Зеҳн
Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа

ҶомеаҲикоя
Аз аввал хондан

— Ин каллаи кӣ? — пурсиданд аз ӯ.
— Қаллаи Искандари Зулқарнайн.
Ба Афандӣ инъоми калоне доданд. Вай мазахӯрак шуда, баъди чанд вақт боз ба қабристон рафт ва устухони сари кӯдакро ёфта, ба аҷоибхона овард.
— Инаш каллаи кӣ? — пурсиданд аз ӯ.
— Қаллаи Искандари Зулқарнайн, — ҷавоб дод.
— Қаллаи Искандарро ба наздикӣ оварда будед-ку?
— Ин давраи бачагии Искандар аст, — ҷавоб дод ӯ.

«ОЁ ГОВ ҲАМ БА 72 МЕДАРОЯД?»

Дар ҳузури подшоҳе аз синну соли ҳозирон сухан мерафт. Подшоҳ гуфт:
— Ман имсол ба 72 даромадам.
Мушфиқӣ, ки дар сӯҳбат ҳозир буд, савол кард:
— Шоҳаншоҳо, солатон чист?
— Гов, — ҷавоб дод подшоҳ.
— Дар умрам акнун шунидам, ки гов ҳам ба 72 медаромадааст, — гуфт Мушфиқӣ.

«АЗ ПАШША ФИЛ МЕСОЗАД»

Соҳибдиле ба назди дӯсташ, ки машғули кандакорӣ буд, рафт ва савол кард:
— Чӣ кор мекунӣ?
— Аз дандони фил ҳар хел асбобҳои ғалатӣ месозам.
— Ин қадар дандони филро аз куҷо меёбӣ?
— Аз ҳамсояам мегирам, ки вай аз пашша фил месозад.

пешина
аз 144
навбатӣ