кокулҳои чилгаза сар то пои ӯро пӯшида аз айвон поён шуда, ба худи замин мерасиданд.

Аз пеши Робия мардум аз ҳафтсола то ҳафтодсола, бо навбат гузаштан гирифтанд ва ҳама бо муҳаббати зиёд ӯро тамошо намуда, ӯро ҳолпурсӣ мекарданд.

Ба пеши Робия шитобон либосҳои зебою қиматбаҳо пӯшида, шоҳзода Бобораҳим омад. Вай дар назди Робия истода монда, чашми умед ба рӯи ӯ дӯхта истод.

Вале Робия аз ҷояш начунбид ва ба ӯ назар ҳам накард.

Танҳо Сангсабур ба пеши Робияи нозанин шитоб намекард. Вай аввал ба лаби ҳавз рафта, дасту рӯи дар задухӯрди гарму ҷӯшон чанголуд шудаи худро шуст ва аз ҳама охир ба пеши айвон омад.

Робияи чилгазамӯй омада истодани Сангсабурро дида, сарашро бардошт, чеҳрааш чун шафақ тобон шуд, чашмонаш ба пешвози баҳодуркалон кушода шуданд. Вай кокулҳои чилгазаашро ғундошта ба қафояш андохту аз ҷояш хеста, таъзимкунон ба Сангсабур гуфт:

  • Эй паҳлавони накӯкор, туро муборакбод мекунам!

Ҳамин хел мардум донистанд, ки Робияи чилгазамӯй устоди ҳунарманд, созандаи аспи паррандаи чӯбин, одами нек, наҷотдиҳандаи паррандаи ғаркшудаистода, паҳлавони зӯру

пешина
аз 135
навбатӣ