Зеҳн
Саройи чорпоён (Молхона)

Қиссаи ҳаҷвии Ҷорҷ Оруэлл дар тарҷумаи Усмоналӣ Латифӣ. Асар тавассути саргузашти ҳайвоноти як ферма таъсири қудратро ба баробарӣ ва озодӣ нишон медиҳад.

Барномасоз · 18 сентябри 2026 · 11 саҳифа

АдабиётҚисса

Пешгуфтор

САРОЙИ ЧОРПОЁН (МОЛХОНА)

Хонандаи гиромӣ! Асари “Саройи чорпоён” ба қалами нависандаи машҳури англис Ҷорҷ Оруэлл тааллуқ дошта, бори аввал моҳи августи соли 1945 ба табъ расидааст ва он яке аз серхонандатарин асарҳои нависанда ба шумор рафта, дар тӯли 77 сол бо теъдоди миллионҳо нусха ба нашр расидаву дастраси оммаи васеи хонандагон гардидааст.

Ҷорҷ Оруэлл (номи аслиаш Эрик Артур Блэр) нависанда, рӯзноманигор ва публисисти бритониёвӣ 25 июни соли 1903 дар Матиҳари Банғола (вилояти қадимии Ҳиндустон дар поёноби дарёҳои Гангу Браҳмапутра - он замон мустамликаи Британияи Кабир) таваллуд шудааст. Падараш корманди Шӯрои гумруки Ҳиндустон буд. Ҷорҷ Оруэлл маълумоти ибтидоиро дар мактаби Киприана гирифта, аз соли 1917 то соли 1921 дар Коллеҷи Итон таҳсил кард. Солҳои 1922–1927 дар пулиси мустамликавии Бирма хизмат намуда, соли 1927 ба нависандагӣ машғул шудааст. Ӯ чанд муддате дар ҷанги шаҳрвандии Испания ҳамчун рӯзноманигор иштирок карда, дар муҳорибаҳо ба муқобили коммунистон дар Барселона ҷангида, сахт ярадор шуд. Баъд аз он ба Англия баргашта, то охири умраш касби нависандагиро пеша кард.

Ӯ 21 январи соли 1950 дар синни 46-солагӣ дар Лондон аз бемории сил вафот кард.

Қобили зикр аст, ки асарҳои нахустини Ҷорҷ Оруэлл на танҳо бадеӣ, балки бештар солномавӣ буданд. Аз соли 1934 сар карда, асарҳояш ба чоп расидан гирифтанд.

Ҷорҷ Оруэлл ба ин бовар буд, ки насри ҳақиқӣ бояд «мисли шиша шаффоф» бошад ва ӯ вазифаи нависандагии худро дар дифоъ аз идеалҳои сотсиализми либералӣ ва мубориза бо тамоюлҳои тоталитарӣ медид, ки ба ҷомеаи он даврон таҳдид мекарданд. Истилоҳи “Ҷанги сард” бори аввал аз ҷониби Ҷорҷ Оруэлл 19 октябри соли 1945 дар ҳафтаномаи бритониёии “Трибюн” истифода шудааст.

Қиссаи ҳаҷвии “Саройи чорпоён” (Animal Farm), ки машҳуртарин асари ӯ мебошад, дар шакли масал ва рамз навишта шуда, низоми тоталитариро дар шакли ҳаҷв инъикос менамояд. Муаллиф тавассути ҳайвоноти сухангӯ фикри худро баён намуда, таъсири қудратро ба хислат хеле возеҳу равшан нишон медиҳад. Сарфи назар аз он ки муаллиф дар асар мушкилоти солҳои чилуми асри гузаштаро нишон медиҳад, он ҳанӯз ҳам аҳамияти худро гум накардааст.

Бояд қайд кард, ки асари мазкур аз забони англисӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума карда шуда, калимаҳои душворфаҳм дар поварақи ҳар саҳифа шарҳ дода шудаанд.

Ҳамчунин, баъзе номҳои қаҳрамонони асар бинобар сабаби душвор талаффуз шуданашон ба забони тоҷикӣ тарҷума шуданд. Тарҷумаи таҳтуллафзии номи асар “Фермаи Ҳайвонот” ва ё “Хоҷагии ҳайвонот” мебошад. Вале, дар тарҷумаи тоҷикӣ мо ин номро “Саройи чорпоён” гуфтем. Ҳамзамон, ба хуки сафеди кулӯла, ки дар роҳбарии Саройи чорпоён нафари дуюм маҳсуб меёфту рақиби асосии хуки якум буд, номи Барфаки кулӯла (Сноуболл) дода шуд.

Баъд аз ронда шудани Барфаки кулӯла аз Саройи чорпоён ба ҷойи ӯ хуки дигари косалес омад, ки овози ҷарангосию гӯшхарош дошт, аз ин рӯ тибқи номи англисияш ба он исми Вингосӣ додем.

Дар охир, мехостам ба муҳаррири китоб, Шоири халқии Тоҷикистон ва муҳаққиқ Муҳтарам Ҳотам барои таҳрири китоб ва ба Азиз Нақибзод барои маслиҳатҳои судмандаш дар мураттаб намудани он миннатдории худро изҳор намоям.

Умедворам, ки мутолиаи ин китоб бо забони тоҷикӣ писанди хотири Шумо, хонандагони азиз, гардида, зимни пайдо шудани савол ва ё дигар андешаҳо вобаста ба ин асар ба нишонии электронии usmonalilatifi@gmail.com ё ба саҳифаи фейсбукии Азиз Нақибзод муроҷиат фармоед.

Бо камоли эҳтиром, Усмоналӣ Латифӣ

аз 11
навбатӣ