Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа
— Оё ин корро барои фиреб додани мушон кардед?
— Не, барои фиреб додани мудири анбор.
ДАР АВТОБУС
Пиразане, ки дар автобус рост истода буд, ба ҷавони тануманди нишастагӣ савол дод:
— Писарам, агар модар ва ё модарарӯси ту дар автобус рост истода бошаду касе ба онҳо барои нишастан ҷой надиҳад, чӣ мегуфтӣ?
— Ҳеҷ чиз намегуфтам, зеро ки ман на модар дорам ва на модарарӯс.
ХОБИ ТАНБАЛ
— Имрӯз аз хоб хеле беҳолу бемадор хестам,— гуфт танбал ба шариконаш.
— Чаро? — пурсиданд аз ӯ.
— Хоб дидаам, ки тамоми шаб дар саҳро каланд задаам.
«ХУБ МАЗА КАРДА БУДАЕМ-ДИЯ»
Ҳофизи машҳур Ҳоҷӣ Абдулазиз дар як базм «Ушшоқи Самарқанд»-ро бо тамоми дилу ҷон хонд. Ҳамин ки ашӯла ба охир расид, шахсе аз ӯ илтимос кард:
— Ҳоҷӣ Бобо, як бор «Ушшоқи Самарқанд»-ро мехондед?
— Ҳозир хондам-ку.
— Ин тавр бошад, хуб маза карда будаем-дия!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё