Зеҳн
Самурае, ки шамшер надорад

Асари нависандаи Ҷопон Китами Масао. Дар он сирру асрори сарвари хирадманд, арбоби таърихию машҳур ва афсонавии Ҷопони асри XVI Тоётоми Хидэёсӣ, ки имкон дорад бо муваффақият дар асри ХХІ мавриди истифода қарор дода шаванд, ба таври содда ва оммафаҳм баён гардидаанд. Асари Китами Масао барои доираи васеи хонандагон пешбинӣ шудааст.

Барномасоз · 16 сентябри 2026 · 30 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ТАШКИЛОТИ ХУДРО ЧӢ ГУНА МЕТАВОН СОЗМОН ДОД

Таърихи баромадани ман ба қуллаи сарварӣ – ин таърихи истифодаи қадру қиммати одамони боистеъдод, махсусан онҳое, ки дорои сифатҳои сарварӣ буданд, ба шумор меравад. Амалҳои муштарак бартарии моро бар дилхоҳ ҳарифон таъмин намуданд. Вале бартарӣ бар ҳариф – ин ними кор аст. Таърих бисёр сарварони муваффақро дар ёд дорад, ки баъди расидан ба қуллаи баланд, аз комёбиҳои бадастовардаашон хотирҷамъ гардида, аз решаҳояшон канда шуданд ва заминаро барои сарнагун шуданашон омода кардаанд. Сарваронеро, ки манфиати худро таъқиб менамоянд, шикасти ногузир интизор аст.

Дилхоҳ ташкилоте, ки барои комёбии тӯлонӣ кӯшиш ба харҷ медиҳад, вазифадор аст қарзи худро дар назди ҷамъияте, ки дар он пайдо шудааст, адо намояд. Бинобар сабаби он ки онҳо дар як замин зиндагӣ мекунанд, он чизе, ки ба як нафар зарар мерасонад, осеби он ба дигар кас низ мерасад. Агар шумо омода ҳастед, бузург шавед, бояд якҷоя калон шавед.

Аз гаранг истодан дида, ҷустуҷӯ кардан беҳтар, аз насиҳат кардан, вазифа гузоштан хубтар аст Эҳтимол, ягон вақт дар бораи ман хоҳанд гуфт, ки фаъолияти худро ба сифати соҳибкори инфиродӣ оғоз намудаам ва зиндагии худро бо мушкилот паси сар мекардам, ба савдои чакана машғул шуда, ба ҳама коре, ки имконияти пул кор кардан дошт, даст мезадам. Сипас, маро ба корхонаи на он қадар калон, вале тез рушдёбанда – қабилаи Ода ба кор гирифтанд. Соли 1574 бароям дар пешравӣ дар мансаб марҳилаи муҳим гардид: княз Нобунага ба ман ҳуқуки соҳибӣ кардани заминро дод, ки дар он мебоист қалъаи Нагахамаро бунёд мекардам. Ин аввалин мулки ман ба шумор мерафт, ки барои он худам танҳо масъулият бар дӯш доштам. Акнун ман ба ҷузъе аз ташкилоти бузурги Ода, ки моликияти худам буд, роҳбарӣ мекардам. Як замоне ман ба ҳамсарам ваъда карда будам, ки дар яке аз рӯзҳои зебо вай хонуми қалъа мегардад.

Ва инак, ваъдаи мазкур иҷро гардид ва ман соҳибмулки комилҳуқуқи қалъа ва замин гардидам.

Аммо амалӣ намудани орзӯям барои ман ба санҷиши ҳақиқӣ мубаддал гардид. Вақте ман корманди кироя будам, бар ивази иҷрои ӯҳдадориҳои зарурӣ ба ман маоши бисёр медоданд ва тамоми хароҷоти ҷориамро мепӯшониданд.

Вале соҳиби қалъа барои ҳама чизе, ки ба вай тааллуқ дорад, аз қабили одамон, заминҳои гирду атроф ва дигар моликият масъулият бар дӯш дорад. Бори ғаму ташвиш, ки ба дӯши сарвар зам мешаванд, даҳ баробар зиёд мегардад. Сарваре, ки ташкилоти бузург ва мустақилро роҳбарӣ мекунад, бояд барои комёбии молиявии он масъулият бар дӯш дошта бошад ва мустақилона қарорҳои мушкилро қабул ва ҳаллу фасл намояд.

Азбаски ҳар даймё ё князи мулкдор бояд на танҳо дар бораи қалъаи худ, балки шаҳри дар гирду атрофи вай қарордошта ғамхорӣ намояд, дар баробари соҳаи низомӣ, доираи ӯҳдадориҳои ман ҳамчунин бахши тиҷорат ва идораи маъмуриро фаро гирифтанд. Акнун ба ман на танҳо самурайҳо, балки мудирҳои кирояе (менеҷерҳое) зарур буданд, ки аз ӯҳдаи иҷрои садҳо вазифаҳо баромада тавонанд. Ман ба зудӣ камбуди кормандони салоҳиятдорро ҳис кардам ва аввалин бор то чӣ андоза муҳим будани омили инсониро дарк кардам!

Дере нагузашта, баъд аз қабул намудани бори гарони масъулияти сарварӣ, худро бо дастони пеши бар дар назди маҳсулоти сохтмонӣ нишаста дарёфтам ва намедонистам чӣ гуна одамонеро, ки шумораашон ниҳоят кам аст, барои иҷрои кор тақсим намоям.

– Бо чанд тан аз мутахассисони ботаҷриба, – фикр кардам ман бо овоз, – мо бо андозаи зарурӣ пеш нахоҳем рафт. Албатта, мумкин аст, оид ба қабули кормандони иҷора эълонҳо паҳн намоем, вале оё мо метавонем дар мӯҳлати кӯтоҳ онҳоро омӯзонем ва аз рӯйи иҷрои вазифаҳои муҳим бароем?

Собиқ зоҳид, Хамбэй, ки мушовири низомии ман ба шумор мерафт, дар паҳлӯям нишаста буд. Дар ҷавоб ба саволи ман табассум намуд.

– Наметавонед.

Ман интизор будам, ки вай боз ягон чиз мегӯяд, вале ӯ бо шавқ аз паси ман наззора бурда, хомӯш буд, гӯё мехост бубинад, ки оё ман метавонам амиқии суханҳояшро дарк намоям.

– Ташаккур барои чунин мулоҳизаҳои пурмазмун, – гуфтам ман ва бесаброна интизори шунидани шарҳи вай шудам.

– Вале ба ҷойи он ки чиро ман наметавонам иҷро намоям, беҳтар он аст бигӯям, ки ман чӣ корро анҷом дода метавонам.

Хамбэй бори дигар табассум намуд.

– Шумо онҳоро омӯзонда наметавонед,– такрор намуд вай. – Шумо танҳо метавонед он қобилиятҳоеро, ки онҳо доранд, суфта намоед.

– Эҳтимол, аз чунин маслиҳати вай дар чеҳраи ман норозигӣ падид омад, зеро ӯ қоҳ-қоҳ зада хандид ва идома дод:

– Ба ҷойи дар ин ё он ҷо ҷаспонидани эълонҳо, беҳтар аст бекор дар ҷое нанишинед, балки ба интихоби кормандон шахсан худатон машғул шавед. Чӣ гуна кор кардани одамонро бодиққат мушоҳида намоед, бароятон маълум хоҳад гардид, ки онҳо чӣ фоидае оварда метавонанд.

– Ба фикри ту, ман ба куҷо бояд равам?

– Ин кори осон аст, княз Хидэёсӣ. Мулки худро давр занед. Ба асп савор шуда, сайругашт намоед. Дар ҷашну айёмҳо хурсандӣ кунед. Ҳамаи он корҳоеро, ки бароятон маъқул аст, анҷом диҳед, вале дар ин вақт дар миёни одамон бошед ва бо ҳамаи онҳое, ки рӯ ба рӯ мешавед, сӯҳбат намоед. Чӣ гуна кор кардани зердастони худ – хоҳ сардори деҳа бошад, ё косибон, тоҷирон, рӯҳониён ва ё тоҷирон бошанд, назорат намоед. Баъди мушоҳида намудани кори онҳо бароятон муайян кардани беҳтаринҳояшон мушкил нахоҳад буд.

– Ҳамаи ин хуб аст, – розӣ шудам ман. – Вале, баъд аз он ки чунин одамонро пайдо менамоям, дар ҳама ҳолат ман бояд масоили омӯзонидани онҳоро ҳал намоям.

– Аз омӯзондан дида, вазифа гузоштан беҳтар аст, – ҷавоб дод Хамбэй. – Дар қадами аввал ба ҳар яки онҳо супоришҳои мушаххас диҳед. Сипас нишон диҳед, ки он чӣ гуна иҷро гардад. Баъд аз ин, фармон диҳед, ки корро оғоз намоянд.

Агар онҳо супоришро тавре зарур аст, иҷро намоянд, ба онҳо мукофот диҳед. Агар онҳо аз рӯйи виҷдон кор кунанд, вале ба натиҷае ноил нагарданд, барояшон иҷрои ягон кори дигарро диҳед. Ҳамчун ҷазо барои дар натиҷаи бедиққатӣ хато карданд, андозаи мукофоташонро кам кунед. Барои содир кардани рафтори ношоям аз кор хориҷ намоед. Ана ин ҳамаи он амалҳое мебошанд, ки анҷом доданашон зарур аст. Асрори идора кардан аз ҳамин иборат аст.

Солҳои мусофирӣ бароям муҳаббат ба сайругашт дар танҳоиро талқин намуданд ва дурнамои якҷоя кардани вақтгузаронии дӯстдоштанӣ бо ӯҳдадориҳои сарварӣ бароям ҷолиб намуданд. Ман қарор додам, муносибати аз ҷониби Хамбэй пешниҳодшударо истифода барам.

Барои аввалин экспедитсияи худ ман рӯзи шикор бо лочинро интихоб кардам. Аз шаҳр дуртар рафтам ва якчанд соат пай дар пай паррандаи дӯстдоштаи худро сар дода, аз тамошои санъати дар нӯги як пой чарх задан ва бо суръати баланди сарнишеб парвоз карданаш завқ бурдам.

Ин лаҳза хоҳиши нӯшидан пайдо шуд ва ба наздиктарин ибодатгоҳ даромадам.

– Дар ин ҷо касе ҳаст, – фарёд кардам ман. – Ман мехостам як пиёла чой нӯшам!

Ба хоҳиши ман зоҳид ҷавоб дода, ба зудӣ дар пиёлаи калони қаҳваранги сафолӣ чойи кафкдори кабуд омода карда, пешниҳод намуд. Ман бо сипосгузорӣ нӯшокии кафкдорро қабул намуда, бо як нафас пиёларо холӣ кардам ва бо қаноатмандӣ изҳор доштам, ки зоҳид чойи бо ҳарорати паст омода карданд, ки барои тез ҳазм шудан хеле хуб аст.

пешина
аз 30
навбатӣ