Зеҳн
Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа

ҶомеаҲикоя
Аз аввал хондан

«ДУ СОАТ БАРВАҚТ МЕХЕЗАМ»

Танбалеро пурсиданд:
— Дар як шабонарӯз чанд соат кор мекунӣ?
Гуфт:
— 26 соат.
— Боз пурсиданд:
— Як шабонарӯз 24 соат асту ту чӣ хел 26 соат кор мекунӣ?
— Аз хоб ду соат барвақттар мехезам-дия.

«ЗАНИ ШУМО ДИЛГИР НАШАВАД»

Раиси колхозе ба сардори бригада дӯғ зад:
— Зани ту барои чӣ ба кори саҳро намебарояд?
— Вай ба хонаи шумо рафт, то ки занатон аз танҳоӣ дилгир нашавад,— гуфт сардори бригада.

САБАБИ ҒАМГИНӢ

Ҷавонписаре ба хонааш маъюс омад. Модараш ин ҳолро дида, изҳори таассуф кард:
— Писарам,— гуфт ӯ,— барои чӣ ту ин қадар ғамгинӣ? Чӣ ҳодиса рӯй дод?
— Ба назди духтур рафта будам, «аҳволат бад, дилат васеъ шудааст» гуфт.
— О баҷем, ба ҳамин ҳам ғам хӯрда мегардӣ? Кошкӣ дили танғи очаат ҳам ана ҳамин хел васеъ мешуд!..

КАЛЛАИ ИСКАНДАРИ ЗУЛҚАРНАЙН

Афанdӣ аз бепулӣ ба танг омада буд. Ба қабристони кӯҳнае рафта, гӯрҳои фурӯрафтаро кофтуков кард ва як каллаи калонеро ёфта, ба аҷоибхона бурд.

пешина
аз 144
навбатӣ