Зеҳн
Саройи чорпоён (Молхона)

Қиссаи ҳаҷвии Ҷорҷ Оруэлл дар тарҷумаи Усмоналӣ Латифӣ. Асар тавассути саргузашти ҳайвоноти як ферма таъсири қудратро ба баробарӣ ва озодӣ нишон медиҳад.

Барномасоз · 18 сентябри 2026 · 11 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Боби VII

Боби VII

Зимистон хеле сард омад. Баъд аз шамолҳои сахт борону барф меборид ва баъдан ҳаво хеле хунук шуд, ки сардии он то моҳи феврал идома ёфт. Ҳайвонот бо тамоми қувва Нерӯгоҳи барқии бодиро барқарор мекарданд, чунки онҳо зери таваҷҷуҳи олами беруна қарор доштанд ва агар сохтмони Нерӯгоҳи барқии бодӣ ба нокомӣ дучор мешуд, одамони бахилу ҳасадхӯр аз ин хурсанд мешуданд.

Бар хилофи он одамон боварӣ надоштанд, ки Нерӯгоҳи барқии бодиро Барфаки кулӯла вайрон карда бошад, онҳо афтодани онро дар борик будани паҳнои деворҳо медиданд. Ҳайвонот медонистанд, ки дар асл ин тавр нест. Бо вуҷуди ин, қарор дода шуд, ки паҳнои деворҳоро ин дафъа ба ҷойи ҳаждаҳ дюйм ба андозаи се фут сохта 2 1 дюйм-2.5 см 4 1 фут- 0,30 см шаванд, ки ин ҷамъоварии миқдори зиёди харсангро талаб мекард. Муддати дароз кон пур аз барф буду ягон коре кардан ғайриимкон буд. Як каме пешравӣ зимни барқарор гардидани ҳавои сарди хушк ба амал омад, аммо дар чунин шароит кор кардан беҳад мушкил буд ва аз тарафи дигар ҳайвонҳо мисли пештара бо ҳавасмандии зиёд кор намекарданд. Онҳо ҳамеша аз ҳавои хунук ва гуруснагӣ азият мекашиданд. Танҳо Боксёр ва Кловер ҳеҷ рӯҳафтода намешуданд. Вингосӣ дар бораи хизмат ва шаъну шарафи меҳнат суханрониҳои олӣ мекард, аммо ҳайвонҳои дигар аз қуввати Боксёр ва шиорҳои ӯ дар бораи “Ман аз ин ҳам сахттар кор мекунам!” рӯҳу илҳоми тоза мегирифтанд.

Дар моҳи январ маълум шуд, ки маводи ғизоӣ кам шуда истодааст. Дар ғизо илова кардани меъёри ғалладона хеле кам карда шуд ва эълон карданд, ки барои пурра кардани ғизо иловатан картошка ҷудо карда мешавад.

Бинобар сабаби тунук пушондани картошка қисми зиёди онро дар анбор сармо зада буд.

Картошка тар шуда, пӯсида буд ва онро истеъмол кардан ғайриимкон буд. Дар давоми рӯз ҳайвонҳо ба ҷуз гандумпоя ва лаблабу чизи дигаре барои хӯрдан надоштанд. Гуруснагӣ гӯё онҳоро таҳдид мекард.

Пинҳон кардани ин воқеият аз дигарон ҳаётан муҳим буд. Одамон аз вайрон шудани Нерӯгоҳи барқии бодӣ рӯҳбаланд шуда, дар бораи Саройи чорпоён овозаҳои нав ба нав паҳн мекарданд. Аз сари нав дар бораи мурдани ҳайвонот аз гуруснагию беморӣ, сар задани ҷангҳои пайваста, якдигархӯрӣ ва ба куштани навзодҳо даст задани онҳо овозаҳо паҳн мешуд. Наполеон хуб медонист, ки маълум шудани вазъи воқеии озуқаворӣ метавонад пайомадҳои баде ба вуҷуд оварад, аз ин рӯ, ӯ тасмим гирифт, ки ҷаноби Ваймперро барои рад кардани овозаҳо истифода кунад. Маъмулан, ҳайвонот дар ташрифҳои ҳар ҳафтаинаи Ваймпер ба Саройи чорпоён бо ӯ кам вомехӯрданд ва ё умуман вонамехӯрданд, ҳоло бошад, ба чанд ҳайвонҳои интихобшуда, ба вижа гӯсфандон дастур дода шуд, ки дар баробари дидани ӯ дар бораи зиёд будани ғизо чизеро қайд кунанд.

Илова бар ин, Наполеон фармон дод, ки бочкаҳои холиро тақрибан то лабаш бо қум пур кунанд ва болои боқимондаи ғалла дигар ғизоро пӯшонанд. Бо як баҳонае Ваймперро ба анбори Саройи чорпоён бурданд ва иҷозат доданд, ки бочкаҳоро бубинад. Ваймперро фиреб доданд ва ӯ ба олами беруна хабар дод, ки ҳақиқатан дар Саройи чорпоён хӯрокворӣ фаровон аст.

Бо вуҷуди ҳамаи ин, дар охири моҳи январ маълум шуд, ки аз ягон ҷо як миқдор ғалладона харидан лозим меояд. Дар ин рӯзҳо Наполеон дар байни ҳайвонҳо кам худро зоҳир мекард, вале тамоми вақташро дар Саройи чорпоён мегузаронид ва ҳар як дари онро сагҳои бераҳм посбонӣ мекарданд. Наполеон ҳамеша ба таври расмӣ бо ҳамроҳии шаш саг - онҳо ӯро аз наздик иҳота карда, ҳамроҳӣ менамуданд ва агар касе аз ҳад зиёд ба Наполеон наздик мешуд, ба он ғурриш мекарданд - ба берун мебаромад. Ӯ ҳатто аксар вақт субҳи рӯзҳои якшанбе ба маҷлис намеомад ва супоришҳои худро тавассути хукҳои дигар, одатан тариқи Вингосӣ медод.

Як субҳи рӯзи якшанбе дар маҷлис Вингосӣ эълон кард, ки ҳамаи мокиёни тухмкунанда, бояд тухмҳояшонро ба онҳо супоранд. Наполеон тавассути Ваймпер барои таҳвили чорсад тухм дар як ҳафта ба бозор қарордод ба имзо расонида буд. Бо ин пул метавонистанд ба қадри кофӣ ғалладона ва дигар ғизо барои ҳайвонот харидорӣ намоянд ва ба ин васила худро то фасли тобистон расонида, шароиташонро беҳтар созанд.

Вақте ки мурғҳо инро шуниданд, доду фарёди сахт бардоштанд. Бале, ба онҳо қаблан ҳушдор дода буданд, ки чунин кор шуданаш мумкин аст, аммо онҳо бовар надоштанд, ки ин кор воқеан ҳам рӯй хоҳад дод. Мокиён тухмҳои худро барои курк шудан дар фасли баҳор омода мекарданд ва ҳоло гирифтани тухмҳо ин баробари куштори ҳақиқии насли ояндаи онҳо буд. Ин бори аввал пас аз ронда шудани Ҷонс ҳамчун чизе ба монанди шӯриш буд. Бо роҳбарии се Миноркаи сиёҳи ҷавон, мокиён кӯшиш карданд, ки хоҳишҳои Наполеонро иҷро накунанд. Онҳо ба боло парида, рӯи чӯби равҳо тухми худро мегузоштанд, ки баъдан онҳо ба рӯи замин афтида, пора-пора мешуданд. Наполеон зуд амал карда, чораҳои бераҳмона меандешид. Ӯ фармон дод, ки дигар ба мурғон ғизо надиҳанд 44 мокиёне, ки аз тухм кардан мондаанд ва моил ба рӯи тухмҳо нишастан кардаанд (барои чӯҷа баровардан) 42 яке аз зоти мокӣ, ки дар ҷазираи Миноркаи Испания тавассути дурага кардани якчанд навъҳои мурғҳои маҳаллӣ ба вуҷуд оварда шудааст ва агар ягон ҳайвоне ба онҳо ягон намуди дон медиҳад, ба ӯ ҳукми қатл дода мешавад. Ба сагҳо супориш дода шуд, ки масъули иҷрои ин фармон бошанд. Дар давоми панҷ рӯз мурғҳо истодагарӣ карданд, пас онҳо таслим шуда, ба ҷойҳои хоби худ баргаштанд. Дар ин миён 9 мурғ мурд. Ҷасадҳои онҳоро дар боғ ба хок супурда, эълон карданд, ки онҳо аз бемории коксидиоз мурдаанд. Ваймпер дар бораи ин кор чизеро нашунид ва тухмҳо аз рӯи нақша тавассути як нафар баққолӣ, ки ҳафтае як маротиба бо аробаи рӯпӯшшуда ба Саройи чорпоён меомад, ирсол карда мешуданд.

Дар бораи будубоши Барфаки кулӯла дигар касе хабар надошт. Баъзан мегуфтанд, ки ӯ дар яке аз фермаҳои ҳамсоя ё дар Фоксвуд ва ё Пинчфилд пинҳон шудааст. Наполеон дар ин вақт бо фермаҳои ҳамсоя як каме муносибатҳояшро беҳтар карда буд. Ин муносибатҳои хуб ба шарофати мавҷуд будани як тӯдаи чӯбу тахта дар ҳавлии Саройи чорпоён, ки даҳ сол пеш ҳангоми тоза кардани бешазораки Саройи чорпоён ҷамъ карда шуда буданд, барқарор шуд. Онҳо хуб хушк шуда буданд, аз ин рӯ, ҳам ҷаноби Пилкингтон ва ҳам ҷаноби Фредерик мехостанд онҳоро харидорӣ намоянд. Бинобар ин, Ваймпер ба Наполеон маслиҳат дода буд, ки ин тӯдаи чӯбу тахтаро ба онҳо фурӯшад. Наполеон дар байни ин ду нафар дудила буд ва наметавонист, ки қарори мушаххаси худро дар ин бора қабул кунад. Ба назар чунин мерасид, ки ҳар вақте мехост бо Фредерик қарордод бандад, хабар мекарданд, ки Барфаки кулӯла дар Фоксвуд пинҳон шудааст, дар ҳоле ки Наполеон ба сӯи Пилкингтон майл мекард, овоза мехест, ки Барфаки кулӯла дар Пинчфилд қарор дорад.

Ногаҳон, дар аввали фасли баҳор як чизи ташвишовар ошкор гардид. Барфаки кулӯла шабона, пинҳонӣ ба Саройи чорпоён меомадааст! Ҳайвонот чунон ба ташвиш афтода буданд, ки шабҳо дар оғилҳояшон базӯр мехобиданд. Мегуфтанд, ки ӯ ҳар шаб аз торикӣ истифода бурда, чун хазанда ба Саройи чорпоён медарояд ва ба ҳар гуна харобкорӣ даст мезад. Гӯё вай ғалладонаро медуздид, сатилҳои пур аз ширро ба ин тарафу он тараф мепартофт, тухми мурғҳоро пахш карда мешикаст, заминҳои шинондашударо поймол мекард, пусти дарахтони мевадиҳандаро мехоид. Ҳар вақте ки ягон камбудӣ мешуд, онро чун одат ба Барфаки кулӯла нисбат медоданд. Агар тиреза мешикаст ва ё оби ҷӯйбор хушк мешуд, ҳама бар он бовар буданд, ки Барфаки кулӯла шаб омада, ин корро кардааст ва вақте ки калиди анбор гум шуд, тамоми Саройи чорпоён фикр кард, ки Барфаки кулӯла онро гирифта ба чоҳ партофтааст. Аз ҳама аҷибаш ин буд, ки онҳо ҳатто пас аз ёфт шудани калиди гумшуда, ки онро аз зери халтаи ҷуворимакка пайдо карданд, ҳамоно нуқтаи назари худро дар ин бора тағйир надоданд. Модаговҳо якҷоя изҳор мекарданд, ки Барфаки кулӯла ба оғили онҳо даромада, дар хобашон онҳоро меҷӯшад.

Гуфта мешуд, ки калламушҳо дар он зимистон бинобар сабаби доштани мушкилот бо Барфаки кулӯла ҳамкорӣ мекарданд.

Наполеон фармон дод, ки тафтиши пурраи фаъолияти Барфаки кулӯларо анҷом диҳанд. Дар иҳотаи сагҳои худ Наполеон барои тафтиши биноҳои Саройи чорпоён баромад, ҳайвонҳои дигар аз қафояш дар масофаи дуртар ӯро ҳамроҳӣ мекарданд. Сари ҳар чанд қадам Наполеон боз меистод ва заминро бӯй мекашид, то ин ки осори иззи пойи Барфаки кулӯларо пайдо кунад. Тавре ки ӯ мегуфт, иззи пойро аз буйяш маълум мекунад. Вай ҳар як кунҷи анбор, оғилхона, мурғхона ва боғчаро бӯй кашида, қариб дар ҳама ҷой осори иззи пойи Барфаки кулӯларо пайдо мекард. Вай фукашрозб ба замин гузошта, чанд бор бӯйи амиқ мекашид ва бо овози мудҳиш хитоб мекард: “Барфаки кулӯла!

Ӯ дар ин ҷо буд! Ман бӯйи ӯро ба таври возеҳ ҳис карда метавонам!” ва аз шунидани калимаи “Барфаки кулӯла” ҳама сагҳои хунхор аккос зада, дандонҳои нешиашонро нишон медоданд.

Ҳайвонот ба таври ҷиддӣ тарсон шуда буданд. Ба назари онҳо, гӯё Барфаки кулӯла ба монанди руҳи ноаён ба Саройи чорпоён омада, ҳама гуна хатару бадбахтиҳоро ба сари онҳо мерезад. Бегоҳии рӯз Вингосӣ ҳамаи ҳайвонҳоро бо як чеҳраи пур аз изтироб даъват карда, гуфт, ки барои онҳо хабари ҷиддӣ дорад.

“Рафиқон!”-- хитоб кард Вингосӣ андаке асабонӣ шуда, - “баъзе чизҳои даҳшатнок ошкор шуданд. Барфаки кулӯла худро ба Фредерик, ба фермаи Пинчфилд фурӯхт ва ҳоло қасди ҳамла кардан ба Саройи чорпоёни моро доранд, ки онро аз мо баргашта, гиранд!

46 гирдогирди даҳони чорпоён, пӯз, ҷоғ Барфаки кулӯла ҳангоми оғози ҳамла кардан ҳамчун роҳнамои онҳо шуда, амал хоҳад кард.

Аммо аз ин мудҳиштар чизҳое барои мо маълум шуданд. Мо фикр мекардем, ки ронда шудани Барфаки кулӯла танҳо аз ифротгароӣ ва шуҳратпарастии ӯ ба вуҷуд омадааст. Вале мо хато кардем, рафиқон. Оё медонед, ки сабаби аслӣ аз чӣ иборат будааст? Барфаки кулӯла аз аввал ҳамроҳи Ҷонс буд! Ӯ доимо ҷосуси махфии Ҷонс дар Саройи чорпоён будааст”.

Ҳамаи ин бо ҳуҷҷатҳое, ки ӯ пас аз худ гузошта ва мо онҳоро навакак пайдо ва ошкор кардем, исбот шудаанд. “Ман фикр мекунам, ки акнун мо бисёр чизҳоро маълум кардем, рафиқон. Оё мо бо чашмони худ надидем, ки вай чӣ тавр кӯшиш кард, -- хушбахтона, бемуваффақият -- моро дар Муҳорибаи назди Оғили говҳо мағлуб сохта, несту нобуд кунад?” Ҳайвонот ҳама шаху карахт шуданд.

Вайрон кардани Нерӯгоҳи барқии бодиро бадхоҳии Барфаки кулӯла номидан мумкин буд. Танҳо баъд аз чанд дақиқа қобилияти фаҳмиши онҳо пурра барқарор шуд. Ҳама ба ёд оварданд ва ё гумон мекарданд, ки дар ёд доранд, чӣ гуна Барфаки кулӯла дар Муҳорибаи назди Оғили говҳо пешопеши онҳо ҳаракат мекард, чӣ тавр ӯ сари ҳар қадам онҳоро ҷамъ карда, барои ҷанг кардан рӯҳбаланд месохт ва чӣ гуна вақте ки Ҷонс бо тири яроқаш пушти ӯро захмӣ кард, вай як лаҳза ҳам таваққуф накарда, ба пеш ҳаракат мекард. Ҳайвонҳо намефаҳмиданд, ки то чӣ дараҷа тарафдори Ҷонс будани Барфаки кулӯла ба ҳақиқат мувофиқат мекунад. Ҳатто Боксёр, ки қариб ҳеҷ гоҳ саволе намедод, дар ҳайрат монда буд. Вай дароз кашида, пойҳои пешашро ҷамъ карда, чашмонашро пӯшид ва саъй кард, ки фикрашро баён кунад.

“Ман ба ин бовар надорам,” - гуфт ӯ.

“Барфаки кулӯла дар Муҳорибаи назди Оғили говҳо хеле далерона ҷангид. Ман бо чашми худам дидам. Оё магар мо ба ӯ унвони “Қаҳрамони ҳайвонот, дараҷаи якум” надодем?” “Маҳз, ҳамин хатоии мо буд, рафиқон.

Аз он ҳуҷҷатҳои махфие, ки мо дарёфтем, маълум шуд, ки дар асл ӯ кӯшиш мекард моро ба ҳалокат барад”.

“Аммо ӯ захмӣ шуд,” - гуфт Боксёр. “мо ҳама дидем, ки ӯ хунолуд давида истода буд”.

“Ин як қисми иҷрои созиш буд!” - хитоб кард Вингосӣ. “Ҷонс бар қасд ӯро паронд. Ман метавонам ба шумо созишномаи навиштаи ӯро нишон диҳам, агар шумо онро хонда тавонед.

Тибқи нақшаи кашидашудаи онҳо бояд Барфаки кулӯла дар лаҳзаи ҳалкунанда барои қафонишинӣ огоҳӣ медод, ки майдонро ба дасти душман супорем. Ва қариб ба ӯ ин кор муяссар ҳам шуд -- ҳатто бештар аз ин мегӯям, рафиқон, агар доҳии каҳрамони мо, рафиқ Наполеон намебуд, ӯ ба ин кор муваффақ мешуд. Оё шумо дар хотир надоред, маҳз дар ҳамон лаҳзае, ки Ҷонс ва коргаронаш ба ҳавлии Саройи чорпоён зада даромаданд, чӣ тавр Барфаки кулӯла ногаҳон баргашта гурехт ва ҳайвоноти зиёде аз паси ӯ рафтанд? Ва оё шумо фаромӯш кардед, ки маҳз дар ҳамон лаҳза - вақте ки ваҳму воҳима ҳамаро фаро гирифта буд ва ҳама дар гурез буданд - рафиқ Наполеон “Марг ба одамҳо!” - гӯён, ба пеш ҷаҳида, бо дандонҳояш пойи Ҷонсро газид?

Албатта, шумо инро дар хотир нағзакак доред, рафиқон!” -- хитоб кард Вингосӣ аз ин тараф ба он тараф ҷаҳида.

Вингосӣ ин саҳнаро хеле бо фасоҳату возеҳ тасвир кард ва ба назари ҳайвонҳо чунин менамуд, ки гӯё онҳо ин манзараро дар ҳақиқат ҳам хуб дар хотир доранд. Ба ҳар ҳол, онҳо ба хотир оварданд, ки дар лаҳзаи муҳими ҷанг Барфаки кулӯла ба гурехтан рӯ оварда буд.

Аммо Боксёр ҳанӯз ҳам каме нороҳат буд.

“Ман бовар надорам, ки аз аввал Барфаки кулӯла хоин буд,” - гуфт дар ниҳоят ӯ.

“Он рафторе, ки баъдан кард, аз корҳои он вақтааш фарқ дорад. Аммо ман бо боварии комил гуфта метавонам, ки дар Муҳорибаи назди Оғили говҳо вай рафиқи боэътимоде буд”.

“Доҳии мо, рафиқ Наполеон, -- хеле оҳиста ва қотеона эълон кард Вингосӣ, -- қатъиян тасдиқ мекунад -- катъиян, рафиқон, ки Барфаки кулӯла аз худи аввал ҷосуси Ҷонс буд -- бале, ҳамин тавр буд, хеле пеш аз он ки дар бораи шӯриш чизе фикр карда мешуд, ӯ аллакай ҷосуси ӯ буд”.

“Ин тавр бошад, ин гапи дигар аст!” - гуфт Боксёр - “агар рафиқ Наполеон чунин гуяд, пас ҳамааш дуруст аст”.

“Дар ҳақиқат чунин аст, рафиқ!” - боз хитоб кард Вингосӣ ва ба Боксёр бо чашмони хурдакаки дурахшонаш нигоҳи хеле зиште кард. Вай рафтанӣ шуд, вале боз истод ва ба таври таъсирбахш илова намуд: “Ман ҳар як ҳайвони Саройи чорпоёнро огоҳ мекунам, ки чашмонашонро хеле кушода нигоҳ доранд.

Зеро ҳанӯз ҳам бо боварӣ гуфтан метавон, ки дар байни мо баъзе ҷосусони махфии Барфаки кулӯла вуҷуд доранд Пас аз чор рӯз, бегоҳӣ Наполеон фармон дод, ки ҳамаи ҳайвонотро ба ҳавлии Саройи чорпоён даъват кунанд. Вақте ки ҳама ҷамъ шуданд, Наполеон аз дари хонаи истиқоматии Саройи чорпоён - ҳарду медали худро дар бар карда (зеро ӯ ба наздикӣ ба худ унвони “Қаҳрамони ҳайвоноти дараҷаи якум” ва “Қаҳрамони ҳайвоноти дараҷаи дуюм”-ро дода буд), бо нуҳ саги азимаш, ки дар гирди ӯ чарх мезаданд ва бо ғурриши баланди худ тамоми ҳайвонҳоро метарсонданд, ба берун баромад.

Ҳама дар ҷойҳои худ шах шуда, аз тарс хомӯш истоданд ва гӯё пешакӣ медонистанд, ки ягон воқеаи мудҳише руй хоҳад дод.

Наполеон муддате рост истода, бо як хунсардӣ аҳли маҷлисро аз назар гузаронида, чирроси баланде баровард. Сагон дарҳол ба пеш давида, чор хукро аз гӯшашон гирифта, бо дарду ваҳм, ки чир-чирашон баланд мешуд, ба пеши пойи Наполеон кашиданд. Аз гӯшҳои хукҳо хун мерехт ва сагҳо маззаи хунро чашида, ба назар чунин мерасид, ки чанд лаҳза мисли девона шуда буданд. Дар ин лаҳза - ба тааҷҷуби ҳама - се саг худро ба Боксёр партофтанд. Боксёр ҳамлаи онҳоро дида, суми бузурги пойи худро ба боло партофта, сагеро дар ҳаво гирифта, ба замин зад. Саг доду фарёди цҷонсӯзе кард ва дуи дигарашон бошанд, думашонро дар миёни пойҳояшон гузошта, гурехтанд. Боксёр ба Наполеон нигарист, то бифаҳмад, ки сагро лагадкӯб кунад ва ё бигзорад, ки равад. Зоҳиран Наполеон қиёфаашро дигар кард ва ба Боксёр қотеона фармон дод, ки сагро раҳо кунад, пас аз ин Боксёр суми пойи худро бардошт ва саги лату кӯб шуда, нолишкунон гурехта рафт.

Ҳамон лаҳза хомӯшии сахт ҳукмфармо шуд. Чаҳор хук бо айбҳои дар чеҳраашон навишта шуда, тарсону ларзон мунтазир буданд. Наполеон акнун онҳоро даъват кард, ки ба гуноҳҳои худ иқрор шаванд. Инҳо ҳамон чор хуке буданд, ки вақте Наполеон вохӯриҳои рӯзи якшанберо барҳам дода буд, эътироз карда буданд. Онҳо фавран дар бораи он ки аз замони ронда шудани Барфаки кулӯла пинҳонӣ бо ӯ дар тамос буданд ва барои нобуд сохтани Нерӯгоҳи барқии бодӣ бо вай ҳамкорӣ мекарданд ва инчунин, ба созиш расида буданд, ки Саройи чорпоёнро ба ҷаноби Фредерик месупоранд, иқрор шуданд.

Ҳамчунин, онҳо илова карданд, ки Барфаки кулӯла дар тӯли солҳои гузашта низ ҷосуси махфии Ҷонс буд, инро худи Барфаки кулӯла ба онҳо гуфтааст. Вақте ки онҳо ба гуноҳҳои кардаи худ иқрор шуданд, дарҳол сагҳо гулӯяшонро хоиданд ва Наполеон бо овози даҳшатнок аз дигарон талаб кард, ки ягон ҳайвони дигар чизе барои иқрор шудан доранд ё не.

Се мокие, ки кӯшиши барпо кардани шӯришро оид ба ситонидани тухмҳо карда буданд, ҳоло пеш омада, изҳор доштанд, ки Барфаки кулӯла дар хоби онҳо зоҳир шуда, мокиёнро ба итоат накардан ба фармонҳои Наполеон даъват кардааст. Онҳоро низ сагҳо пора-пора карданд. Баъд ғозе баромад ва иқрор шуд, ки дар дарави мавсими порсола шаш хӯшаи гандумро пинҳон карда, шаб онро хӯрдааст. Сипас гӯсфанде иқрор шуд, ки бо ташвиқи Барфаки кулӯла замоне дар ҳавзи оби нӯшокӣ пешоб кардааст, ду гӯсфанди дигар иқрор шуданд, ки як қӯчқори пири пайрави содиқи Наполеонро дар гирду атрофи оташ таъқиб намуда, ӯро дамгир карда, ба ҳалокат расониданд. Ҳамаи ҳайвоноти иқроршуда, дар ҳамон ҷо кушта шуданд. Ва ҳамин тавр, достони иқроршавӣ ва қатлҳо то он даме, ки дар пеши пойи Наполеон як тӯдаи ҷасадҳо нахобид ва ҳаво бӯйи хун нагирифт, идома ёфт ва ин кор бори аввал буд, ки аз замони ронда шудани Ҷонс ба вуқӯъ пайваст.

Вақте ки ҳамаи ин воқеа ба итмом расид, ҳайвонҳо, ба ғайр аз хукҳо ва сагҳо аз он ҷо бо тани саломат баромада рафтанд. Онҳоро ваҳму ҳарос фаро гирифта, бисёр хору зор гашта буданд. Онҳо намефаҳмиданд - аз хиёнати ҳайвонҳое, ки бо Барфаки кулӯла муттаҳид шуда буданд ва ё аз ҷазои бераҳмонаи онҳо, ки ҳоло шоҳиди он буданд - ба ҳайрат омадаанд.

Қаблан дар Саройи чорпоён аксар вақт чунин хунрезиҳои сахт ба вуҷуд меомаданд, вале ҳоло кушта шудани ҳайвон аз ҷониби ҳайвони дигар онҳоро хеле сахт рӯҳафтода карда, ин воқеа барояшон хеле сангину нанговар намуд. Баъд аз ронда шудани Ҷонс аз Саройи чорпоён то имрӯз ягон ҳайвон аз тарафи ҳайвони дигар - ҳатто як калламуш ҳам - қатл нашуда буд.

Онҳо ба сӯи домани теппачаи хурдакак, ки осиёби бодии нимсохта он ҷо қарор дошт - ба ғайр аз гурбае, ки қабл аз фармони Наполеон барои ҷамъ кардани ҳайвонот ногаҳон ғайб зада буд - дигар ҳама, аз қабили Кловер, Муриел, Бенҷамин, говҳо, гӯсфандон, як даста ғозҳо ва мурғон гӯё барои гарм шудан якҷоя сарҷамъ шуда буданд, рафтанд. Чанд муддат ягон ҳайвоне сухан нагуфт. Фақат Боксёр рост истода буд. Вай пуризтироб аз ин сӯй ба он сӯй мерафт, думи дарози сиёҳашро аз ин паҳлу ба он паҳлу мезад ва гоҳ-гоҳ каме шиҳа мекашид.

Дар охир Ӯ гуфт:

“Ман инро намефаҳмам. Ман бовар намекардам, ки дар Саройи чорпоёни мо чунин ҳодисаҳо рӯй медиҳанд. Шояд ин бо айби худамон бошад. Чӣ тавре ки ман мебинам, илоҷи он дар бештар меҳнат кардан аст.

Минбаъд ман ҳар саҳар боз як соат пештар аз хоб мехезам”. Ӯ бо шитоб ҳаракат карда, ба сӯи кон равон шуд. Пас аз расидан ба он ҷо бори дукаратаи харсангро ҷамъ кард ва то вақти хоб онҳоро ба Нерӯгоҳи барқии бодӣ кашола карда расонд.

Ҳайвонот бидуни гап задан дар гирди Кловер худро ҷафс карданд. Дар теппачае, ки онҳо хобида буданд, манзараи васеъи саросари деҳотро дидан мумкин буд. Қариб ҳамаи ҳудуди Саройи чорпоён - чарогоҳҳои фаррох, ки то роҳи асосӣ тӯл мекашиданд, алафзор, чакалакҳо, ҳавзи оби нӯшокӣ, заминҳое, ки дар он гандуми ҷавони сабз мерӯид ва бомҳои сурхи биноҳои ферма бо дуди аз дудбароҳояшон печида бароянда, дар пеши назари онҳо чун кафи даст намоён буд.

Шоми софу беғубори фасли баҳор фаро мерасид. Алафзор ва парчинҳои сабз зери шуоъҳои офтоби лаҳзаи ғуруб тиллоиранг менамуданд. Ҳеҷ гоҳ Саройи чорпоён барояшон ин қадар ҷолиб набуд, онҳо бо тааҷҷуб эҳсос карданд, ки магар ин Саройи чорпоён моли шахсии онҳо нест ва ҳар як ваҷаби он ба онҳо тааллуқ надорад? Вақте Кловер ба домани теппа менигарист, чашмонаш пур аз ашк шуданд. Агар вай ошкоро метавонист андешаҳои худро иброз кунад, он гоҳ мегуфт: мо на барои чунин ҳаёте, ки имрӯз дорем, насли одамро сарнагун кардем« Он шаби фаромӯшнашаванда, ки Мейори пир онҳоро барои барангехтани шӯриш даъват кард ва онҳо он рӯзи сар задани шӯришро бесаброна интизор буданд - он гоҳ ҳайвонот тасаввур намекарданд, ки замоне меояду чунин воқеоти даҳшатбор - ба мисли куштору хунрезӣ рӯй медиҳанд. Агар он вақт вайро дар бораи замони оянда мепурсиданд, ӯ мегуфт, ки ҷомеаи ҳайвонҳо ин як ҷомеаи ҳайвоноти аз гуруснагӣ ва аз зери тозиёна озодшударо монда, ҳама баробарҳуқуқанд ва ҳар як ҳайвон мувофиқи қобилияти худ кор хоҳанд кард. Ҳайвоноти қавӣ ҳайвоноти нотавонро - чуноне ки вай шаби суханронии Мейори пир гурӯҳи чӯҷаҳои гумшудаи ғозро барои наҷот додан дар гирди пойи худ ҷамъ карда буд - муҳофизат бояд намоянд. Ба ҷои ин - вай намедонист, ки чаро - замонае расидааст, ки ҳеҷ як ҳайвон ҷуръат намекунад фикри худро баён намояд, сагҳои бераҳм тамоми ҷойро гашта, ҳамаро назорат мекарданд ва рафиқоне, ки агар ҷиноятҳои кардаашонро эътироф мекарданд, пора-пора мегардиданд.

Вай ягон фикр дар бораи муқовимат кардан ва ё шӯриш бардоштан надошт. Ба ҳар сурат вай мефаҳмид, ки вазъашон назар ба рӯзҳои замони Ҷонс хеле беҳтар аст ва пеш аз ҳама, бозгашти одамонро ба Саройи чорпоён бояд пешгирӣ менамуданд. Ӯ дар ҳар ҳолате, ки набошад, ба Напалеон содиқ мемонад, сахт меҳнат мекунад, фармонҳои ӯро сари вақт ва бечунучаро иҷро хоҳад кард. Ба ҳар ҳол онҳо инро орзу надоштанд ва ба умеди ин заҳмат намекашиданд. Ва ҳамаи ин, на барои сохтани Нерӯгоҳи барқии бодӣ ва ё на рӯ ба рӯ шудан бо яроқи Ҷонс буд. Чунин буданд фикрҳои Кловер, гарчанде ки барои баён кардани онҳо ӯ калимаҳои лозимиро пайдо карда наметавонист.

Ниҳоят, вай ғаму андӯҳи худро тавассути суруди “Ҳайвоноти Англия” бароварданӣ шуд.

Ҳайвонҳои дигар, ки дар гирди ӯ нишаста буданд, сари овози ӯро гирифта, ҳама якҷоя онро се маротиба, бо овози паст, оҳиста ва хеле ғамгинона, ки то ҳол ягон бор онро чунин нахонда буданд, суруданд. Онҳо навакак бори сеюм онро хонда буданд, ки Вингосӣ бо ҳамроҳии ду саг барои гуфтани чизи муҳимме ба онҳо наздик шуд. Ӯ эълон кард, ки бо фармони махсуси рафиқ Наполеон минбаъд хондани суруди “Ҳайвоноти Англия” барҳам дода шуд. Аз ин ба баъд хондани он манъ аст.

Ҳамаи ҳайвонот ҳайрон шуданд.

“Чаро?” - хитоб кард, Мориел.

“Дигар хондани он лозим нест, рафиқ,” -- қотеона гуфт, Вингосӣ. “Ҳайвоноти Англия” - суруд барои барпо кардани шӯриш буд. Аммо шӯриш акнун ба охир расидааст. Дирӯз ба қатл расонидани хоинон ин амали охирин буд.

Душманони берунӣ ва дохилӣ торумор карда шуданд. Тавассути суруди “Ҳайвоноти Англия” мо орзуи худро дар бораи ҷомеаи нав ва рӯзҳои беҳтарини оянда баён кардем. Акнун мо чунин ҷамъиятро барпо намудем. Ин суруд моҳияти худро гум карда, дигар он ягон ҳадаф надорад”.

Новобаста аз тарсу ваҳме, ки онҳоро фаро гирифта буд, баъзе ҳайвонҳо эътироз мекарданд, аммо дар ин лаҳза гӯсфандон чун ҳарвақта, ба шиорпартоии маъмулии худ “Чор пой хуб, ду пой бад” оғоз карда, онро чанд дақиқа такрор карданд ва бо ҳамин баҳс ба охир расид.

Ҳамин тариқ, суруди “Ҳайвоноти Англия” дигар шунида нашуд. Ба ҷои он шоир - Минимус суруди дигаре эҷод карда буд, ки чунин оғоз меёфт:

Манзили худро, ки бо гулдаста зиннат додаем, Мо аз ин анвои мева хӯрда лаззат мебарем.

Ҳар субҳи рӯзи якшанбе пас аз барафрохтани парчам ин суруд хонда мешуд.

Аммо на калима ва на оҳанги ин суруд ҳеҷ гоҳ ба мисли суруди “Ҳайвоноти Англия” арзиш надошт.

пешина
аз 11
навбатӣ