Зеҳн
Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа

ҶомеаҲикоя
Аз аввал хондан

КОРИ ОИЛАВИ

Сардори як идора бо котибааш моҷаро карда, ҳар ду ба якдигар суханҳои пасту баланд гуфтанд ва қариб буд, ки даст ба гиребон шаванд.

— Онҳоро халос карда, ба ифоқа оварем,— гуфт яке аз ходимон ба дигараш.

— Монед, ба корҳои оилавӣ онҳо дахл накунед; Ҳамин ки кор тамом шуд, оштӣ мекунанд.

ШУМО НОЗИМ Ё НОСИР?

Ҷавоне ба назди як шоири маъруф омада, даъвои нависандагӣ кард:

— Ман хеле вақт боз машғули корҳои адабиам. Мехоҳам асарҳоямро чоп кунонам.

— Шумо нозим ҳастед ё носир? — пурсид шоир баъди бо диққат шунидани суханҳои ӯ.

Ҷавон китф ҷунбонида ҷавоб дод:

— Нозим ҳам не, Носир ҳам не. Номи ман Каримҷон.

«БО ЧАШМ МЕХӮРАД»

Аз кадом як идора ба колхоз муфаттиш омада, дар вақти гуфтугӯй аз гӯсфанду бузи колхоз чашм намеканд.

Гӯсфанд аз ин ҳаракати ӯ бо ҳарос афтода, аз буз пурсид:

— Ҳой ошно, ин меҳмон моро бо чашми худ мехӯрад-ку?

— Кошки фақат бо чашм мехӯрд! — ҷавоб дод буз.

пешина
аз 144
навбатӣ