Зеҳн
Саройи чорпоён (Молхона)

Қиссаи ҳаҷвии Ҷорҷ Оруэлл дар тарҷумаи Усмоналӣ Латифӣ. Асар тавассути саргузашти ҳайвоноти як ферма таъсири қудратро ба баробарӣ ва озодӣ нишон медиҳад.

Барномасоз · 18 сентябри 2026 · 11 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Боби VI

Боби VI

Тамоми он сол ҳайвонҳо мисли ғуломон кор карданд. Вале онҳо аз кори худ хурсанду розӣ буданд, шикоят надоштанд ва кина ҳам намегирифтанд, чунки онҳо хуб медонистанд, ки ҳамаи корро барои худ ва насли ояндаи худ мекунанд, на барои як тӯдаи танбалон ва на одамони дузд.

Дар давоми фаслҳои баҳору тобистон онҳо дар як ҳафта шаст соат кор мекарданд ва дар моҳи август Наполеон эълон намуд, ки дар нимаи дуюми рӯзи якшанбе низ кор хоҳанд кард. Ин кор қатъиян ихтиёрӣ буд, аммо ҳар як ҳайвоне, ки аз он даст мекашид, ғизояшро ду баробар кам мекарданд. Бо вуҷуди ин, баъзе корҳо иҷро нашуда монданд. Ҳамин тавр, ҳосили ғундошташуда назар ба соли гузашта андаке кам шуд ва ду майдоне, ки дар он бояд дар аввали фасли тобистон сабзавоти решагӣ кошта мешуд, бинобар сабаби саривақт анҷом наёфтани шудгори замин, кишт ношуда монданд. Пешакӣ маълум буд, ки зимистони дар пешистода сахт хохад омад.

Нерӯгоҳи барқии бодӣ ҳам душвориҳои ғайричашмдоштро пеш овард. Дар ҳудуди Саройи чорпоён кони хуби харсанг мавҷуд буд ва дар яке аз шипангҳои берунӣ қуму сементи фаровон ёфт шуд, ҳамин тариқ тамоми масолеҳи сохтмониро дар даст доштанд. Аммо масъалае, ки ҳайвонҳо дар аввал онро ҳал карда наметавонистанд, ин тарзи харсангро ба андозаи мувофиқ пора кардан буд. Ба назар чунин менамуд, ки ин корро метавон бо мисрон ва зоғнӯл анҷом дод, вале ҳеҷ як ҳайвон ин олотҳоро истифода бурда наметавонист, зеро ягон ҳайвон бо ду пойи қафояш рост намеистод. Танҳо пас аз чанд ҳафтаи кӯшишҳои беҳуда ба фикри ҳайвоне истифодаи қувваи ҷозиба пайдо шуд.

Харсантҳои азиме, ки хеле калон буданд ва дар чунин шакл истифодаи онҳо ғайри имкон буд, дар саросари кон хобида буданд. Ҳайвонҳо гирди онҳоро бо арғамчин баста, сипас ҳамаи гову аспҳо, гӯсфандон ва дигар ҳайвоноте, ки арғамчинро дошта метавонистанд - ҳатто хукҳо дар лаҳзаҳои зарурӣ ба онҳо ҳамроҳ мешуданд - онҳоро аз таги кон ба нишебӣ бароварда, ба поён ҷар менамуданд, ки дар натиҷа онҳо афтида, пора-пора мегаштанд.

29 милаи ғафси оҳании як нӯгаш паҳн ва нӯги дигараш тез барои кандан ва ё зада шикастани чизҳои сахт 30 асбоби нимдоираи оҳанин, ки як тарафаш паҳн ва нӯги дигараш тез мебошад ва он барои кандани замини сахт ва ё заминҳои санглох истифода мешавад Интиқоли харсангҳои шикаста, нисбатан осон буд. Аспҳо харсангҳои шикастаро дар аробаҳо мебурданд, гӯсфандон бошанд, онҳоро яктоякто мекашониданд, ҳатто Бенҷамин дар аробаи куҳнаи дунафараи Муриел мил (ду паллачуби ароба, ки маъмулан аз ду тарафи асп ба гардани он баста мешавад) андохта, ҳиссаи худро бор карда, мебурд. То охири фасли тобистон ба қадри кофӣ харсанги шикасташуда захира карда шуд, сипас сохтмони осёби бодӣ зери назорати бевоситаи хукҳо оғоз ёфт.

Аммо ин раванд?! сусту заҳматталаб буд.

Аксар вақт баровардани як харсанги таги кон ба нишебӣ як рӯзи тӯлониро дар бар мегирифт ва баъзе вақтҳо харсанге, ки аз канори кон ба замин тела дода мешуд, намешикаст.

Бидуни Боксёр, ки қувваташ баробари тамоми қувваи ҳайвоноти боқимонда буд, ягон натиҷа ба даст оварда намешуд. Вақте ки харсанги баровардашаванда ба қафо - ба тарафи таги кон мелағжид ва ҳайвонҳо медиданд, ки онро дигар дошта наметавонанд, бо тамоми овоз ба доду фарёд медаромаданд ва Боксёр чун ҳарвақта, арғамчинро бо тамоми 31 Ҷараён қувваташ мустаҳкам мекашиду ба боло мебаровард. Тамошои кори Боксёр дар нишебиҳои теппа, ки ваҷаб ба ваҷаб, бо заҳмати зиёду нафаскашии тез-тез ва бо резонидани арақ, сумҳои пояш заминро меканданду харсангҳоро кашида мебаровард, ҳамаро ба ваҷд оварда буд. Кловер баъзан ӯро ҳушдор медод, ки аз ҳад зиёд заҳмат накашад, аммо Боксёр ҳеҷ гоҳ ба гуфтаҳои ӯ гӯш намекард. Ду шиори Боксёр: “Ман боз бештар аз ин кор мекунам!” ва “Наполеон ҳамеша ҳақ аст” ба назараш барои ҳамаи саволҳо ҷавоби кофӣ буданд. Вай бо хурӯс маслиҳат карда буд, ки ҳар саҳар ӯро ба ҷойи ним соат - чилу панҷ дақиқа барвақтар аз хоб бонг зада, бедор намояд. Дар ин вақти холӣ, ки он дар он рӯзҳо хеле кам буд, тани танҳо ба сари кон рафта, харсангҳои шикастаро ҷамъ мекард ва бидуни кумак ба назди осёби бодӣ мекашонд.

Ҳайвонҳо дар давоми фасли тобистон сарфи назар аз он ки корашон душвор буд, зиндагии он қадар баде надоштанд. Албатта, ғизои ҳайвонҳо нисбат ба замони Ҷонс зиёдтар набуд, аммо аз он ҳам камӣ надошт. Ҳайвонҳо танҳо худро бо ғизо таъмин мекарданд, на бар заммаш ба панҷ нафар коргари исрофкори Ҷонс - ин бартарият барои ҳайвонот баръало эҳсос мегардид - онҳо бо ин бартарӣ баъзе камбудиҳои худро ислоҳ мекарданд. Аз бисёр ҷиҳат тарзи кори ҳайвонот нисбат ба кори одамон самараноктар буду нерӯи кориро сарфа мекард. Масалан, чунин кор, одамон ба монанди ҳайвонҳо хишова кардани алафҳои бегонаро дар саҳро ҳеҷ гоҳ дақиқан иҷро карда наметавонистанд. Инчунин, ҳайвонҳо дуздӣ намекарданд, бинобар ин сохтани девор ва ё кашидани парчин байни заминҳои корам ва чарогоҳҳо моҳияти худро гум карда, меҳнати зиёдеро барои нигоҳубин, таъмир ва сохтани дарвозаҳо сарфа мекард. Дар баробари ин, фасли тобистон камбудию норасоиҳои гуногуни ғайричашмдошти худро низ дошт.

Зарурати дастрас кардани равғани парафин, мех, арғамчин, бисквит барои сагҳо ва наъл барои суми пойҳои аспҳо пеш омада буд, ки ягонтои он дар Саройи чорпоён истеҳсол намешуд. Баъдтар ба ғайр аз афзорҳои гуногун ва ниҳоят мошинаҳои Нерӯгоҳи барқии бодӣ, боз дарёфт намудани тухмӣ ва нурии минералӣ барои заминҳои корам лозим омад. Тарзи дастрас ва хариди ҳамаи инро ҳеҷ ҳайвоне тасаввур карда наметавонист.

Як субҳи рӯзи якшанбе, вақте ки ҳайвонҳо барои гирифтани супоришҳо ҷамъ омада буданд, Наполеон эълон кард, ки вай дар бораи амалӣ намудани сиёсати наве тасмим гирифтааст. Минбаъд Саройи чорпоён бо фермаҳои ҳамсоя хариду фурӯшро ба роҳ хоҳад монд: албатта, на ба ягон максади тиҷоратӣ, балки фақат барои гирифтани баъзе маводи таъҷилан зарурӣ. “Таъмини эҳтиёҷоти Нерӯгоҳи барқии бодӣ аз ҳама чизи дигар бояд афзалтар бошад,” - гуфт ӯ. Аз ин рӯ, ӯ тасмим гирифт, ки як чанд ғарами гандумпоя ва як қисми ҳосили ҷави ҷамъоварикардашударо фурӯшад ва баъдан агар пули бештар лозим шавад, онро аз ҳисоби фурӯши тухми мурғ, ки ҳамеша дар бозори Виллингдон талабот дорад, ба даст оранд. “Мурғон,” - гуфт Наполеон, бо хушҳолӣ - “тавассути ин кор бояд саҳми махсуси худро барои сохтмони Нерӯгоҳи барқии бодӣ гузоранд”.

Бори дигар ҳайвонҳоро нороҳатии номаълуме фаро гирифт. Бо одамон ҳеҷ гоҳ муомила накардан, ба тиҷорат ҳеҷ вақт машғул нашудан, ҳеҷ гоҳ пулро истифода набурдан - 32 тӯдаи ба як ҷо ҷамъовардаи растаниҳо ва чизҳои дигар:

ғарами беда, ғарами гандум, ғарами ҳезум магар инҳо аввалин қарорҳое набуданд, ки дар якумин маҷлиси рӯзи пирӯзӣ, баъд аз ронда шудани Ҷонс қабул карда шуда буданд? Ҳамаи ҳайвонҳо қабули чунин қарорҳоро ба хотир оварданд: ва ё ҳадди ақал онҳо фикр мекарданд, ки қабули ин қарорҳоро дар ёд доранд ё не. Чор хуки ҷавон, ки замоне барои барҳам надодани маҷлисҳои рӯзи якшанбе ба Наполеон эътироз карда буданд, ҳоло хостанд боз овоз баланд кунанд, аммо дарҳол онҳоро ғурриши даҳшатноки сагҳо хомӯш кард. Баъд, чун одат гӯсфандон бо шиори “Чор пой хуб, ду пой бад!” вазъро муътадил сохтанд. Ниҳоят, Наполеон пояшро баланд бардошта, ҳамаро ба хомӯшӣ даъват намуда, эълон кард, ки аллакай ба қароре омадааст. “Ҳеҷ мақбул нест, ки ҳайвон бо одам ягон ҳамкорӣ ва ё алоқае дошта бошад, чунки одамон ба ҷуз таҳқир дигар чизеро сазовор нестанд,” - гуфт ӯ ва бо гуфтани чунин суханон Наполеон мехост, ки тамоми масъулияти корро ба дӯши худ гирад.

Ҷаноби Ваймпер - адвокате аз Виллингдон - розӣ шуда буд, ки ба ҳайси миёнарав байни Саройи чорпоён ва олами беруна фаъолият намояд ва ҳар субҳи рӯзи душанбе барои гирифтани дастурҳо ба Саройи чорпоён ташриф биёрад. Наполеон суханронии худро бо нидоҳои маъмулии худ: “Зинда бод Саройи чорпоён!” анҷом дода, пас аз сурудани “Ҳайвоноти Англия” ҳама пароканда шуданд.

Пас аз он, Вингосӣ Саройи чорпоёнро давр зада, ҳайвонотро ором кард. Вай онҳоро бовар кунонд, ки қарор дар бораи хариду фурӯш ва истифодаи пул ҳеҷ гоҳ қабул нашудааст ва ҳатто онро ягон ҳайвон пешниҳод ҳам накардааст. Эҳтимолан, ин хаёлоти пуч аз дурӯғҳои паҳнкардаи Барфаки кулӯла ибтидо мегиранд. Якчанд ҳайвон ҳанӯз ҳам шубҳа доштанд, аммо Вингосӣ аз онҳо рӯи рост пурсид: “Оё шумо боварӣ доред, ки ин чизро шумо дар хоб надидаед, рафиқон? Оё дар ягон ҷо шумо қайди онҳоро дидаед? Онҳо дар ягон ҷо навишта шудаанд?” Азбаски ин қарорҳо дар ягон ҷо навишта ва қайд карда нашуда буданд, ҳайвонот аз гуфтаҳои ӯ қаноатманд шуда, фикр карданд, ки худи онҳо хато кардаанд.

Ҳар рӯзи душанбе ҷаноби Ваймпер, тибқи тартиби муқарраршуда ба Саройи чорпоён ташриф меовард. Вай як марди хурдакаки маккор - бо риши барҳои рӯйи худ (бакенбард) - адвокати бетаҷриба, аммо ба қадри кофӣ доно буд ва пеш аз ҳама фаҳмид, ки дер ё зуд ба Саройи чорпоён даллол лозим мешавад ва аз ин фоидаи хубе ба даст метавонад оварад. Ҳайвонҳо омадану рафтани ӯро бо тарсу ҳарос нигариста, то ҳадди имкон аз ӯ дурӣ меҷустанд. Бо вуҷуди ин, намуди Наполеон, ки рӯи чор пой истода, ба Ваймпери ду пой фармон медод, ғуруру ифтихори ҳайвонотро бармеангехт ва ба ин васила онҳо тартиботи навро қисман пазируфтанд. Акнун муносибати онҳо бо насли Одам мисли пештара бад набуд. Акнун насли Одам аз Саройи чорпоён, ки дар ҳолати рушд қарор дошт, аз пештара дида, бештар нафрат мекард.

Ҳар як Одам бар ин назар буд, ки Саройи чорпоён дер ё зуд муфлис мешавад ва пеш аз ҳама сохтмони Нерӯгоҳи барқии бодӣ ба нокомӣ дучор меояд. Онҳо дар қаҳвахонаҳо ҷамъ шуда, ба ҳамдигар бо ҳар гуна нақша ва диаграммаҳо исбот мекарданд, ки Нерӯгоҳи барқии бодӣ ҳатман фурӯ хоҳад рафт ва ё агар сохта шавад ҳам, ҳеҷ гоҳ кор нахоҳад кард. Бо вуҷуди ин, бар хилофи иродаву хоҳиши худ, онҳо ба ҳайвонҳо нисбат ба кӯшишҳои онҳо ва самаранок идора намудани корҳояшон арҷ 33 миёнарав мегузоштанд. Яке аз аломатҳои тағйир ёфтани муносибати одамон бо ҳайвонҳо дар он буд, ки фермаро дигар Саройи чорпоён меномиданд ва вонамуд намекарданд, ки он Саройи чорпоён - Манор ном дорад. Онҳо Ҷонсро, ки умеди баргардонидани Саройи чорпоёнро надошт ва аз он ҷо ба дигар минтақа рафта буд, дигар дастгирӣ намекарданд. Ба ғайр аз Ваймпер байни Саройи чорпоён ва олами беруна дигар ягон алоқае вуҷуд надошт, аммо овозаҳое паҳн мешуданд, ки Наполеон ният дорад ё бо ҷаноби Пилкингтон аз Фоксвуд ва ё бо ҷаноби Фредерик аз Пинчфилд як қарордоди муайяни тиҷоратӣ бандад - аммо ба ҳар сурат ҳардуяшонро якҷоя ва дар як замон касе надида буд.

Ин корҳо тақрибан дар ҳамон замоне рух дода буданд, ки хукҳо ногаҳон ба хонаи истиқоматии Саройи чорпоён (хонаи Ҷонс) даромада, дар он ҷо маскан гирифта буданд.

Боз ҳайвонҳо гӯё ба хотир оварданд, ки дар рӯзҳои аввали пирӯзӣ дар бораи дар хонаи истиқоматӣ зиндагӣ накардани хукҳо қарор кабул карда шуда буд ва Вингосӣ боз онҳоро бовар кунонд, ки ин тавр набуд. “Мутлақан зарур аст,” - гуфт ӯ -- “хукҳо, ки мағзи ферма ҳастанд, бояд ҷойи ороме дошта бошанд”.

“Инчунин барои шаъну шарафи Доҳӣ (Вингосӣ дар вақтҳои охир Наполеонро ҳамин тавр меномид) намеарзад, ки дар оғили хукҳо зиндагӣ кунад”.

Бо вуҷуди ин, баъзе ҳайвонҳо шуниданд, ки хукҳо на танҳо хӯроки худро дар ошхона мехӯранд ва дар меҳмонхона истироҳат мекунанд, балки дар бистар низ мехобанд.

Боксёр инро чун ҳарвақта бо шиори “Наполеон ҳамеша ҳақ аст!” ифода намуд, аммо Кловер Ҳафт принсипро, ки яке аз он зидди хоб рафтани хукҳо дар болои рахти хоб буд, дар хотир дошт ва ӯ ба охири анбор рафта, кӯшиш кард, ки Ҳафт принсипи дар он ҷо навишташударо хонад. Вай ҳис кард, ки ҷуз ҳарфҳои алоҳида дигар чизеро хонда наметавонад, он гоҳ Муриелро даъват кард.

“Муриел,” (бузи сафед) - гуфт вай, “Принсипи чорумро ба ман хонда деҳ. Оё дар бораи хобидан дар рӯи тахти хоб чизе гуфта шудааст?” Бо каме душворӣ Муриел онро ҳиҷо ба ҳиҷо ХОНД.

34 роҳбар Дар ин ҷо мегӯяд, “Ҳеҷ ҳайвон набояд дар бистари ҷилдпӯш хоб кунад,” - гуфт ӯ дар ниҳоят.

Аҷибаш ин буд, ки Кловер дар Принсипи чорум калимаеро ба мисли ҷилдпӯш дар ёд надошт, аммо вақте дар девор чунин навишта шуда буд ба он бовар кард. Вингосӣ, иттифоқан дар ҳамин лаҳза бо ҳамроҳии ду ё се саг аз роҳ мегузашт ва ӯ тавонист масъалаи мазкурро дар шакли ба худ муфид дуруст шарҳ диҳад.

“Шумо албатта шунидед, рафиқон,” -- гуфт ӯ, -- ^“мо хукҳо акнун дар рӯи рахти хоби хонаи истиқоматии Саройи чорпоён мехобем?

Чаро нахобем? Шумо, албатта, гумон намекунед, ки дар бораи рахти хоб ҳукме вуҷуд дошта бошад? Рахти хоб танҳо маънои ҷойи хобро дорад. Хошок низ дар оғилхона ҷойи хоб аст, агар ин дуруст ба назар гирифта шавад. Ин қоида (принсип) танҳо бар зидди истифодаи чҷилдпӯш мебошад, ки онро дар ҳақиқат ҳам одамон ихтироъ кардаанд. Мо ҳамаи ҷилдпӯшҳоро аз бистарҳои хонаи истиқоматии Саройи чорпоён дур андохта, дар 3 Ҷилдпӯш - матоъи дарозу васеъ, ки барои рӯпӯш кардани бистари хоб ва курпаву курпача дар рахти хоб истифода мешавад байни кӯрпаҳо мехобем. Дар рахти хоб бидуни ҷилдпӯш хобидан низ бароҳат мебошад! Барои анҷом додани корҳои зеҳнии имрӯза, рафиқон, аз ин бештар шароит ба мо лозим нест. Шумо моро аз ин маҳрум намесозед, рафиқон? Оё шумо мехоҳед, ки мо аз ҳад зиёд хаста шавему вазифаҳоямонро иҷро карда натавонем?

Боварӣ дорам, ки ҳеҷ яке аз шумо намехоҳад, ки Ҷонс баргардад?” Ҳайвонот ӯро дар ин бора ором карданд ва дигар роҷеъ ба масъалаи хобидани хукҳо дар болои рахтҳои хоби хонаҳои истиқоматии Саройи чорпоён чизе нагуфтанд. Баъд аз чанд рӯзи дигар эълон карданд, ки аз ин ба баъд хукҳо ҳар саҳар назар ба дигар хайвонот як соат дертар аз хоб мехезанд, дар ин бора ҳам ягон ҷонвар шикояте накард.

Дар фасли тирамоҳ ҳайвонҳо хаста ва ҳамзамон хеле хурсанд буданд. Онҳо як соли душворро паси сар карданд ва баъд аз фурӯхтани як қисми гандумпоя ва ҷав захираи ғизои зимистона ҳам кам шуда буд, аммо Нерӯгоҳи барқии бодӣ ҳама мушкилотро ҷуброн бояд мекард. Ҳоло қариб нисфи он сохта шуда буд. Пас аз ҷамъоварии ҳосил ҳавои хушки софу беғубор ҳукмфармо шуд ва ҳайвонҳо аз ҳарвақта дида, бештар заҳмат кашида, фикр мекарданд, ки корашон омад кардааст ва тамоми рӯз харсангҳои вазнинро кашонида, мехостанд, деворҳоро ба андозаи як футиЗё дигар баланд бардоранд. Боксёр ҳатто шабҳо як-ду соат мустақилона дар партави

моҳтоб кор мекард. Ҳайвонот дар вақтҳои холии худ осиёби бодии нимтайёрро давр зада, аз мустаҳкамӣ ва ростии деворҳои он дар ҳайрат мемонданд ва аз он фахр мекарданд, ки онҳо ҳам чунин чизи мутаассирро сохтан тавонистанд. Бенҷамин - хари калонсол - нисбат ба сохтмони Нерӯгоҳи барқии бодӣ ягон шавқу рағбат надошт ва ҳамеша чун аз рӯи одат ба ҷуз гирифтани эродҳои пурасрор дар бораи он ки харҳо умри дароз доранд, дигар чизе намегуфт.

Моҳи ноябр бо шамолҳои сахти ҷанубу ғарбӣ фаро расид. Бинобар сабаби он ки намнокӣ зиёд шуда буд ва он шӯридани бетонро мушкил месохт, сохтмони Нерӯгоҳи барқии бодӣ қатъ карда шуд. Шабе чунон тӯфони сахт ба амал омад, ки биноҳои Саройи чорпоёнро аз таҳкурсияш ларзонида, чанд 3ёЁ воҳиди ченаки дарозӣ: 1 фут - 0.31 см 3? равшанӣ сафоли бомпӯшизЗё анборро аз ҷояш паронида бурд. Мурғҳо гӯё ҳамаашон якбора дар хоб диданд, ки аз дур садои тир меояд ва аз тарс қуд-қудкунон аз ҷой хестанд. Субҳи барвақт ҳайвонот аз оғилхонаҳо баромада, диданд, ки пояи парчам шикаста афтидааст ва дарахти норун бошад, дар боғ мисли шалғамча решакан шудааст. Баъди ба ҳамаи ин таваҷҷуҳ кардан ногаҳон чашмони онҳо ба манзараи даҳшатборе афтод ва ҳамаи онҳо якбора нидои ноумедӣ карданд. Нерӯгоҳи барқии бодӣ хароб шуда буд.

Якбора ҳамаи онҳо ба ҷойи ҳодиса давиданд. Наполеон, ки аз ҳама кам ба сайру гашт мебаромад, ҳоло пеш аз ҳама ба он тараф медавид. Оре, Нерӯгоҳи барқии бодӣ, ки самараи тамоми кору муборизаи онҳо ба ҳисоб мерафт, акнун то таҳкурсияш афтида, ба замин яксон шуда буд, харсангҳое, ки онҳо бо заҳмати зиёд шикаставу оварда буданд, акнун дар гирду атроф парешон мехобиданд. Онҳо дар аввал лол шуда, сухан гуфта натавонистанд ва ба тӯдаи харсангҳои парешон бо алам менигаристанд. Наполеон гоҳ-гоҳ заминро бӯй кашида, ба ин тарафу он тараф хомӯшона қадам мезад. Думи сахти вай аз як паҳлӯ ба паҳлӯи дигар дакка мехӯрд ва ин амал нишонаи пуршиддати ҳолати фикрронии ӯро нишон медод. Ногаҳон ӯ боз истод - гӯё, ки тасмимашро гирифта бошад.

“Рафиқон,” - гуфт ӯ оромона, - “медонед ба ин кор кӣ ҷавобгар аст? Оё шумо номи душманеро медонед, ки шаб омада, Нерӯгоҳи барқии бодии моро чаппа кардааст? Барфаки кулӯла!” - ӯ ногаҳон бо овози раъдмонанд ғуррос зада, гуфт: “Ин корро Барфаки кулӯла кард! Ин хиёнаткор қасд дошт, ки нақшаҳои моро вайрон кунад, ва аз мо қасоси ронда шуданашро бигирад, ин хоин зери пардаи шаб ба ин ҷо даромада, кори яксолаи моро тақрибан барбод дод. Рафиқон, ман, дар ҳамин лаҳза ва дар ҳамин ҷо ба Барфаки кулӯла ҳукми қатл эълон мекунам. Ба ҳар ҳайвоне, ки ӯро дастгир мекунад, “Қаҳрамони ҳайвонот дараҷаи дуюм” ва ним шоха себ дода мешавад.

Ҳар ҳайвоне, ки ӯро зинда дастгир мекунад, як шохаи пур аз себ тақдим карда мешавад!” “задан, дак хӯрдан Аз гунаҳкор будан ва чунин амали мудҳиш кардани Барфаки кулӯла ҳамаи ҳайвонҳо беҳад дар ҳайрат монда буданд.

Садои хашму ғазаб баланд шуд ва ҳама дар бораи роҳҳои дастгир кардани Барфаки кулӯла фикр мекарданд - албатта, дар сурате, ки ӯ агар бори дигар ба он ҷо меомад. Дарҳол иззи (пайи) пойи хуке дар рӯи алафе дар наздикии теппача пайдо шуд. Онҳоро танҳо дар тӯли чанд қадам дидан мумкин буд ва зоҳиран ин иззи пой ба сӯрохии деворе оварда расонд.

Наполеон ин иззи пойро бодиққат бӯй кашида, эълон кард, ки он ба Барфаки кулӯла тааллуқ дорад. Бо ақидаи Наполеон эҳтимол Барфаки кулӯла аз самти фермаи Фоксвуд омада бошад.

“Дигар ягон лаҳза таъхир накунед, рафиқон!” - хитоб кард Наполеон баъд аз тафтиш кардани иззи пой - “моро кор мунтазир «аст. Худи ҳамин субҳ ба барқарорсозии Нерӯгоҳи барқии бодӣ шурӯъ мекунем ва тамоми фасли зимистон, хоҳ борон бошад, хоҳ офтоб мо онро месозем. Мо ба ин хоини шарманда нишон медиҳем, ки вай ба осонӣ моро шикаста наметавонад. Дар хотир нигоҳ доред, рафиқон, ба нақшаҳои мо ягон тағйирот ворид карда намешавад: онҳо сари вақт иҷро карда мешаванд. Ба пеш, рафиқон!

Зинда бод Нерӯгоҳи барқии бодӣ! Зинда бод Саройи чорпоён!”

пешина
аз 11
навбатӣ