Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа
РАССОМИ ЭҲТИЁТКОР
Рассоме буд, ки сурати ҳар чизро кашида, ба таги вай номи он чизро ҳатман менавишт. Рӯзе вай сурати мурғро кашида ба таги он «ин мурғ» гӯён навишта монд.
Аз ӯ пурсиданд:
— Барои чӣ ба таги мурғ боз «мурғ» навиштед?
Ҷавоб дод:
— Барои он ки бинанда онро асп ё дигар чиз напиндорад.
«АЗ ХУДАМ ЗИЁДИ НАМЕКАРД»
Магазинчиеро ки дар фасли тобистон либоси ғафси пашмин пӯшида, ба обу арақ ғӯтида менишаст, пурсиданд:
— Либоси тобистона доред?
Вай гуфт:
— Агар мебуд, аз худам зиёдӣ намекард.
«ХУДАМ ҲАМ БА ҲАМИН ҲАЙРОН»
Шахсе серзана бо писарчае мерафт. Аз ӯ пурсиданд:
— Ин бача аз кадом занатон?
— Худам ҳам ба ҳамин ҳайрон! — ҷавоб дод ӯ:
БАРОИ ФИРЕБ ДОДАНИ МУДИРИ АНБОР
Хорпуштак ба як анбори калоне даромада, ба болои халта ва қуттиҳои ғаллау дона ва ширавор «заҳр», «марги муш», «хок», «рег» ва «қалафур» навишт. Ин ҳодисаро дида, одамон пурсиданд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё