Саройи чорпоён (Молхона)

Қиссаи ҳаҷвии Ҷорҷ Оруэлл дар тарҷумаи Усмоналӣ Латифӣ. Асар тавассути саргузашти ҳайвоноти як ферма таъсири қудратро ба баробарӣ ва озодӣ нишон медиҳад.
Барномасоз · 18 сентябри 2026 · 11 саҳифа
Боби V
Боби V
Бо фарорасии фасли зимистон, Моллӣ бештар бетоқатӣ мекард. Моллӣ ҳар саҳар ба кор дер меомад ва баҳона мекард, ки дар хоб мондааст, гарчанде иштиҳояш хуб буд, ҳамеша шикоят мекард, ки мариз аст. Ӯ бо ҳар баҳона аз кор гурехта, ба назди ҳавзи оби нӯшокӣ мерафт ва дар он ҷо чун аблаҳон ба акси худ дар об нигоҳ мекард. Дар бораи чизҳои аз ин ҳам ҷиддитар овозаҳо низ пайдо мешуданд. Як рӯз, вақте ки Моллӣ хушҳолона ба ҳавлии Саройи чорпоён даромада, бо думи дарозаш бозӣ карда, пояи хасбедаеро мехоид, ӯро Кловер даъват карда, ба як тараф бурд.
“Моллӣ,” - гуфт вай, - “ман дар бораи як чизи хеле ҷиддӣ гуфтание дорам. Субҳи имрӯз ман дидам, ки аз болои деворе, ки Саройи чорпоёнро аз фермаи Фоксвуд ҷудо мекунад, ба он тараф менигаристед. Аз он тараф яке аз одамони ҷаноби Пилкингтон истода буд. Ман дуртар аз он ҷо қарор доштам, аммо боварии комил дорам, ки ӯ бо ту суҳбат карда, ёлатро силла мекард. Ин чӣ маъно дорад, Моллӣ?” “Не, ин тавр нест! Ин ман набудам! Ин дурӯғ аст!” - фарёд зад Моллӣ ва ба давидан шурӯъ карда, ба замин лагад мезад.
“Моллӣ! Ба ман нигоҳ кун. Оё ту ба ман рост мегӯи, ки он мард ёли туро силла накардааст?” “Ин дурӯғ аст!” - такрор кард Моллӣ - вай ба чеҳраи Кловер нигоҳ карда натавониста, лаҳзаи дигар ба саҳро давида рафт.
Кловер дар фикр ғутта зад. Вай ба дигарон чизе нагуфта, ба оғили Моллӣ рафт ва бо суми пояш дар охур коҳро тоб дод. Ӯ дар зери коҳ пораи сарқанд ва як чанд лентаи рангоранги пинҳонкардашударо пайдо кард.
Пас аз се рӯз Моллӣ ғайб зад. Дар тӯли чанд ҳафта дар бораи ҷойи будубошаш чизе маълум набуд, баъдан кабутарҳо хабар доданд, ки ӯро дар он тарафи Виллингдон диданд. Вай дар байни ду милаи (ду паллачӯби ароба, ки маъмулан аз ду тарафи асп ба гардани он баста мешавад) аробаи аспии дучархаи сурху сиёҳ дар назди бинои ҷамъиятие истода будааст.
Марди фарбеҳи гандумгуне, ки дар тан шалвору дар пой ҷӯроби баланди пашмӣ доштаву ба маъмури андоз монанд будааст, ёли ӯро сила карда, ба ӯ қанд медодааст.
Моллиро ҷилди нав пӯшонида, ба пешониаш лентаи арғувонӣ баста будаанд. Тавре ки кабӯтарҳо иттилоъ доданд, Моллӣ хушбахту хушнуд менамудааст. Ӯро дигар ҳеҷ ҳайвон ёдоварӣ намекард.
Моҳи январ хеле сард омад. Замин ях карда, мисли оҳан сахт гардид, аз ин рӯ, дар саҳро кор кардан имконнопазир шуд. Дар анбори калон маҷлисҳои зиёде барпо мегардид, хукҳо бошанд, машғули тартиб додани нақшаи кори мавсими оянда буданд.
Онҳо нисбат ба дигар ҳайвонот худро донотару оқилтар меҳисобиданд ва тамоми масъалаҳои сиёсати Саройи чорпоёнро ҳал мекарданд, дар ҳоле ки ҳамаи қарорҳо тавассути овоздиҳии умумӣ қабул карда мешуданд. Ин тартиб ба қадри кофӣ риоя карда мешуд, агар байни Барфаки кулӯла ва Наполеон баҳсҳо сар намезад. Ҳар нуктае, ки агар боиси ихтилофи назар мешуд, мавриди баҳси шадиди онҳо қарор мегирифт. Агар яке аз онҳо пешниҳод мекард, ки дар қитъаи калонтари саҳро ҷав кошта шавад, он гоҳ дигаре мегуфт, ба ҷойи он гандум коранд ва агар яке аз онҳо мегуфт, ки фалон майдон барои коридани карам хуб аст, бешубҳа дигаре мегуфт, ки ин бефоида аст ва эълон мекард, ки ба ҷойи он сабзавоти бехӣ корида шавад. Ҳар яке аз онҳо пайравони худро доштанд, аз ин рӯ, байни онҳо баҳсҳои шадиде ба вуҷуд меомад. Агар Барфаки кулӯла дар маҷлисҳо аксари вақт бо суханрониҳои олиҷанобаш муваффақиятро ба даст меовард, он гоҳ Наполеон дар ҳошияи ҷаласаҳо беҳтар амал карда, дастгирӣ пайдо мекард. Наполеон махсусан дар байни гӯсфандон обрӯи калон дошт. Баъзан дар вақтҳои охир гӯсфандон бамавриду бемаврид “Чор пой хуб, ду пой бад” шиор партофта, тез-тез рафти кори маҷлисро халалдор месохтанд. Баъдан, маълум шуд, ки гӯсфандон махсусан дар лаҳзаҳои муҳими суханрониҳои Барфаки кулӯла “Чор пой хуб, ду пой бад” - гуён дод мезаданд. Барфаки кулӯла баъзе маводи шумораҳои куҳнаи маҷаллаи “Хоҷагидор ва Чорводор”-ро, ки дар Саройи чорпоён ёфта буд, бодиққат омӯхта, аз рӯи он нақшаҳои навоварона ва такмилдодашударо таҳия намуд. Вай ҳамчун донандаи кор дар бораи заҳбурҳои саҳроӣ, силосхобонӣ ва нуриҳои органикӣ суҳбат карда, тарҳи лоиҳаи мураккаберо дар бораи порӯи тамоми ҳайвонҳо, ки онҳо ҳар рӯз онро бевосита дар саҳро бояд мерехтанд, кор карда баромад, то ки кори бо ароба кашонидани он камтар гардад. Наполеон ягон нақшаи мушаххаси худро надошт, аммо оромона мегуфт: кори Барфаки кулӯла барбод хоҳад рафт, ба назар чунин менамуд, ки ӯ вақти барканоршавияшро мунтазир аст. Аммо ягон баҳсу зиддияти онҳо ба мисли баҳс дар бораи сохтмони Нерӯгоҳи барқии бодӣ сахт шиддат нагирифт.
Дар дарозии чарогоҳ - воқеъ дар наздикии биноҳои Саройи чорпоён - як теппачаи хурде мавҷуд буд, ки он ҷо баландтарин нуқтаи Саройи чорпоён маҳсуб меёфт. Баъд аз назаргузаронии замин, Барфаки кулӯла изҳор дошт, ки ин ҷой барои сохтани Нерӯгоҳи барқии бодӣ, ки он метавонад барқ барои Саройи чорпоёнро истеҳсол намояд, мувофиқ аст. Барқи истеҳсолшаванда метавонад, оғилхонаҳоро равшан карда, дар фасли зимистон гармӣ диҳад, инчунин арраи даврашакл, дастгоҳи коҳмайдакунӣ, асбоби резакунии лаблабӯ ва мошинаи электрикии ширҷӯширо ба кор дарорад. Ҳайвонҳо қаблан ҳеҷ гоҳ дар бораи мавҷудияти чунин чизҳо хабаре надоштанд (аз рӯи беэътиноӣ дар Саройи чорпоён аз техникаи куҳнаи бобоӣ истифода менамуданд) ва ҳамаи онҳо бо ҳайрат суханони Барфаки кулӯларо гӯш карда, расмҳои мошинҳои афсонавиеро, ки гӯё он ба ҷойи ҳайвонҳо кор мекардаасту онҳо бошанд, дар саҳро бемалол чарида, ба мутолиа ва суҳбат машғул мешуданд, тасаввур менамуданд.
Дар давоми чанд ҳафта тарҳи лоиҳаи Барфаки кулӯла оид ба Нерӯгоҳи барқии бодӣ пурра омода гардид. Ҷузъиёти механикӣ асосан аз се китоб: Ҳазор чизҳои муфид барои хона, Ҳар кас барои худаш хиштчин аст ва Барқ барои шурӯъкунандагон, ки ба ҷаноби Ҷонс тааллуқ доштанд, гирифта шуда буд. Барфаки кулӯла фикрҳои худро дар утоқе, ки замоне барои инкубаторҳо истифода мешуд ва фарши ҳамвори чӯбияш барои кашидани нақша мувофиқ буд, лоиҳаҳо мекашид. Ӯ дар он ҷо соатҳо пушти дари пӯшида кор мекард. Рӯи саҳифаҳои лозимии китоб санг монда, гоҳ-гоҳ ба онҳо назар меафканд ва пораи бӯрро миёни ду ангушти паллаи худ гузошта, зуд ба ин тарафу он тараф ҳаракат мекард ва паси як хат хати дигарро кашида, паст-паст аз хурсандӣ хур-хур мекард. Оҳиста-оҳиста нақшаҳояш шакли мураккаби мили ланг ва чархҳои дандонадорро гирифта, онҳо қариб дар тамоми масоҳати фарш кашида шуданд ва барои ҳайвоноти дигар комилан нофаҳмо, вале хеле таъсирбахш буданд. Ҳамаи ҳайвонҳо ҳадди ақал дар як рӯз як маротиба ба тамошои нақшаҳои эҷодкардаи Барфаки кулӯла меомаданд. Ҳатто мурғҳо ва ғозҳо бо эҳтиёт, ки мабодо пайи бӯрро поймол накунанд, оҳиста-оҳиста қадам мемонданд. Фақат Наполеон пайдо намешуд. Ӯ аз аввал зидди сохтмони Нерӯгоҳи барқии бодӣ буд. Аммо ӯ рӯзе ногаҳон омад, то нақшаи лоиҳаро тафтиш кунад. Вай бо вазнинӣ гирди утоқ давр зада, ҳар як ҷузъиёти нақшаро бодиккат аз назар гузаронид ва як-ду бор ба рӯи нақша хур-хур кард, баъд аз ин каме дур истода, ногаҳон пояшро бардошт ва болои нақшаҳои кашида 22 тири зонудор дар муҳаррики бензинию дизелӣ, ки онро поршен ва шатун ба гардиш медарорад, вал 26 чархи оҳании дандонадори даврашакли даврзанандаи механизмҳои мошин (мошин-олот), ки дандонаҳои бурида дорад ва ин дандонаҳои чархҳо ба якдигар даромада, суръати гардиши дигар механизмро паст ва ё баланд мекунанд, шестерня шуда, пешоб кард ва чизе нагуфта, ба берун баромада рафт.
