Самурае, ки шамшер надорад

Асари нависандаи Ҷопон Китами Масао. Дар он сирру асрори сарвари хирадманд, арбоби таърихию машҳур ва афсонавии Ҷопони асри XVI Тоётоми Хидэёсӣ, ки имкон дорад бо муваффақият дар асри ХХІ мавриди истифода қарор дода шаванд, ба таври содда ва оммафаҳм баён гардидаанд. Асари Китами Масао барои доираи васеи хонандагон пешбинӣ шудааст.
Барномасоз · 16 сентябри 2026 · 30 саҳифа
ЧӢ БОЯД КАРД, АГАР БА МАСЛИҲАТ НИЁЗ ПАЙДО ШАВАД
Сарвар ҳамеша танҳо аст. Чанд сол пеш, вақте ман барандаи шиппак будам, бисёр соатҳои форамро бо дигар хизматгорҳо мегузаронидам. Мо дар паси саисхонаи қалъа дар курсиҳои набуда ҷой гирифта, аз хӯрдани биринҷҳои саққочадор ва сабзавоти дар сирко хобондашуда ҳаловат бурда, ба якдигар таърихчаҳои шух нақл мекардем ва ҷанобҳоро ҳазлу мазоҳ мекардем. Акнун ман ҳокими Ҷопон ҳастам ва тавонотарин князҳо маҷбур ҳастанд ҳафтаҳо мунтазири пазироӣ бошанд, то ки якчанд дақиқаро бо ман гузаронанд. Баъзан, ба хотираҳои фораму гуворои даврони ҷавонӣ дода шуда, худро дар он дармеёбам, ки пойҳоям худашон маро ба саисхона мебаранд. Вале ба мадди назари онҳо пайдо шудани ман кифоят мекунад, ки кайфияти шухиомез ва ҳалимонаи хизматгорон дафъатан аз байн равад. Ҳамон лаҳза дар гирду атроф ноумедӣ ҳукмфармо мешавад, ҳама ба зону афтода, таъзим мекунанд.
Ҳокимият ба одам имкониятҳои васеъ фароҳам меорад, вале ӯро аз атрофиён дур мекунад. Сарвари доно бояд ҳамеша дар ҷустуҷӯи маслиҳатчиёни оқил бошад, то ки самаранок роҳбарӣ намояд ва қарорҳои дуруст қабул кунад.
Ба ҳайси мушовирон боэътимодтарин дӯстонро интихоб намоед Шумо аллакай медонед, ки аз ҳама арзишмандтарин сарвати худ – алоқаи шахсиро чӣ гуна зиёд намоед. Одамоне, ки бо онҳо солҳои зиёд шинос ҳастед, метавонанд ба шумо маслиҳати хуб диҳанд. Барои ман Короку, саркардаи дастаи роҳзанҳои машҳур яке аз чунин одамон гардид.
Короку – намунаи дурахшони “ошноии бад” мебошад, ки бо вай дар оғози ҷавонии оворагардии худ пайваст шуда будам. Бинобар сабаби даҳ соли фарқият дар синну сол вай бароям ҳамчун бародари калонӣ ба ҳисоб мерафт.
Дуруст аст, ки вай ба ман ососҳои касби дуздиро ёд медод, вале баъди интихоб кардани роҳи ҷавонмардӣ ва самурай шудан, ман аз баҳри ин тарзи ҳаёт гузаштам. Ба ҳар сурат муносибати дӯстонаи мо боқӣ монд. Дар асри ҷангҳо, вақте ки хиёнат ва фиреб ба мисли абрҳои раъду барқ болои кишвар овезон шуданд ва ман маҷбур гаштам бо душманон ҳатто дар дохили қабилаи худ мубориза барам, Короку аз ҷумлаи камтарин одамоне буд, ки метавонистам ҳаёти худро ба ӯ бовар намоям.
Баъди қатли княз Нобунага рӯзҳои сиёҳ фаро расиданд. Артиши ман танҳо монда буд, маҷбур шудам бо яке аз душманон созиши сулҳи муваққатӣ бандам ва ёфтани воситаи гирифтани интиқом аз дигар душманро ҷустуҷӯ намоям. Дар ин муддат сарвассалҳои қабилаи Ода, ки ба таври ногаҳонӣ сарвари худро аз даст дода буданд, оид ба чӣ кор кардан дар оянда баҳсҳои шадид менамуданд, дар паси парда бошад, ҳарифони ман кӯшиш мекарданд, ки дастпарварони худро сари қудрат биёранд.
Бегоҳирӯзии фалокатовари июн, ки хабари марги княз Нобунагаро оварда буд, дар байни мушовирони ман баҳсҳои гарм оид ба гирифтани интиқоми қатли вайро ба миён овард. Барои он ки як муддати кӯтоҳ ба ҳиссиёти ғамангези худ дода шавам, бо ёрдамчиёни наздиктари худ машварати яксоата гузаронида, аз хайма берун баромадам, то ки оромона фикр кунам. Дӯсти деринам Короку бо ишора бароям фаҳмонд, ки аз даромадгоҳ каме дуртар равам, то ки касе моро гӯш карда натавонад ва маслиҳати хуб дод.
– Ҳозир айни вақти амал кардан аст, Маймун, пичирос зада гуфт ӯ. – Рӯзҳои хуб ва пештараро, ки он вақт дар дастаи дуздони ман будӣ, дар ёд дорӣ? Ту ба қиморбозӣ шавқ доштӣ ва чандин маротиба ҳама дороиятро аз даст медодию бо як куртаи танат мемондӣ. Бидон, ки ҳамин лаҳза бароят вақту соат фаро расидааст, ки калонтарин пули қиморро ба миён гузорӣ. Ҳарифони ту агар чунин имконият пайдо намоянд, туро нобуд месозанд. Аз ин беҳтар вақтро барои ба роҳ мондани амалиёти қатъӣ фикр карда баромадан мумкин нест. Ҷаноби ту дигар бо мо нест ва ту онро баргардонида оварда наметавонӣ. Нагузор, ки мақсади бузурги княз бо ҳамроҳии вай аз байн равад. Инони ҳокимият ба дасти худ гир ва мамлакатро муттаҳид намо!
Суханони Короку маро ба мисли он ки як кафлез оби ях барин хунукро ба сарам рехта бошанд, дар бегоҳии тафсон аз ҳолати рӯҳафтодагӣ берун оварданд. Ман ба дастаи роҳзании вай ҳанӯз дар овони наврасӣ ҳамроҳ шуда, таҳти сарпарастии вай ба балоғат расидам. Дар ин лаҳзаҳо вай ба падаре , ки чӣ гуна ба мард табдил ёфтани писарашро назорат мекунад ва кӯдакашро аз худаш беҳтар медонад, монанд буд Маслиҳати вай дар он рӯзи бароям хело мушкил ҷиҳати муайян кардани тақдири ман кумак кард. Аллакай баъд аз чанд соат ман нақшаи “ҷаҳиши бузург”-ро ба кор даровардам. Ин танҳо яке аз он вазъиятҳое ба шумор мерафт, ки маслиҳатҳои Короку барои ман бебаҳо буданд. Масалан, ҳанӯз дар давраи зинда будани княз Нобунага, дар ҷараёни омодагии ҳамла ба вилояти Мино, ки дар он ҷо қароргоҳи асосии қабилаи Сайто ҷойгир шуда буд, вай бо барангехтани тухми низоъ дар урдугоҳи душман, дар тайёр кардани замина барои ҳамла ба ман кумак карда буд.
Дар ин қабила бисёр ҷанговарони бераҳм хизмат мекарданд, вале аз байни дигарон, аз ҳама бештар моро “сегона аз Мино” нороҳат карда буд. Ин се самурай – Бокудзэн, Иттэтсу ва Моринарӣ бо истеъдоди ҳарбӣ шуҳрат пайдо карда, бо ҷасорат ва вафодорӣ ба сарвари худ Татсуокӣ ба мисли се ошно дар Юнони қадим хизмат мекарданд.
Мо мехостем онҳоро ба тарафи худ ҷалб намоем, вале медонистем, ки бо муомилаи рӯирост онҳоро ба муқобили қабилаашон барангезондан имконнопазир аст.
Маҳз Короку ба ман маслиҳат дод, ки акси корро анҷом диҳам: қабилаи онҳоро бар зидди худи онҳо барангезонем.
Дар якҷоягӣ мо овоза паҳн кардем, ки гӯё ин се ошно пинҳонӣ ба чунин қарор омадаанд, ки ба мо ҳамроҳ шаванд.
Сарвари номдори қабилаи Сайто Татсуокӣ, ки майлу рағбати бадахлоқонааш ба расогии ақли вай таъсир расонида буданд, ба овозаҳо бовар кард ва ба вафодории ин одамон, ки дар асл содиқтарин ҳимоятгаронаш буданд, шубҳа пайдо кард! Се ҷанговар, ки аз шубҳаҳои беасос сахт ранҷида буданд, барои дар чунин вазъият ба як қарори дуруст омадан, пинҳонӣ вохӯрданд. Дар ниҳояти кор, онҳо розӣ шуданд, ки ба иттифоқи қабилаи Ода шомил шаванд!
Баъди ба мо ҳамроҳ шудани се ошно ба княз Нобунага барои ба пуррагӣ забт кардани вилояти Мино фақат қалъаи Инабаяма халал мерасонид. Истеҳкоми боҳашамати Инабаяма, ки дар қуллаи шух бино шудааст, намуди даҳшатнок ва бовиқор дошт ва ин қалъа аз ҳисоби пули тоҷири овозадори Досана, ки минбаъд дворянини олитабори қабилаи Сайто гардиду барои маккории худ тахаллуси Мори аъфӣ аз Миноро соҳиб шуд, сохта шудааст. Дарвозаҳои бузурги ақиби Инабаяма сӯрохнашаванда ба назар мерасиданд, вале тавре ман гумон доштам, маҳз дар он ҷойи сустиаш қарор дошт. Бинобар сабаби он ки хоҳиши убур кардан аз болои чунин монеа ба сари ягон лашкаркаши солимфикр омаданаш имкон надорад, аз ин рӯ, фармондеҳони Сайто ба гумон аст, ки дар ин қисмати мудофиа аскари зиёдро ҷойгир карда бошанд.
Якҷоя бо Короку ва якчанд нафар одамони аз ҳама эътимодноки вай бо пайраҳаи гавазн аз тариқи ҷангали кӯҳӣ номаълум ба девори қафои қалъа омадем ва дар он ҷо мо бо хабаркаш, ки розӣ шуда буд, даромадгоҳи пинҳонии назди дарвозаҳои қафоро нишон диҳад, вохӯрдем. Баъди ворид шудан ба дохили қалъа, мо бо даҳҳо аскар рӯ ба шудем ва қабл аз он ки бонги хатарро зананд, ҳамаашонро аз теғ гузаронидем. Барои он ки ба вассалҳои Сайто монанд шавем, либосҳои онҳоро ба бар карда, мавқеи ҷойгиршавии душманро таҳқиқ намудем ва то пайдо кардани анбор пинҳонӣ аз паҳлӯи машъалҳои дудкунандаи дар деворҳо насбшуда, гузаштем. Сипас, худро ҳамчун дастраскунандагони озуқаворӣ вонамуд намуда, ба ҷониби дарвозаҳои асосии қалъа равон шудем. Бародари угайи ман Хидэнага моро дар берун интизор буд ва баъди мубодилаи аломатҳои шартӣ, мо тавонистем дарвозаҳои асосиро кушода, аскарони Одаро, ки дар паси деворҳо пинҳон шуда буданд, ба дохил ворид намоем. Ба ин тартиб, қалъаи Инабаямаро ғасб кардем.
Баъд аз ин, Короку барои як умр мушовири ман шуд.
“Ҳар куҷое Маймун равад, ман ҳам дар ҳамон ҷо хоҳам буд”, – такрор кардани ин ҷумларо дӯст медошт Короку. Бо мақсади эътироф намудани хизматҳои вай, ман як қитъаи калони заминро ба ӯ тӯҳфа кардам, баъдтар бошад, барои таъмин намудани зиндагии осудаҳолона то охири умр ӯро мартабаи князӣ бахшидам ва молики қалъаю мулки калон кардам. Аммо Короку изҳор кард, ки мехоҳад таҳти фармондеҳии ман хизматро идома диҳад ва қалъаро ба писараш тақдим намуд. Вай то он лаҳзаи мудохила накардани он дасти бузурге, ки ҳамаи зиндаҳоро ногузир аз якдигар ҷудо менамояд, вассали содиқи ман боқӣ монд.
Короку ҳамеша мегуфт, ки то қабр аз паси ман меравад, вале ӯ ин ҷаҳонро пеш аз ман, вақте ки синнаш каме аз шаст гузашта буд, тарк гуфт. Ман то имрӯз даргузашти ӯро бо сӯзу гудозу навҳа ба ёд меорам.
Сарварони муваффақ ба дӯстони наздикашон бовар мекунанд ва маслиҳатҳои оқилонаи онҳоро ба инобат мегиранд. “Асрори эътимоднокӣ”-и онҳо чунин аст: Ба ҳайси мушовирон боэътимодтарин дӯстонро интихоб намоед.
Аз онҳое маслиҳат пурсед, ки аз эътироз кардан наметарсанд Ягон нафар аз афсарони калони ман ба мисли бародари угаям Хидэнага бароям ба ин андоза азиз ва наздик набуд. Бе кумаки вай ман ҳеҷ гоҳ ба қуллаҳои баланди сарварӣ баромада наметавонистам.
Ман он рӯзҳоеро, ки княз Нобунага маро сардори сад аскари пиёда таъин кард, ба хубӣ дар ёд дорам! Онҳо, чӣ гуна метавонам фикри худро дуруст баён кунам, аз ҷумлаи найзаҳои аз ҳама тезтарини аслиҳахонаи Ода набуданд ва ман худам ҳам бо вуҷуди зирак буданам, ҳанӯз таҷрибаи зарурӣ надоштам. Бо вуҷуди ин, ман аз ифтихормандӣ ҳақиқатан медурахшидам. Ҳамин ки бароям чанд рӯз рухсатӣ доданд, ҳамон лаҳза ба ҷониби зодгоҳам роҳ пеш гирифтам – ман ҳарчӣ зудтар мехостам ба модарам нишон диҳам, ки ба чӣ комёбиҳо ноил гаштам. Вале зиёдтар аз ин, мехостам бародари угаям Хидэнагаро бовар кунонам, ки дар мулки навакак соҳибшудаам, воқеъ дар наздикии қалъаи Киёсу, аввалин вассал шавад.
Дар ёд дорам, вақте бо либосҳои тозаю озодаи махсус барои ин рӯз харида ва савори аспи ба иҷорагирифтаам аз кӯчаҳои ифлос мегузаштам ба назари худам ман девпайкари семетраро мемондам. Мақоми иҷтимоии сардори дастаи хурди пиёдагардон ба ман иҷозат намедод, ки савора бошам, вале дар авҷи ҳавобаландии наврасӣ кӯшиш мекардам бо амали худ ба ҳамшаҳриҳоям таъсир расонам. Вақте ман ба гузашта дида медӯзам, мебинам, ки чӣ гуна як манзараи беҳӯдаро нишон додаам: ҷавони қадпаст, одами ба маймун монанд ва бо либоси бенасофат дар тан, савори аспи ниҳоят барои вай калон!
Бошандагони ин деҳаи дурдасти нообод эҳтимол намефаҳмиданд, ки ман фақат аз худ одами обрӯмандро вонамуд месозам, зеро ҳамаи онҳо бо даҳони кушода маро тамошо мекарданд. Модар ва хоҳарам ба чашмони худ бовар намекарданд. Наход ин самурайи аспсавор дар ҳақиқат ҷавони деҳотӣ Хидэёсӣ аст, ки чанд сол пеш аз хона баромада рафта буд? Чӣ воҳимае ман ба вуҷуд овардам! Баъди саҳнаи баҳамоӣи хурсандиовар, ки бо шӯхию ханда идома дошт, ман бародари угаӣ худ Хидэнагуро ба тарафе ҷеғ зада овардам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё