Самурае, ки шамшер надорад

Асари нависандаи Ҷопон Китами Масао. Дар он сирру асрори сарвари хирадманд, арбоби таърихию машҳур ва афсонавии Ҷопони асри XVI Тоётоми Хидэёсӣ, ки имкон дорад бо муваффақият дар асри ХХІ мавриди истифода қарор дода шаванд, ба таври содда ва оммафаҳм баён гардидаанд. Асари Китами Масао барои доираи васеи хонандагон пешбинӣ шудааст.
Барномасоз · 16 сентябри 2026 · 30 саҳифа
Суханони Хамбэй маро ба ҳайрат овард. Албатта! Барои чӣ ман пештар дар ин бора фикр накардам? Аъзои қабила бисёр вақт барои дар байни худ тақвият додани робитаҳои хешутаборӣ, фарзандони якдигарро ба писарӣ қабул мекарданд. Дар баъзе мавридҳо ҳатто кӯдаконро аз дигар қабилаҳо писархонд мекарданд. Ин усули стратегӣ ба таври васеъ истифода мешуд, вале аз чӣ бошад, ки то ҳанӯз фикри истифодаи он ба сари ман наомада буд. Ҳамсари ман безурриёт буд ва то ҳоло чунин фикр доштам, ки надоштани фарзанд дар оила мавқеи маро дар қабила заиф мегардонад. Маслиҳати Хамбэй маро маҷбур кард, “асрори зинда мондан”: ноомади корро ба комёбӣ мубаддал созед – ро ба хотир оварам. Ман метавонистам тарафи заифии худро ба тавоноӣ мубаддал созам!
Ман дафъатан бо ҳамсарам маслиҳат карда, барои княз Нобунага пешниҳоди худро омода ва манзур намудам.
Хушбахтона, ӯ хайрхоҳона онро қабул намуд ва нигоҳубину ғамхории фарзанди чоруми худ – Хидэкатсуро ба мо бовар кард. Чунин маслиҳатҳои арзишманд, аз қабили он ки ман аз Хамбэй гирифтам, ниҳоят камёб мебошанд!
Муътақид бар он ҳастам, ки ин писархондӣ боварии княз Нобунагаро ба садоқати бепоёни ман нигоҳ дошт.
Бо гузашти солҳо Хамбэй нақшаи ниҳоят хуби ишғол кардани қалъаи Миккиро пешниҳод кард. Бо воситаи ҳамла ба даст овардани ин қалъаи боиқтидор танҳо бар ивази талафоти зиёд имконпазир мешуд, бинобар ин, ғояи Хамбэй аз қатъ кардани роҳҳои ба муҳофизони он дастрас кардани озуқаворӣ иборат буд. Аммо дар ҷараёни муҳосираи қалъа ӯ ногаҳон бемор шуд ва дар урдугоҳи қувваҳои мо вафот кард. Дар дақиқаҳои вопасини ҳаёташ ман дар паҳлӯи вай қарор доштам. Дар он лаҳза, ман дастони сардшудаистодаи вайро нигоҳ дошта, ба марги самурайи бузург ва дӯст гиря мекардам. Хамбэй ба ман бисёр чизҳоро омӯзонд, аммо аз ҳама арзишмандтаринаш ин “асрори самимият”: ба кор касеро қабул намоед, ки ягон корро аз шумо дида, беҳтар иҷро карда метавонад, ба шумор меравад.
Маслиҳатҳои завҷа ё шавҳарро ба инобат бигиред Аз ҳамаи одамоне, ки сарварро иҳота мекунанд, ба ҷуз ҳамсари қонунӣ дигар ягон нафар ба ин андоза бо вай наздик ва алоқаманд нест. Оё ба Шумо чунин хушбахтӣ насиб гардидааст, ки худро бо риштаҳои никоҳи қонунӣ пайванд карда бошед? Агар чунин бошад, ин бартариро истифода баред ва ба маслиҳатҳое, ки танҳо завҷа ё шавҳар дода метавонанд, гӯш диҳед.