Ақидаи тамоми ҳайвоноти Саройи чорпоён дар мавзуи Нерӯгоҳи барқии бодӣ ду тақсим шуда буд. Барфаки кулӯла инкор накарда мегуфт, ки дар асл сохтмони он кори душворе хоҳад буд. Барои сохтани девор сангро аз кон канда овардан лозим меояд, баъд парвонаи (теғаи)? бодгардонро сохтан лозим мебояд ва пас аз он генераторро насб карда, кабел харидорӣ мебояд кард. (Чӣ гуна инҳо бояд харидорӣ карда мешуданд, Барфаки кулӯла нагуфт.) Аммо ӯ изҳор дошт, ки ҳамаашро дар муддати як сол сохтан мумкин аст. “Пас аз он,” - гуфт, Барфаки кулӯла - “Нерӯгоҳи барқии бодӣ он қадар меҳнати ҳайвонҳоро сарфа хоҳад кард, ки онҳо дар тӯли як ҳафта танҳо се рӯз кор мекунанду халос”. Аз дигар тараф - Наполеон бошад - далел меовард, ки эҳтиёҷоти бузурги замони ҳозира ин зиёд кардани истеҳсоли маводи озуқаворӣ мебошад, агар онҳо дар сохтмони Нерӯгоҳи барқии бодӣ вақтро беҳуда сарф кунанд, ҳама аз гуруснагӣ мемиранд. Ҳайвонот ба ду гурӯҳ 27 чор теғае, ки бо қувваи вазидани шамол меҳвари чархи даврзанандаи осиёби бодиро ба кор медароранд зери шиорҳои “Ба Барфаки кулӯла барои ҳафтаи серӯзаи корӣ овоз диҳед” ва “Ба Наполеон барои охури пур аз ғизо овоз диҳед?” тақсим шуданд. Бенҷамин ягона ҳайвоне буд, ки ба ягон гурӯҳ шомил нашуд. Вай боварӣ надошт, ки ғизо фаровон мешавад ва ё Нерӯгоҳи барқии бодӣ меҳнати ҳайвонотро сарфа мекунад. “Нерӯгоҳи барқии бодӣ бошад ва ё набошад,” - гуфт ӯ - “зиндагӣ чуноне ки буд, ба ҳамон минвол бад идома хоҳад ёфт”.
Ба ғайр аз баҳсу мунозира оид ба Нерӯгоҳи барқии бодӣ, масъалаи муҳофизати Саройи чорпоён низ ба миён омад. Гарчанде ки одамон дар Муҳорибаи назди Оғили говҳо мағлуб шуда буданд, онҳо метавонистанд барои забт кардани Саройи чорпоён ва барқарор кардани ҳокимияти ҷаноби Ҷонс дубора кӯшиш кунанд. Ин кор барои одамон бештар лозим буд, зеро хабари мағлубияти онҳо дар тамоми минтақа паҳн шуда буд ва ҳайвонҳои фермаҳои ҳамсоя аз ҳарвакта дида, зиёдтар ноором гардида буданд. Чун ҳарвақта, Барфаки кулӯла ва Наполеон бо ҳамдигар ихтилоф доштанд. Ба гуфтаи Наполеон, ҳайвонҳо бояд коре кунанд, ки яроқи оташфишон бештар харидорӣ кунанд ва тарзи истифодаи онро омӯзанд. Ба гуфтаи Барфаки кулӯла, онҳо бояд бештар ва бештар кабӯтарҳоро барои барангехтани шӯриш дар байни ҳайвоноти дигар фермаҳо фиристанд.
Яке мегуфт, ки агар аз Саройи чорпоёнро дифоъ карда натавонанд, ҳатман Саройи чорпоён аз ҷониби одамон забт карда мешавад, дигаре мегуфт, ки агар дар ҳама ҷо шӯриш барпо кунанд, эҳтиёҷ ба дифоъ худ аз худ аз байн меравад. Ҳайвонҳо сараввал ба Наполеон, баъдан ба Барфаки кулӯла гӯш доданд ва ба як хулосаи дурусти умумӣ омада натавонистанд, онҳо ба касе, ки дар айни замон сухан мегуфт, ҳамфикр буданд.
Ниҳоят рӯзе фаро расид, ки Барфаки кулӯла кори нақшакаширо тамоман ба анҷом расонид. Дар маҷлиси рӯзи якшанбеи оянда масъалаи сохтмони Нерӯгоҳи барқии бодӣ бояд ба овоз монда мешуд. Вақте ки ҳайвонот дар анбори калон ҷамъ шуданд, Барфаки кулӯла аз ҷой бархоста - ҳарчанд ки гоҳ-гоҳ гӯсфандон зимни суханронӣ шиор мепартофтанд - ӯ нуқтаи назари худро оид ба тарафдории сохтани Нерӯгоҳи барқии бодӣ баён кард. Он гоҳ, Наполеон барои ҷавоб додан бархост. Вай хеле оромона гуфт, ки сохтани Нерӯгоҳи барқии бодӣ ин беақлист ва ба касе маслиҳат намедиҳад, ки ба тарафдории он овоз диҳад ва зуд ба ҷойи худ нишаст. Ӯ қариб сӣ сония гап зад ва ба назар чунин менамуд, ки ба таъсири суханронии худ қариб парвое надошт.
Дар ин маврид, Барфаки кулӯла аз ҷояш хест ва тарафи гӯсфандоне, ки дубора ба шиорпартоӣ сар карда буданд, дод зада, даъват намуд, ки Нерӯгоҳи барқии бодӣ сохта шавад.
То ин дам ҳайвонҳо дар тарафдорӣ тақрибан баробар тақсим шуда буданд, аммо даъвати Барфаки кулӯла онҳоро ба тарафи худ ҷалб намуд. Ӯ бо ибораҳои оташинаш тасвири чӣ гуна будани Саройи чорпоён вақте ки меҳнати сангин аз души онҳо бардошта мешавад, таҷассум кард. Тахайюлоти ӯ акнун аз дастгоҳи коҳмайдакунӣ ва асбоби резакунии лаблабӯ дида, хеле фаротар буд. Вай гуфт, ки кувваи барқ, ғайр аз он ки ҳар оғилхонаро бо чароғи барқӣ, оби гарму хунук ва гармкунакҳои барқӣ таъмин мекунад, боз мошинаҳои ғаллакубӣ, испорҳо, молаву сихмола, мошинаҳои даравгарӣ ва дигар лавозимоти техникиро ба кор андохта, идора 28 хаёлот менамояд. Вақте ки ӯ суханашро ба итмом расонд, шубҳае набуд, ки овоздиҳӣ ба манфиати кӣ анҷом меёбад. Дар ҳамин лаҳза Наполеон аз ҷояш бархост ва ба сӯи Барфаки кулӯла нигоҳи хосае андохта, як хур-хураи баланде баровард, ки касе аз ин пеш нашунида буд.
Дар ин маврид дар берун ғурриши даҳшатангезе баланд шуд ва нуҳ саги азиме, ки гарданбанди мисӣ доштанд, ба анбор даромаданд. Онҳо рост ба сӯи Барфаки кулӯла ҳамла карданд ва ӯ саросемавор аз ҷой бархоста, худро аз ҷоғи онҳо ҳимоя карда, ба сӯи дар гурехт. Дар як лаҳза вай аз дар берун шуд ва сагҳо аз пайи ӯ медавиданд. Ҳайвонҳо хеле ҳайрон монданд, ҳамзамон, барои чизе гуфтан тарсиданд ва дар назди дар ҷамъ шуда, таъқибро тамошо карданд. Барфаки кулӯла ба сӯи чарогоҳи дарозе, ки ба тарафи роҳ мебаромад, медавид. Чанде ки хук давида метавонад, ӯ аз вай зиёдтар медавид, аммо сагҳо ба пошнаи пойи ӯ наздик буданд.
Ногаҳон ӯ лағжид ва ба назар чунин расид, ки сагҳо ӯро доштанд. Пас аз он ӯ боз бархост ва аз ҳарвақта дида, тезтар давид, боз сагон ба ӯ наздик шуданд. Яке аз онҳо думи Барфаки кулӯларо гирифт, аммо Барфаки кулӯла зуд думашро аз даҳони саг раҳо кард. Фосила байни таъқибкунандагон ва Барфаки кулӯла ҳамагӣ чанд ваҷаб монда буд ва ӯ бо як ҷаҳиши сахт тавонист тавассути сӯрохии деворе худро ба он тараф андозад ва баъд аз ин вай нопадид гашт.
Ҳайвонот хомӯш ва ваҳшатзада боз ба анбор гашта даромаданд. Баъди лаҳзае сагон низ баргаштанд. Дар аввал касе аз куҷо пайдо шудани ин махлуқотро тасаввур карда наметавонист, аммо ба зудӣ маълум шуд, ки Наполеон онҳоро ҳанӯз дар хурдияшон аз модарашон гирифта, танҳо худаш парвариш карда буд. Ҳарчанд ки ҳанӯз ин сагҳо ба камол нарасида буданд, онҳо хеле азимҷусса ва мисли гургҳо бераҳм буданд. Онҳо дар гирди Наполеон ҷамъ шуданд. Онҳо думи худро ба сӯи Наполеон - тавре, ки сагони ҷаноби Ҷонс чунин одатро доштанд - меҷунбониданд.
Акнун Наполеон бо ҳамроҳии сагҳо ба қисми баландии суфаи анбор - дар он ҷое, ки як замон Мейори пир суханронӣ мекард, баромаданд. Наполеон эълон кард, ки аз ин ба баъд маҷлисҳои субҳи рӯзи якшанбе дигар баргузор карда намешаванд. “Зарурати баргузор намудани онҳо дигар вуҷуд надорад,” - гуфт ӯ - “ин танҳо беҳуда сарф кардани вақт аст. Дар оянда ҳамаи масъалаҳои ба кори Саройи чорпоён дахлдоштаро кумитаи махсус аз ҳисоби хукон, ки онро худи ӯ роҳбарӣ хоҳад кард, ҳал менамояд”. Инҳо дар алоҳидагӣ мулоқот мекарданд ва баъдан тасмимҳои худро ба дигарон мерасониданд. Ҳайвонот мисли ҳарвақта субҳи рӯзҳои якшанбе ҷамъ мешуданд, парчамро мебардоштанд, суруди “Ҳайвоноти Англия ”-ро месароиданд ва барои ҳафтаи оянда супориш мегирифтанд, вале дигар дар баҳсу мунозираҳо иштирок намекарданд.
Сарфи назар аз зарбае, ки фирори Барфаки кулӯла ба онҳо зада буд, ҳайвонот аз ин эълон ба ҳарос афтода, ноумед шуданд.
Чанде аз онҳо мехостанд эътироз кунанд, агар ба шарте далелҳои дуруст меёфтанд. Ҳатто Боксёр ҳаросида буд. Ӯ гӯшҳояшро ба қафо гардонида, чанд бор пешонаашро ҷунбонида, бисьёр кӯшиш кард, ки фикру андешаашро иброз дорад, вале дар охир ба каллааш чизе барои гуфтан наомад. Бо вуҷуди ин, баъзе хукҳо бештар зирак буданд. Чор хуки ҷавон, ки дар қатори пеш истода буданд, хир-хиркунон аз ҷой хеста, ҳар чорашон якбора ба сухан гуфтан даромаданд. Ногаҳон сагҳое, ки дар гирди атрофи Наполеон нишаста буданд, таҳдидомезона ба ғурриш кардан даромаданд ва хукҳо ҳамон лаҳза хомӯш шуда, ба ҷояшон нишастанд. Пас аз он гӯсфандон бо овози баланд ба шиорпартоӣ даромаданд.
Шиорпартоии “Чор пой хуб, ду пой бад!” қариб понздаҳ дақиқа давом кард ва ин ба ҳар гуна баҳсу мунозира кардан хотима гузошт.
Пас аз он, Вингосиро ба гирду атрофи Саройи чорпоён фиристоданд, то ки тартиби навро ба дигарон фаҳмонад.
“Рафиқон,” -- гуфт ӯ, -- “боварӣ дорам ҳар як ҳайвони Саройи чорпоён он ҷонбозиҳо ва он вазифаи вазнинеро, ки рафиқ Наполеон барои мо шуда, ба дӯши худ гирифтааст, қадрдонӣ мекунем. Тасаввур накунед, рафиқон, ки роҳбарӣ ин кори ҳаловатбахш аст! Баръакс, ин масъулияти калону вазнин аст. Рафиқ Наполеон боварии катъӣ дорад, ки ҳамаи ҳайвонот баробарҳуқуқанд. Ӯ аз ҳад хурсанд мешуд, агар ҳар кас худ барои худаш қарор қабул мекард. Аммо баъзан шумо, рафиқон, метавонед дар қабули қарорҳо иштибоҳ кунед, он гоҳ чӣ хоҳад шуд? Фарз мекунем, ки шумо барои сохтани Нерӯгоҳи барқии бодӣ Барфаки кулӯларо пайравӣ мекунед - Барфаки кулӯлае, ки ҳоло мебинем аз ҷинояткор камӣ надорад”.
“Ӯ дар Муҳорибаи назди Оғили говҳо далерона ҷангид,” -- гуфт ҳайвоне.
“Далерӣ кофӣ нест,” - гуфт Вингосӣ.
“садоқат ва итоаткорӣ аз ҳама чиз муҳимтар аст. Дар мавриди Муҳорибаи назди Оғили говҳо ман боварӣ дорам замоне фаро хоҳад расид ва мо хоҳем фаҳмид, ки нақши Барфаки кулӯла дар он хеле аз ҳад зиёд нишон дода шудааст. Интизом, рафиқон, интизоми оҳанин!
Ин аст, шиори муҳими имрӯз. Як қадам агар хато гузорем, душманонамон бар мо ғалаба хоҳанд кард. Албатта, рафиқон, шумо намехоҳед, ки Ҷонс баргардад?” Бори дигар ин далел беҷавоб монд.
Албатта, ҳайвонҳо намехостанд, ки Ҷонс баргардад ва агар баргузории маҷлисҳо ҳар субҳи рӯзи якшанбе боиси баргаштани Ӯ бошад, пас бояд ин баҳсҳо қатъ карда шаванд.
Боксёр, ки ҳоло барои фикр кардан вақт дошт, эҳсоси умумиро чунин ҷамъбаст кард:
“Ҳар чӣ ки рафиқ Наполеон гӯяд, ҳамон дуруст аст”. Ва аз он вақт инҷониб, Боксёр илова ба шиори шахсии худ “Ман боз бештар аз ин кор мекунам!” ибораи “Наполеон ҳамеша ҳақ аст”-ро қабул кард.
Дар ин рӯзҳо вазъи ҳаво беҳтар шуда, мавсими шудгори баҳорӣ оғоз ёфта буд.
Утоқеро, ки дар он Барфаки кулӯла нақшаи Нерӯгоҳи барқии бодиро кашида буд, акнун қуфл зада буданд ва тахмин мекарданд, ки нақшаҳо аз рӯи фарш пок шудаанд. Ҳар субҳи рӯзи якшанбе соати 10:00 ҳайвонот дар анбори калон ҷамъ мешуданд, то супориши якҳафтаинаро қабул кунанд. Косахонаи сари Мейор, ки ҳоло гӯшту пуст надошт ва танҳо аз устухон иборат буд, аз дохили қабраш - воқеъ дар боғ - бароварда шуда, дар пояи сутуни парчам, дар паҳлӯи яроқ насб карда шуд. Пас аз барафрохтани парчам аз ҳайвонҳо талаб карда мешуд, ки пеш аз ворид шудан ба анбор бо эҳтиром аз назди косахонаи сар гузаранд.
Имрӯзҳо ҳайвонот мисли пештара якҷоя наменишастанд. Наполеон бо Вингосӣ ва як хуки дигаре бо номи Минимус, ки дар эҷод кардани суруд ва шеърҳо ҳамто надошт, дар болои баландии суфаи анбор нишаста, нуҳ саги ҷавон дар шакли нимдоира онҳоро иҳота мекарданд, дигар хукон аз қафои онҳо менишастанд. Ҳайвонҳои дигар рӯ ба рӯи онҳо дар қисмати поёни анбор ҷойгир шуда буданд.
Наполеон супоришҳои ҳафтаинаро бо як услуби ҳарбӣ дағалона хонд ва пас аз як бор сурудани “Ҳайвоноти Англия” тамоми ҳайвонҳо пароканда шуданд.
Рӯзи якшанбеи сеюм - пас аз ронда шудани Барфаки кулӯла - ҳайвонҳо аз шунидани эълони Наполеон дар бораи сохтани Нерӯгоҳи барқии бодӣ то андозае ҳайрон шуданд. Вай сабаби дигар кардани фикрашро нагуфт, балки ҳамаи ҳайвонҳоро огаҳ кард, ки ин кори иловагӣ заҳмати зиёдро талаб мекунад ва эҳтимол дорад, ки ҳатто меъёри ғизои онҳо маҳдуд карда шавад. Албатта, нақшаҳо то ҷузъиёти охирин омода карда шуда буданд.
Давоми се ҳафтаи охир як кумитаи махсуси хукҳо рӯи ин нақша кор карда буд. Нерӯгоҳи барқии бодӣ бо дигар биноҳои иловагияш дар зарфи ду сол бояд сохта мешуд.
Он бегоҳ Вингосӣ дар фазои суҳбати дӯстона ба ҳайвоноти дигар фаҳмонд, ки Наполеон дар асл ҳеҷ гоҳ мухолифи сохтмони Нерӯгоҳи барқии бодӣ набуд. Баръакс, вай аз ибтидо онро ҷонибдорӣ мекард ва нақшае, ки Барфаки кулӯла дар фарши утоқи инкубаторӣ кашида буд, воқеан аз байни коғазҳои Наполеон дуздида шуда буд. Яъне, дар асл, сохтмони Нерӯгоҳи барқии бодӣ ин ғоя (идея) ва пешниҳоди худи Наполеон аст. “Пас, чаро вай ин қадар сахт зидди сохтмони он сухан мегуфт?” - пурсид ҷонваре. Дар ин ҷо Вингосӣ хеле маккорона рафтор кард. “Ин,” - гуфт ӯ, - “корчалонии рафиқ Наполеон буд. Вай чунин вонамуд мекард, ки муқобили сохтмони Нерӯгоҳи барқии бодӣ аст, дар асл бошад, ин як равиш барои халос шудан аз Барфаки кулӯла буд, ки хислати хатарнокаш ба ҳайвонот таъсири бад мерасонид. Акнун, ки Барфаки кулӯла аз қӯра баромад, нақша метавонад бидуни дахолати ӯ амалӣ шавад”.
“Ин,” - гуфт Вингосӣ, - “тактика ном дорад”.
Вай чанд маротиба такрор ба такрор аз ҷояш парида ва хандакунон думашро тоб дода, гуфт:
“Тактика, рафиқон, тактика!” Ҳайвонҳо намедонистанд, ки ин калима чӣ маъно дорад, аммо Вингосӣ бошад бо як боварии комил дар ин бора гап мезад ва се саге, ки ӯро ҳамроҳӣ мекарданд, чунон таҳдидомез ба ғурриш омаданд, ки шарҳи ӯро бидуни саволҳои иловагӣ қабул карданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё