Зеҳн
Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа

ҶомеаҲикоя
Аз аввал хондан

ВОҲИМАЧӢ

— Газворро чӣ қадарӣ медиҳед? — пурсид харидоре аз магазинчӣ.
— Ҳар кадаре, ки хоҳед.
— 10 метр медиҳед?
— Медиҳам.
— 50 метр гирифтан мумкин?
— Мумкин.
— 100 метр чӣ?
— Марҳамат.
— Ин тавр бошад, ҳо ана аз ҳамон гулдораш ним метр чен кунед!

• БА ГАРДАН МЕГИРАМ •

Шахсе баробари дохили маҷлис шудан ба сухан баромада гуфт:
— Рафиқон, ман эродҳои танқидиро сад фоиз ба гардан мегирам.
— Маҷлис ҳозиракак кушода шуда, ҳанӯз касе касеро танқид накардааст-ку? — гуфтанд чанде аз ҳозирон.
— Ин танқидро ҳам сад фоиз ба гардан мегирам.

САВОЛИ БАМАВРИД

Бачаи хурдсол аз магазин папирос мехарид. Роҳгузаре гуфт:
— Ҳой бача, папиросро ба куҷо мебарӣ? Туро ба муаллимат хабар мекашам!
— Ман инро ба худи муаллимам мебарам, он касро ба кӣ хабар мекашед?

пешина
аз 144
навбатӣ