Нэнэ, зане, ки интизорӣ мерафт ҳамсари ман шавад, дар қалъаи Киёсу зиндагӣ мекард. Мо замоне бо ҳам шинос шудем, ки он вақт ман дар зиндагӣ ба ягон комёбие ноил нагашта будам ва гузашта аз ин, вай аз ман хеле ҷавон буд. Аммо, дар ҳама ҳолат, Нэнэ ба ман дафъатан маъқул шуд ва аз ин ба баъд барояш номаҳои ошиқона равон мекардам. Вай дар навбати худ ба онҳо ҷавоб медод ва баъди чанде мо якдигарро дӯст доштем.
Волидайни вай баъди огоҳ шудан аз муносибати мо ба хашм омаданд. Онҳо қатъиян зидди фотеҳа шудани мо буданд ва ин қисман ба деҳқонзода будани ман алоқамандӣ дошт. Аз назари дигарон пинҳон кардани тарзу рафтори дағалонаи деҳотӣ имконнопазир буд, вале то он замон дар ҷамъияти шоиста аллакай боадабона ва дилпурона рафтор мекардам. Дар ниҳояти кор ризоият ва дуои хайри онҳоро ба даст овардам.
Тӯй ниҳоят хоксорона гузашт. Мо ба пиёлаҳои сурхи сафолии дағалнамо сакэ рехтем ва ба ифтихори маросими никоҳамон нӯшидем ва дар болои татамаи коҳии болои фарши хокии хонае, ки яке аз дӯстонам ба иҷора дода буд, нишаста ба вафодории якдигар қасам ёд кардем. Дар ин манзили фақирӣ ҳамагӣ ду утоқ вуҷуд дошт, вале он хонаи мо буд.
Одамон баъзан мепурсанд, шояд Нэнэ пешгӯйи карда буд, ки шавҳари вай ба мансабҳои баланд ноил мегардад?
Ман чунин фикр намекунам. Аммо дар рӯзе, ки волидайни вай муқобили ақди никоҳи мо баромад карданд, ман бо қатъият қарор додам ба ҷаҳон ба чӣ қодир буданамро нишон диҳам. Ман бисёр вақт ба Нэнэ такрор ба такрор мегуфтам, ки ягон вақт соҳиби қалъаи бузург мешавам ва ӯ бошад, хонуми он хоҳад буд. Вай механдид ва барои чунин ҳавобаландии аз ҳад зиёдам маро мазоҳ мекард!
Бо чунин як зан бахтам омад кард. Вай рӯзгорамонро ба роҳ монд ва бароям кумак кард, ки ақлам ба ҷояш ояд.
Мавқеи ман дар қабилаи Ода рӯз то рӯз мустаҳкамтар мегашт ва бо мурури замон ба хонаи нави калон кӯчидем.
Акнун ман қодир будам барои овардани модарам одам фиристам, то ки якҷоя бо мо зиндагӣ намояд. Ба хонаи мо омадани вай яке аз рӯзҳои хушбахттарини ман дар зиндагиям ба шумор мерафт.
Кумаки ҳамсарам танҳо бо пешбурди хоҷагии хона маҳдуд намегардид. Баъди соҳиби қалъаи Нагахама шуданам, нақшаи рушди шаҳрро тартиб додам. Ба хотири он ки дар одамон хоҳиши сокини ҷойи нав шуданро бедор намоем, ман онҳоро аз пардохти андозҳо озод намудам.
Ин омил ончунон қавӣ баромад, ки деҳқонон тӯда–тӯда ба шаҳр меомаданд. Аммо, чун дар бахши банақшагирии шаҳр навкор будам, ман аз будаш зиёд шудани аҳолӣ тарсидам ва қарори худро лағв кардам. Нэнэ баъди шунидани шикояти шаҳрвандон ба ман маслиҳат дод, ки фавран имтиёҳои андозиро барқарор намоям.
– Хидэёсӣ, мумкин нест аввал ваъда диҳӣ ва баъд онро бозпас бигирӣ, – маро сарзаниш карда, гуфт вай. – Одамон туро ҳокими сернозунуз ном хоҳанд бурд.
Бешубҳа, вай ҳақ ба ҷониб буд. Ман дубора шаҳрнишинонро аз пардохти андозҳо озод кардам.
Ин давраи ҷӯшу хурӯши кор буд. Ман ҳама вақт банд будам, ба амалиётҳои ҳарбӣ мерафтам, барои харидани аслиҳа ва борут ба дигар вилоятҳо сафар мекардам, ҷиҳати иштирок дар маросимҳои расмӣ овора шуда ба Киото мерафтам ва даҳҳо супоришҳои дигарро иҷро менамудам.
Дар Нагахама вақти хеле ками худро сипарӣ мекардам, бинобар ин, тамоми ташвишҳо оид ба идораи қалъа бар дӯши Нэнэ буданд.
Ӯ шарики ниҳоят боэътимод ва иттифоқчии қавӣ баромад. Баъди куштори княз Нобунага дар ибодатхонаи Ноннодзӣ, артиши Митсухидэ ба зудӣ ба ҷониби қалъаи Нагахама равон шуд. Ман дар ин вақт Нэнэро ба ҷойи худ масъул гузошта, бо аксарияти вассалҳои худ дур аз қалъаи худ қарор доштам. Ӯ занон ва кӯдаконро ҷамъ намуда, ҳамаашонро ба ҷойи бехатар, ба кӯҳҳои дур бурд.
Соли 1585, баъд аз он ки император маро регент таъйин кард, Нэнэ намояндаи расмие гардид, ки робитаро байни дарбори император ва хонаи Тоётомӣ таъмин менамуд.
Ман ҳамеша бо ҳамсари худ ниҳоят ифтихор мекардам ва то охири умр барои солҳои тӯлонии пур аз муҳаббат ва дастгирии доимиаш сипосгузор хоҳам буд.
Баъзе одамон ҳамсарони худро ба ҷузъиёти кори худ шинос намекунанд. Чӣ зарурат вуҷуд дорад, ки худро аз имконияти гирифтани маслиҳати одаме, ки шуморо дар ин дунё аз ҳама бештар дӯст медорад, маҳрум созед? Сарварони оқил аз истифодаи “асрори шахси боэътимод”:
маслиҳатҳои завҷа ва шавҳарро ба инобат бигиред, шарм намедоранд.
Ривоят дар бораи сарвари қаҳрамон Дар адабиёти оммавӣ ҳикояҳоро дар бораи он ки чӣ гуна сарвари нотарс “дар танҳоӣ” ин ё он қаҳрамониро нишон дод, вохӯрдан мумкин аст. Ва қиссаҳои қадима, ривоятҳо дар бораи корнамоиҳои қаҳрамононаи сарварон таассуроти инсонро фаро мегирад, вале дар воқеият нақши сарвар он қадар хаёлпарастона нест. Ягон сарвар дар танҳоӣ кори бузургро иҷро накардааст. Ба ҳама маслиҳати касбӣ зарур аст.
Бешубҳа, номи ман дар сафҳоти таърих боқӣ мемонад, вале бе мавҷудияти чунин маслиҳатчиён, аз қабили Нэнэ, Хидэнага, Короку ва Хамбэй будани ман дар ин замин метавонист ноаён бимонад. Ба ман аз он ҷиҳат омад кард, ки ман ин одамонро пайдо кардам, – ва муҳимтар аз ин, ақли доштаам кифоят кард, ки барои гирифтани маслиҳатҳои муфид ба онҳо муроҷиат намоям.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё