Самурае, ки шамшер надорад

Асари нависандаи Ҷопон Китами Масао. Дар он сирру асрори сарвари хирадманд, арбоби таърихию машҳур ва афсонавии Ҷопони асри XVI Тоётоми Хидэёсӣ, ки имкон дорад бо муваффақият дар асри ХХІ мавриди истифода қарор дода шаванд, ба таври содда ва оммафаҳм баён гардидаанд. Асари Китами Масао барои доираи васеи хонандагон пешбинӣ шудааст.
Барномасоз · 16 сентябри 2026 · 30 саҳифа
– Як пиёлаи дигар мумкин аст? – пурсидам ман.
Зоҳид хомӯшона сар ҷунбонида, ҳиссаи дуюми нӯшокиро омода сохт ва он ин дафъа каме гармтар буд ва пиёлаи калон танҳо то нимаш чой дошт. Ман боз бо ҳаловат нӯшокиро нӯши ҷон карда, дубора қайд намудам, ки чӣ гуна зоҳид барои қонеъ гардонидани хоҳиши меҳмони нохонда моҳирона ҳарорати чойро баланд ва ҳаҷми онро кам кардааст. Ман пиёлаи сеюмро хоҳиш кардам.
Ин дафъа бошад, зоҳид чойи сабзи сӯзон ва ниҳоят кам омода кард, ки ба ман лаззати баённопазир бахшид. Сарфи назар аз он ки ман номи худро нагуфтам ва ишорае ба мақоми худ накардам, ин зоҳид дар муносибати худ бо ман меҳрубонӣ ва мушоҳидакории фавқулодда зоҳир намуд.
Ман дарк кардам, ки ин одами соҳибхирад аст ва аз вай даъват намудам, бо ман ба қалъаи Нагахама баргардад ва дар он ҷо бо маслиҳати Хамбей ба вай супоришҳои яке аз дигар мушкилтар додам. Зоҳид, ки Митсунарӣ ном дошт, аз ӯҳдаи тамоми супоришҳои додашуда ба хубӣ баромад ва дар натиҷа яке аз содиқтарин надими ман ва яке аз шахсиятҳои марказӣ дар муттаҳид кардани мамлакат гардид.
Барои таъсиси ташкилони худ “асрори кор бо кормандон”: аз гаранг истодан дида, ҷустуҷӯ кардан беҳтар, аз омӯзондан, вазифа гузоштан хубтар аст –ро истифода баред.
Ба кор на пайравон, балки сарваронро қабул намоед Баъди такрор ба такрор давр зада гаштани вилояти Омӣ, шинос шудан ва сӯҳбат бо садҳо сокинон, ба он боварӣ ҳосил кардам, ки ба кор одамоне қабул кардан зарур аст, ки қобилияти на танҳо аз паси касе рафтанро дошта бошанд, балки аз паси худ дигаронро бурда тавонанд.
Митсунарӣ, зоҳиде, ки дар ҷараёни сайругашти якум ӯро киро карда будам, ба ин талабот сад дар сад мутобиқат мекард. Қобилиятҳои вай танҳо бо маҳорати баланд омода кардани чой маҳдуд намегардид. Вақте ман ба юриши ҳалкунанда бар зидди генерал Сибата, хатарноктарин ҳарифам аз қабилаи Ода рафтам, Митсунарӣ воситаи олиҷаноби фиреб додани душманро фикр карда баровард. Қушунҳои Сибата урдугоҳи худро дар куҳҳо болотар аз қалъаи мо ҷойгир карданд. Шабона Митсунарӣ барои дар майдонҳои шолизори воқеъ дар доманаи кӯҳи Сидзугатакэ ҷо ба ҷо кардани хӯсаҳо дар либоси аскарӣ, одамони худро равон намуд. Субҳгоҳон қумандонони душман поёнтар аз нишебӣ он чизеро диданд, ки ба назарашон дастаи калони аскарон намуд ва саросемавор ишораи ақибнишинӣ ба қуллаи куҳро доданд. Баъзан фиреби назар аз воқеият дида самараноктар аст!
Митсунарӣ ба ман даврони навҷавониамро ба хотир меовард: вай бо қомати баланд ва бозуи қавӣ аз дигарон фарқ намекард, ӯ дорои ақли расо ва меҳнатдӯстии бузург буд. Вай ёвари шахсии ман гардид ва ӯҳдадориҳои худро бо ҷидду ҷаҳди фавқулодда иҷро мекард. Як замоне дар ҷараёни тӯфон ӯ таҳти хавф ба ҷонаш тамоми шаб гирду атрофро давр зада, дар зери зарбаҳои шамолу борон роҳ кушод. Субҳгоҳон вай дар бораи харобиҳое, ки тӯфон ба қалъа расонида буд, ба ман ҳисоботи пурра пешниҳод кард. Барои тартиб додани чунин ҳисобот ба посбони оддӣ як рӯз зарур мешуд!
Дигар бахши фаъолият, ки Митсунарӣ маҳорати фавқулоддаи худро нишон дод, ин ҷалби одамони боистеъдод буд. Боре, вақте ӯ ҳоло вассали хурд буд ва маоши куҷак мегирифт, барояш муяссар гардид, ки самурайи ниҳоят қудратманд бо номи Ватабэро ба тарафи мо ҷалб намояд. Ман ҳайрон шудам. Ватабэ ба таври қотеона тамоми кӯшишҳои моро дар мавриди ба ҷониби мо гузаштанро рад мекард ва мегуфт, ки арзиши вай назар ба он нархе, ки мо барояш пешниҳод мекардем, панҷ маротиба зиёд аст. Ман ҳамон лаҳза ба назди Митсунарӣ рафтам, то ки бо сирри пешбурди музокироти вай шинос шавам.
– Чӣ гуна ба ту муяссар гардид, ки Ватабэро розӣ намоӣ? – мароқ зоҳир намудам.
– Медонед, – ҷавоб дод Митсунарӣ, – ман ба ӯ ваъда додам, ки тамоми маошамро барояш медиҳам, илова бар ин, вақте маошам зиёд шуд ва имконияти бештар ба дастам омад, иловапулии панҷкаратаи дархосткардаашро низ ба вай хоҳам дод.
– Вале, дар сурати бе маош мондан, рӯзгоратро чӣ гуна пеш хоҳӣ бурд?
– Умуман, – хандид Митсунарӣ, – ман умед дорам, ки аз Митсунарӣ қарз бигирам!
Ин танҳо яке аз амалҳои фидокоронаи вай дар ҷодаи ҷалб кардани одамони нав мебошад. Вақте ки Митсунарӣ дар Сидзугатакэ ӯҳдабароии тааҷҷубовари худро нишон дод, ман ба вай як мулки калонро ҳадя кардам. Баъд аз ин, дере нагузашта ба назди вай ташриф овардам, то бипурсам, акнун, ки соҳиби мулки калон гаштай, чанд вассалро ба хизмат қабул кардӣ.
– Ҳамагӣ як нафарро. Ин самурай бо номи Сакон, – ҷавоб дод Митсунарӣ.
Баъди шунидани ин ҷавоб, ман аз тааҷҷуб карахт шуда мондам. Сакон сарвари барҷаста, намояндаи табақаи асилзода ва афсаре буд, ки дар бораи қаҳрамониҳои вай дар майдони набард дар тамоми Ҷопон қиссаҳо паҳн шуда буданд. Ин фикр дар сарам ҳеҷ намеғунҷид, ки одаме чун Митсунарӣ, ки мақоми баланд надорад, чӣ гуна чунин самураеро ба мисли Сакон ба хизмати худ қабул намуд.
Барои амалӣ шудани ин мақсад, ӯ чӣ корро анҷом дод?
Буду шудаш, розӣ шуд, ки нисфи мулкашро ба Сакон диҳад!
Митсунарӣ “асрори ошкоро” – ро моҳирона истифода бурд: худ, ки аскар набуд, қарор дод, ин камбудиро бо киро кардани одаме, ки дорои истеъдоди барҷастаи ҳарбӣ мебошад, ҷуброн намояд. Баъди чунин амал кардан, вай “асрори мубодила”– ро татбиқ намуд: тамоми заминҳои худро дод, то ки ба ташкилот кумак расонад.
Ин зоҳиди собиқ маҳоратҳои сарварии худро гаштаю баргашта намоиш медод. Бо ташаббуси худаш вай дар он замони мушкил, ки дилхоҳ иқдоми ғалат метавонист ба фалокат оварда расонад, бо баъзе душманон якчанд музокироти душворро ба таври олиҷаноб анҷом дод. Дафъаи дигар, ӯ супориши таъмини моддӣ – техникии юриши ҳарбии артиши дусадҳазораи Одаро бисёр хуб иҷро намуд.
Ба туфайли истеъдоди нотакрори худ дар самти ҷалб намудан ва нигоҳ доштани одамони бомаҳорат, Митсунарӣ ба бозигари калидӣ ва пасипарда дар муборизаи ман барои муттаҳид сохтани кишвар мубаддал гардид.
Баъди ба кор қабул кардани вай, ман худро ончунон ҳис намудам, ки гӯё нусхаи худро ба даст овардам ва ба замми он, ба арзиши як нафар, даҳ нафар одамони бомаҳоратро кироя кардам.
Оё Шумо мехоҳед, ки шоҳиди рушди ташкилоти худ шавед? Дар ин сурат “асрори айнан ба вуҷуд овардани амсоли худро” таҷриба намоед: ба кор на пайравон, балки сарваронро қабул намоед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё