Самурае, ки шамшер надорад

Асари нависандаи Ҷопон Китами Масао. Дар он сирру асрори сарвари хирадманд, арбоби таърихию машҳур ва афсонавии Ҷопони асри XVI Тоётоми Хидэёсӣ, ки имкон дорад бо муваффақият дар асри ХХІ мавриди истифода қарор дода шаванд, ба таври содда ва оммафаҳм баён гардидаанд. Асари Китами Масао барои доираи васеи хонандагон пешбинӣ шудааст.
Барномасоз · 16 сентябри 2026 · 30 саҳифа
– Княз Нобунага ба ман музди на он қадар калони моҳона муқаррар карда, маро ба вазифаи сардори сад аскари пиёда таъин намуд, – фаҳмондам ба ӯ. – Вале ман ягон вассал надорам ва на ягон хеше, ки тавонад бо ҳамроҳии ман ва ҳамсарам дар мулки нави ман зиндагӣ намояд.
Медонӣ, Хидэнага, дар ин замони ноором беҳтарин воситаи дар зиндагӣ пеш рафтан ин ба хизмати ягон самурай дохил шудан аст. Оё бароят беҳтар нахоҳад буд, агар кор дар заминро як тараф монию ба назди ман биёӣ?
Хидэнага, ки аз ман чор сол хурдтар буд ва тарафдори бидуни саросемагӣ ва ҳамаҷониба фикр кардан ба шумор мерафт, ҳеҷ гоҳ зимни қарор қабул кардан шитоб намекард, ҳатто дар масъалаҳои ниҳоят кучак ҳам. Вай ба мисли афсуншуда ба майдони шолизори паси амбори нимвайрони ҳавлӣ бодиққат назар андохта, чизе нагуфт. Ман фаҳмидам, ки ба даст овардани ҷавоб осон нахоҳад буд.
Тамоми шом ман ӯро розӣ кунониданӣ будам ва хоҳиш мекардам, ки ба оилаи нави ман ҳамроҳ шавад. Рӯзи дигар ман Хидэнагаи то андозае розишударо ба қалъаи Киёсу кашола карда овардам ва ӯ вассали аввал бо ҳуқуқи меросхӯрӣ шуд, яъне – хеше, ки дар сурати марги ман метавонад соҳиби мулки ман гардад.
Маълум шуд, ки Хидэнага рафиқи олӣ будааст. Сарфи назар аз хешутабории хунӣ, вай тамоман акси ман буд.
Ман фикр намуда, тез амал мекардам. Хидэнага андозу баркаш карданро нағз медид ва танҳо баъди андешаи дурудароз аз ҷояш ҳаракат мекард. Ба мисли санги маҳак барои тез кардани кордҳо, мухолифати мантиқи хулосабарории моро суфта мекард ва ба ман дар ёфтани қарори дуруст кумак менамуд. Ба зудӣ бародари угайи ман на танҳо ҳамчун аскар, балки ҳамчун наздиктарин шахси эътимоднок гардид.
Беҳтарин сифати табиати худро Хидэнага дар ҷараёни сохтмони қалъаи Суномата нишон дод. Баъд аз он, ки княз Нобунага тамоми вилояти Овариро забт кард, мақсади кӯшишҳои минбаъдаи вай вилояти Мино гардид, вале кораш дар ин самт ба таъхир афтод. Баъд аз ин, вай ба ман супориш дод, ки дар Суномата, дар сарҳади Мино ва Оварӣ истеҳкоми нав бунёд созам. Хидэнага беҳтарин корро дар самти назорат аз болои кори дастаи коргарони гуногун, ки аз тарафи дӯсти машҳури ман Короку шитобкорона ташкил карда шуда буд, анҷом дод. Баъд аз он, ки сохтмон анҷом ёфт, мо бо Хидэнага ба назди Короку ва одамони вай омадем.
Бародарон, табрик мекунам! – гуфтам ман. – Ман барои комёбиҳоям бори дигар аз шумо қарздорам!
Мо ҳарсе дастони якдигарро фишурдем ва иҷрои ин супориши азимро бо ҷӯшу хурӯш ҷашн гирифтем.
Дар ҷараёни ҷангҳои арергардӣ ҳангоми ақибнишинӣ кардани княз Нобунага аз Канэгасака Хидэнага вазифаи муовини аввали маро иҷро мекард ва сардори дастаи иборат аз дусад нафар буд. Моро зарур буд ҳаракати душманро нигоҳ дорем, то ки княз Нобунага тавонад артишро аз таҳти зарбаи душман берун барорад.
– Бе зарурият ба ҷанги рӯ ба рӯ ҳамроҳ нашав, – маслиҳат додам ба Хидэнага. – Замоне ҳис кардӣ, ки вақт фаро расидааст, одамони худро ба мавқеи ман биёр ва ба қувваҳои мо ҳамроҳ намо. Дар якҷоягӣ мо ба княз Нобунага кумак кардем, ки аз чанголи паланг раҳо ёбад. Ба ҳайси мукофот княз Нобунага ба ман мулки калонро дар вилояти Омӣ ато кард. Ман ҳамон лаҳза як ҳиссаи ин мулкро ба Хидэнага ва Короку ҳадя намудам.
Хидэнага ба ман ҳангоми сардори арергард буданаш, дар рафти “ҷаҳиши бузург”, вақте баъди имзои созишномаи сулҳ бо қабилаи Морӣ мо барои ҷазо додани Митсухидэ ба Киото шитоб доштем, кумак кард.
Вазъияти ниҳоят хатарнок ба миён омада буд. Ҳар лаҳза қабилаи Морӣ метавонист аз марги Нобунага огоҳ шавад ва бо истифода аз заифии мо созишномаи сулҳро лағв намуда, ба ҳуҷум гузарад. Маҳз барои ҳамин ман думи ба мисли мор дарозшудаи артишро ба Хидэнага – боэътимодтарин ёрдамчӣ супоридам. Ба ман зурур буд, ки ҳарчӣ зудтар ба Киото рафта расам. Ба туфайли кӯшишҳои Хидэнага ҷаҳиши босуръат бо муваффақият анҷом ёфт ва мо аз қотили княз Нобунага қасос гирифтем.
Бародари угайи ман бо маҳорати баланд ҳар як супоришро аз паси дигараш иҷро мекард. Ҳангоми ҳамла ба Сикоку ман фармондеҳии тамоми артишро ба ӯҳдаи ӯ гузоштам. Худам дар он вақт бемор будам, вале ба ҳар сурат қарор додам ба Сикоку равам, то ки шахсан яке аз дастаҳоро роҳбарӣ намоям. Хидэнага аз нақшаҳои ман огоҳ шуда, ба ман нома навишт ва боадабона бовар кунонд, ки дар хона истам.
“Саёҳат ба Сикоку метавонад ба вазъи саломатии ту таъсири бад расонад, – навишта буд вай, – ва он комёбиҳои хоксоронае, ки ман аз номи ту ба даст меорам, тира менамоянд”. Хидэнага медонист чӣ гуна маслиҳатҳои муфидро мухтасар ифода намояд, то ки аз ҳусни таваҷҷӯҳи ман маҳрум нагардад. Вале, ҳамзамон аз баён намудани норизогии қатъии хеш бо ман, ҳатто дар масъалаҳои стратегӣ шарм намекард.
Масалан, дар соли 1586 роҳбари ҳайати иезуитҳо Гаспар Коэло барои мулоқот ба қалъаи Осака ташриф овард ва ба нақшаҳои минбаъдаи ман ҳусни таваҷҷӯҳ баён намуд.
– Баъд аз он ки сулҳро дар Ҷопон барқарор мекунам, – гуфтам ман ба ӯ, – ҳокимиятро ба Хидэнага месупорам ва худам ба истилои Корея ва Чин машғул мешавам.
Бо шунидани ин суханон, чеҳраи Хидэнагаро сурхӣ фаро гирифт ва сарашро поин кард. Баъд аз рафтани мубаллиғи португалӣ маро ба утоқи ҳамсоя даъват намуд ва андешаҳоямро оид ба ишғол кардани сарзаминҳои аҷнабӣ сахт танқид кард. Аз ҳамон вақт, ҳар боре, ки ман дар бораи ҳуҷум ба қитъаи хушкӣ сухан оғоз мекардам, вай ҳамеша муқобили чунин нақшаҳо баромад мекард, онҳоро беандешона меномид. Баъдтар ман ба то чӣ андоза пайғамбарона будани суханони вай бовар кардам.
Бародари угайи ман то он рӯзе, ки ман маслиҳатҳои вайро беақлона сарфи назар кардам, умр надид. Якчанд сол ӯ сахт бемор буд, соли 1591 бошад, вазъи саломатияш дафъатан бад шуд. Баъди муҳориба дар назди Одавара ман шитобидам ҳарчӣ зудтар ба Киото баргардам, то ки ба аёдати Хидэнага равам. Ман дар назди ҳар як ибодатхонаи пойтахт зону хам карда, барои шифо ёфтани вай дуо мехондам, вале ҳамааш бефоида буд. Тақдир барояш ҳамагӣ панҷоҳу як соли зиндагӣ ҷудо карда буд.
Марги Хидэнага барои ташкилоти мо зарбаи даҳшатнок ба ҳисоб рафт. Ман ягона маслиҳатгареро, ки қодир буд хатогиҳои маро нишон диҳад, бебокона андешаҳои худро баён созад, худписандии маро паст кунад ва ниятҳои наҷибонаамро дастгирӣ намояд, аз даст додам.
Баъд аз марги вай нокомиҳо маро дар Корея ва Чин таъқиб мекарданд. Боиси таассуфи беинтиҳои ман аст, ки асоснокии тамоми огоҳиҳои Хидэнагаро хеле дер дарк кардам. Бо рафтани вай аз ин дунё, ҳаёти ман якбора тағйир ёфт ва тавре шумо ба наздикӣ хоҳед дид, ман он васиятҳои сарвариро, ки бароям имкон доданд ба ин дараҷаи баланд парвоз кунам, ба эътибор нагирифтам. Ман ба қуллаи баландтарини ҳокимият ноил шудам, вале баъди аз даст додани наздиктарин маслиҳатгар, худро одами ислоҳнопазир ҳис намудам. Агар имрӯз Хидэнага дар байни мо мебуд, ояндаи оилаи ман боз ҳам фараҳмандтар мегардид.
Сарвароне, ки дар атрофи худ мушовирони ба мисли худашон фикркунандаро ҷамъ менамоянд, ба худашон бадбахтӣ меоранд. Барои он ки Хидэнагаи худро пайдо намоед, аз “асрори вазни муқобил”: аз онҳое маслиҳат пурсед, ки аз эътироз кардан наметарсанд, истифода баред.
Ба кор касеро қабул намоед, ки ягон корро аз шумо дида, беҳтар иҷро карда метавонад Вақте ба сарвар маълум мегардад, ки қобилияти наздиктарин ҳамсафони вай барои пешрафти кори ташкилот халал мерасонад, ӯро зарур аст, ки ба ҷустуҷӯи одамони боз ҳам салоҳиятдор машғул шавад. Барои ҷалби бомуваффақияти истеъдодҳои барҷаста аз сарвар доштани малакаи бенуқсони муошират ва садоқати бечуну чаро ба сухани худ талаб карда мешавад.
Комёбиҳои ман дар нақши мушовири княз Нобунага, ӯро водор намуданд, ки ба ман супоришҳои боз ҳам ҷиддӣ ва муҳим диҳад, ки дар ҷараёни иҷрои онҳо бароям муяссар гардид, ҳудуди имкониятҳои худро дарк намоям. Барои он ки дар оянда ҳам мушовири судманд бошам, ба ман зарур буд, ба дастаи худ стратеги забардастро ҷалб созам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё