Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа
ҶомеаҲикоя
Аз аввал хонданОДАМ ВА ҲАВО
Мудири анборе ғалла дуздида, пуштора карда мерафт. Момоҳаво аз Одам пурсид:
— Ин мардак ин чизҳоро куҷо мебарад?
— Ба хонааш,— гуфт оҳ кашида Одам.— Агар дар хотир дошта бошӣ, барои як дона гандум маро аз ҷаннат ронда буданд, аммо ин тағорашикам як анбор ғалларо пок-покиза лесида бошад ҳам, касе ба ӯ чизе намегӯяд!
ФАРҚ ДАР ЧИСТ?
— Фарқи байни «Чойхона» ва «Чайная» дар чист? — пурсид шахсе аз рафиқаш.
— Дар «Чайная» арақу виноро аз шишаву қадах менӯшанду дар «Чойхона» — бо чойнику пиёла.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё