Зеҳн
Самурае, ки шамшер надорад

Асари нависандаи Ҷопон Китами Масао. Дар он сирру асрори сарвари хирадманд, арбоби таърихию машҳур ва афсонавии Ҷопони асри XVI Тоётоми Хидэёсӣ, ки имкон дорад бо муваффақият дар асри ХХІ мавриди истифода қарор дода шаванд, ба таври содда ва оммафаҳм баён гардидаанд. Асари Китами Масао барои доираи васеи хонандагон пешбинӣ шудааст.

Барномасоз · 16 сентябри 2026 · 30 саҳифа

Ҳикоя

АСАРИ ТАЪРИХӢ АСТ

Хонандагони ниҳоят гиромӣ, дӯстдорон ва ҳаводорони адабиёти бадеии Ҷопон, бо арзи каломи самимӣ иброз менамоям, ки баъди бештар аз панҷ соли танаффус боз баргаштем, то ки асарҳои нависандагони ин кишвари тулуъкунандаи офтобро тарҷума ва бароятон пешкаш намоем. Соли 2019 романи нависандаи барҷастаи Ҷопон Кобо Абэ “Хонуме дар регзор”-ро, ки ба андешаи аксарияти мунаққидони адабиёти бадеӣ, яке аз асарҳои беҳтарини натанҳо ин нависанда, балки адабиёти нимаи дуюми асри гузаштаи ин кишвар ба шумор меравад, тарҷума ва нашр намуда будем. Ҳамчунин то ин замон, ҳикояҳо, новеллаҳо, қиссаҳо ва романҳои ниҳоят ҷолибу хондании адибони машҳур ва номдори Ҷопон, аз қабили Рю Муракамӣ, Тэру Миямото ва Тэтсуо Миура тарҷума ва манзури дӯстдорони адабиёти бадеӣ гардонидем.

Ва инак, асари таърихие, ки алҳол дар дасти Шумо ҳаст, “Самурае, ки шамшер надорад” ном дошта, ба нависандаи Ҷопон Китами Масао тааллуқ дорад ва ба шарҳу тафсири воқеаҳои асри XVI-и ин кишвар бахшида шудааст. Асрори сарварие, ки барои расидан ба қуллаҳои шӯҳрат сарлашкари таърихӣ ва афсонавии Ҷопон Тоётоми Хидэёсӣ истифода бурдааст, ба андешаи таърихнигорон, фармонбардори замон нестанд.

Китоби “Самурае, ки шамшер надорад” сазовор аст мавқеи худро дар қатори чунин сарчашмаҳои классикии ҳикмати шарқиёна, аз қабили “Аҳдномаи байналхалқӣ дар бораи санъати ҷангӣ”-и Сун–тсзӣ ва “Китоби панҷ ангушттарин-и Миямото Мусисӣ ишғол намояд. Ин принсипҳои ҳаматарафа, стратегияҳо ва тактикаҳо имрӯз ба дилхоҳ касе, ки мехоҳад дар тиҷорат ва зиндагӣ комёбӣ ба даст оварад, кумак мекунанд.

Ва ниҳоят, камина аз хонандагони азиз ва ниҳоят гиромӣ умед бар он дорам, ки чанд кӯшишу заҳматҳои хоксоронае, ки дар ҷараёни тарҷума ва омода намудани ин асари воқеан ҳам арзандаи нависандаи Ҷопон Китами Масао таҳти унвони “Самурае, ки шамшер надорад”, ба харҷ расонидаам, ба шумо писанд хоҳад омад ва баъди мутолиа он барои худ ва наздиконатон суди арзишманде дарёфт хоҳед кард.

Бо камоли эҳтиром ва ҷаҳони сипос, Абдуғаффор Қурбонов ПЕШГУФТОР.

Хидэёсӣ сарвари аз ҳама хуб ва ниҳоят ғайриоддӣ дар таърихи Ҷопон ба шумор меравад.

Ӯ соли 1536 дар оилаи деҳқони камбағал ба дунё омадааст. Зоҳиран ягон чизе аз қисмати ҳайратангезаш дарак намедод. Хидэёсӣ қади паст дошт, хурдҷусса ва заиф ба назар мерасид, бесавод ва бадафту зишт буд. Гӯшҳои чаппарак, чашмҳои дар чуқурӣ ҷойгирифта, пайкари бемадор ва чеҳраи сурху пурожанг ӯро ба таври ҳайратовар ба маймуни антар монанд мекарданд. Маҳз барои ҳамин ба ӯ лақаби Маймун дода буданд.

Хидэёсӣ дар авҷи даврони пурошӯби “асри муборизаи сулолаҳо“ ба дунёи ҳастӣ ворид шуд, ки мартабаи баланди ҳарбӣ ё дараҷаи рӯҳонӣ барои деҳқони шӯҳратпараст ягона воситаи раҳоӣ ёфтан аз меҳнати пурмашаққату сангин ба шумор мерафт. Аз ҳад зиёд хоксорона будани маълумотҳои ҷисмонӣ (қад якуним метр, вазн панҷоҳ килограмм ва қоматхамидагии аз ҳад зиёд) имкон намедоданд, ки дар ҷодаи низомӣ ба комёбиҳо ноил гардад.

Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, ӯ тавонист ба мисли ситора ба қуллаҳои сарварӣ парвоз намояд ва кишварро, ки бар асари ҷангҳои дохилӣ пора-пора шуда буд, муттаҳид созад. Дар ин сурат, чӣ гуна ӯ ба ин ноил гашт?

Қувваи иродаи оҳанин, зеҳни мисли поку тез, матонати хамнашаванда ва дарки амиқи руҳияи инсон – маҳз ҳамин сифатҳо ба Хидэёсӣ имкон доданд, ки “аҳли шакро ба хизматгорони вафодор, душманонро бошад, ба иттифоқчиён мубаддал созад“.

Ин самураи бе шамшер, ки дар ҷодаи аз худ кардани санъати ҳарбӣ қуллаҳои махсусро ба даст наовард, аз аслиҳаи дигар истифода бурд. Бартарӣ пайдо кардан аз ҳарифони асилзодаи худ ва ба вазифаи ҳокими Ҷопон таъин шудан ба ӯ ҳазли ҳақирӣ, ҳиллагарӣ ва маҳорати пешбурди музокирот кумак карданд. Дар ҷомеаи иерархӣ, ки қонунҳои пойдори сарҳадҳои табақавӣ ҳукмронӣ мекарданд, Хидэёсӣ қаҳрамони рондашуда, намунаи ибрат барои ҳар касе, ки талабгори ба дасти худаш ҳал намудани тақдираш мебошад ва кӯшиш мекунад ба мисли қаҳрамонҳои Горатсио Алгера2, “аз гадоӣ ба шоҳӣ” ба қуллаи мақсад бирасад, гардид. Соли 1590 Хидэёсӣ ҳокими олии Ҷопон таъин қарда шуд.

Баъди аз ҷониби император Гоёдзэя унвони ноибуссалтана (регент)-ро ноил шудан, ӯ аз имкониятҳои ҳокимияти шоҳӣ ба таври зарурӣ истифода бурд.

Дарбори шоҳ вайро бо насаби ашрафонаи Тоётомӣ, ки маънои “вазири олиҳиммат”-ро дорад, мушарраф гардонид.

Муаррихон давраи ҳукмронии Хидэёсиро якранг баҳо намедиҳанд, вале дар ҳама ҳолат комёбиҳои ҳайратангези ӯ нокомиҳоро панаҳ мекунанд ва шуҳрати ин сарлашкари барҷаста ва арбоби давлатӣ ҳатто баъди маргаш (1598) идома меёфт. Ҳаёти Хидэёсӣ дар тарҷумаи ҳоли муфассали расмии “Тайкоки” (“Қисса дар бораи тайко”), ки маротибаи аввал соли 1625 ба нашр расид, тасвир ва обуранг дода шудааст.

Эйдзи Ёсикава, “Номуси самурай” (Таiko) 2. Горатсио Алгер (1834-1899) – нависандаи амрикоӣ, муаллифи саргузаштҳои сершумори табдилёбии камбағалон ба сарватмандон.

Имрӯз, бо гузашти чор аср, номи Хидэёсиро ҳар як хонандаи ҷопонӣ медонад; ба ифтихори ӯ ва қаҳрамониҳои вай асарҳои тарҷумаҳолӣ, романҳо, пэсаҳо, филмҳои хонандаи ҷопонӣ медонад; ба ифтихори ӯ ва қаҳрамониҳои вай асарҳои тарҷумаҳолӣ, романҳо, пэсаҳо, филмҳои бешумор ва ҳатто бозиҳои видеоӣ бахшида мешаванд.

Самурайҳо – амсоли сарварони намунавӣ Дар назари хонандаи муосир симои самурай ба ҳайси нақши намунавии дорандаи сифатҳои сарварӣ шубҳаомез ба назар мерасад. Дар маҷмӯъ, сипоҳиҳои ҷопонии даврони феодализм бо услуби баръало ғайридемократии сарварӣ ва пайравии принсипҳои итоати бечунучаро ва вафодории бедареғ ба ҷанобашон гумон аст, ки ба одамони кордони муосир ҳамчун намунаи ибрат хизмат кунанд.

Тавре маълум аст, самурайҳоро қаҳрамониҳояшон дар майдони ҷанг маълуму машҳур гардониданд ва ба ҳеҷ ваҷҳ на идораи моҳиронаи технологияи идоракунӣ. Аксарияти онҳо корчаллонҳои нокора буданд ва дар соҳаи тиҷорат тасаввурот ҳам надоштанд ва зуд-зуд қурбони фиреби густохона дар мубодилаи тиҷоратӣ мегаштанд.

Аз ин рӯ, маҳз барои ҳамин шахсияти Хидэёсӣ сазовори таваҷҷӯҳи мо мебошад. Дар қиёс ба дигар самурайҳо, ки аз маҳорати корчаллонӣ батамом маҳрум буданд, Хидэёсӣ худро тоҷири кордон нишон дод. Дар пасманзари ҳамкорони беадаб ва золим вай сарвари хуб ва деҳқон ба назар мерасид ва тавонист ба туфайли иродаи матин намояндагони табақаи асилзодаҳоро ба худ тобеъ намояд.

Ноӯҳдабароии вай ҳангоми истифодаи шамшер бо маҳорати баланди ташкилотчигӣ барзиёд ҷуброн карда мешуд:

Хидэёсӣ ба таври олӣ метавонист одамонро ҷалб ва киро намояд, нигоҳ дорад, мукофот диҳад, ба вазифаҳои болотар таъин кунад, ки инро метавон намуди феодалии корпоратсияи осиёии муосир номид. Имрӯз муносибати вай ба сарварӣ мисли чор аср пеш наву ҷавобгӯ боқӣ мемонад.

Дар насиҳатҳои Хидэёсӣ андешаҳо дар бораи он ки сарвар худаш бояд хидматгори одамон бошад, на ин ки онҳоро гуломи худ созад, ҳамчун риштаи сурх намоён мегардад. Дар рӯзгори мо ин принсипи ахлоқӣ хеле кам истифода бурда мешавад. Ба андешаи Хидэёсӣ, ҳиссиёти калидие, ки роҳбарони ҳақиқиро водор мекунад ҳаёти худро ба хидмати дигарон бахшанд, - ин эҳсоси сипосгузорӣ мебошад. Эҳтимол, шумо ҳам, мисли ман, дармеёбед, ки чунин муносибат ба сарварӣ дар ҷомеаи муосир то чӣ андоза таъсири сахт мерасонад ва чи гуна айнияти тааҷҷубовар миёни корнамоиҳои шоҳи–Маймун ва проблемаҳои ниҳоят вазнини сиёсии асри бисту як дида мешавад. Хидэёсӣ ҳамчунин аз бисёр роҳбарони имрӯза ба мисли ҳамзамонони худ – самурайҳои чорсад сол пеш фарқ мекунад.

Вале агар Хидэёсӣ самураи ғайримаъмулӣ бошад, пас самурайҳои дигар дар маҷмуъ чӣ гуна одамон буданд?

Ба кадом синфи иҷтимоӣ тааллуқ доштанд?

Таърихи мухтасари самурайҳо Таърихи самурайҳо дар асри ҳафтуми эраи мо, вақте дар Ҷопон табақаи Ямато, ки пешвоёни онҳо асосгузори сулолаи хонадони шоҳӣ гардиданд, оғоз ёфт. Калимаи “Самурай” дар ибтидо маънои “касе, ки хизмат мекунад”-ро дошт ва ба одамони асил ва номӣ, ки аъзои дарбори шоҳро муҳофизат мекарданд, тааллуқ дошт. Ин принсипи ахлоқии хизмат кардан ба асоси ташаккулёбии решаҳои иҷтимой ва маънавии табақаи наҷибонаи самурайҳо замина гузошт.

Бо мурури замон ба намояндагони табақаи Ямато таъмини идораи мутамаркази мамлакат душвор гардид ва онҳо иҷро вазифаҳои низомӣ, маъмурӣ ва андозбандиро ба ҳарифони собиқи худ, ки ба губернаторҳои минтақавӣ мубаддал гашта буданд, вогузор намуданд. Дар баробари он ки табақаи Ямато ва дарбори шоҳ заиф мегашт, ҳокимон дар маҳалҳо қудратманд мешуданд. Бо гузашти як муддат баъзе аз онҳо мақоми даймё – князҳои феодалӣ гирифта, мустақилона аз ҳукумати марказӣ мулкҳои худро идора мекарданд.

Соли 1185 княз Миномото Ёритомо, губернатори музофотҳои шарқӣ ва насли дури авлоди шоҳ дар мамлакат тартиботи диктатураи ҳарбӣ ҷорӣ намуд. Аз ҳамин сана ворид шудани Ҷопон ба давраи феодализм оғоз ёфт (1185-1867). Шакли идораи кишвар, ки Ёритомо ба он асос гузошт, сёгунат ном гирифт ва дар Ҷопон қариб ҳафтсад сол амал кард. Устувории сиёсӣ, ки тавассути Минамото дар соли 1185 ба даст омада буд, дер давом накард.

Ҳокимият то барҳам хӯрдани тартиботи идораи муттамарказонидашудаи ҳарбӣ дар соли 1467, бо навбат ба дасти табақаҳои ҷангкунанда мегузашт. Ҷопон ба гирдоби бесаресомонию беҳокимиятӣ кашида шуд. Ҳамин тавр, задухӯрдҳои ғамангезу машҳури “давраи бархурдҳои музофотҳо”, садсолаи муборизаҳои хунини князҳо, ки мулкҳои худро ҳимоя мекарданд ва кӯшиш менамуданд, бар ҳарифи худ ғолиб оянд, бо ин мақсад аз суиқасд, иттифоқҳои сиёсӣ, никоҳҳои сулолавӣ, писархондӣ ва духтархондии дутарафа ва ҳамчунин аз амалиётҳои ошкорои ҳарбӣ истифода мебурданд. Дар ҷангҳои бераҳмона барои муттаҳид намудани қудрати ҳокимият даймё бисёр вақт фарзандони худ ва ҳатто волидайни хешро ба қатл мерасониданд.

Дар замони ба давраи пурошуби ҷанги дохилӣ фурӯ рафтани Ҷопон, хизматчиёни силоҳдори ҳукуматӣ, қумондонони дастаҳои пулис ва аскарони касбӣ, - кутоҳи гап, ҳамаи онҳоеро, ки шамшер доштанд ва омода буданд онро истифода баранд, самурай меномиданд.

Сарфи назар ба ин, ҳама бесарусомониҳои давраи беҳокимиятии низомӣ, дар Ҷопони феодалӣ, иерархияи сахти ҳокимият нигоҳ дошта мешуд. Ҳокими расмӣ император, насли Худои офтоб Аматэрасу, ки дар назди ӯ ҳар як шаҳрванди кишвар вазифадор буд ба зону истад, ба ҳисоб мерафт. Аммо мақом ва қудрати император қариб, ки рамзӣ буданд; дар амал онҳо бо тақсими унвонҳои расмӣ маҳдуд мешуданд. Император ба пуррагӣ аз князҳои сарватманд, ки нигоҳдории дарборро маблағгузорӣ мекарданд, вобаста буд ва дар идораи амалии кишвар ягон нақшро иҷро намекард. Баъд аз император дар зинаи иҷтимой асилзодагони дарбор, ки аз шоҳзода, шоҳдухтар ва дигар олимансабон аз авлоди император иборат буданд, ҷойгир шудаанд. Асилзодагон аз идораи амалии кишвар хориҷ карда шуда буданд ва таъмини хона ва оилаҳои худро аз ҳисоби молу мулки ба меросгирифта ва маблағҳои аз князҳои амлокдор воридшуда, таъмин мекарданд.

Аз рӯйи тобеияти расмӣ сёгун дар итоати ашрофзодагон қарор дошт, вале дар асл бошад, ин одам тамоми ҳокимияти воқеиро дар даст дошт ва дар назди вай на танҳо ашрофзодагон, балки худи император ҳам нотавон буд. Ин ҳокими олии ҳарбӣ вазифаи президент ё сарвазирро иҷро карда, оид ба идораи кишвар ҳамарӯза қарорҳо қабул мекард. Бесарусомониҳое, ки дар давраи ҷангҳои байни музофотҳо ҳукмрон гашта буд, мавҷуд набудани сёгуни дорои обрӯи раднопазир дар кишвар маънидод карда мешуд. Вазифаи асосии ин давра дар таърихи Ҷопон кӯшиши чунин князҳои мансабпарасти музофотӣ, аз қабили Ода Нобунага, ҳомии Хидэёсӣ, ки мехостанд барои худ ба Киото роҳ кушоянд ва аз император унвони сёгун гирифта, мамлакатро муттаҳид созанд, иборат буд.

Зинаи дигари норбони иҷтимоӣро дорандагони унвони даймё (“номи калон”), князҳои меросии феодалӣ, ки табақаҳои бузургро роҳбарӣ мекарданд, дорои мулки калони меросӣ буданд ва артиши сершумор дар ихтиёр доштанд, ташкил медоданд.

Баъзе аз онҳо ҷанговарони бомаҳорате буданд, ки аз сифр артишҳои музофотӣ таъсис медоданд, дигарон бошанд, губернаторҳое буданд, ки ҳокимияти марказиро эътироф намекарданд ва ба ҳокимони мустақили музофотӣ табдил ёфта буданд.

Дар баробари ин, вассалҳои маккор (заминдорони мутеи феодали калон буданд), ки ҳокимияти сюзеренҳои (мулкдорони калон, ки аз болои вассалҳои худ ҳукмронӣ мекарданд) аз ҳад зиёд зудбовари худро ғасб карда буданд.

Даймё дар заминҳои нав қалъаҳо месохтанд, шаҳрҳои бузургро идора мекарданд ва аз ҳисоби андозҳои сокинони шаҳр ва деҳқонон зиндагии худро таъмин менамуданд.

Баъд аз ин, дар иерархияи ҷамъиятӣ самурайҳое ворид шуда буданд, ки дар хизмати даймё қарор доштанд. Беҳтарини ин сипоҳиёни асримиёнагии Ҷопон ба сюзеренҳои худ содиқона вафодор буданд ва кодекси ору номуси бусидоро ба таври қатъӣ риоя мекарданд (маъмулан ин истилоҳ ҳамчун “ормони сипоҳӣ” ё ҷодаи сипаҳсолор”) тарҷума карда мешавад.

аз 30
навбатӣ