Самурае, ки шамшер надорад

Асари нависандаи Ҷопон Китами Масао. Дар он сирру асрори сарвари хирадманд, арбоби таърихию машҳур ва афсонавии Ҷопони асри XVI Тоётоми Хидэёсӣ, ки имкон дорад бо муваффақият дар асри ХХІ мавриди истифода қарор дода шаванд, ба таври содда ва оммафаҳм баён гардидаанд. Асари Китами Масао барои доираи васеи хонандагон пешбинӣ шудааст.
Барномасоз · 16 сентябри 2026 · 30 саҳифа
– Ба шумо туфангҳо зарур намешаванд! – гуфтам ман.
– Бо шумо чун ман як роҳбаре хоҳад буд ва ман ваъда медиҳам, ки шумо ғалаба хоҳед кард. Вале барои ин шумо бояд якҷоя, ба мисли як даста мубориза баред. Агар шумо фармонҳои маро ба таври дақиқ иҷро намоед ва ҳама ба мисли як одам амал кунед, дар ин сурат метавонед найзаҳоро тавре дилатон мехоҳад, истифода баред. Аз шумо танҳо як чиз – ҳар қадаре имкон дорад, ҳамон қадар сахт ба душман зарба занед ва он ҳатман фирор мекунад. Фаҳмо?
Онҳо, ки ҷуръати баланд кардани чашмонашонро надоштанд, ноустуворона сар ҷунбониданд.
– Акнун, – гуфтам ман, – шумо омӯзиши худро бо ҳамдастаатон аз нағзакак нӯшидани машруботу хӯрдани ғизо оғоз мекунед!
Ман амр кардам, ки ба хаймаам моҳии бирён ва сакэи бисёр биёранд, сипас мо ҳама якҷоя ба истеъмоли хӯроки шом сар кардем, ки дар охири он забонҳо ва пойҳои иштирокчиён якхела сахт ба ҳам печиданд.
Рӯзи дигар ман онҳоро, ки ҳанӯз аз кайфу сафои шабона ба худ наомада буданд, маҷбур кардам ба се гурӯҳ тақсим шаванд. Ба ду гурӯҳи аввал вазифа гузоштам, ки аз тарафи чап ва рост ба душман ҳамла намоянд, ҳол он ки дар ин вақт гурӯҳи сеюм вазифадор буд, ба марказ зарба занад.
– Вақте ман фармони ҳамла карданро медиҳам, шумо бояд онро фавран иҷро намоед, – дод задам ман. – Омода ҳастед? Ба пеш! Баъд аз он ки то аз ҳад зиёд арақ карданашон онҳоро давондам, боз барои омода намудани хӯроки шом амр додам ва ҳамаи аъзои дастаро барои бодиққатӣ ва боинтизомиашон таъриф кардам.
Дар ин миён, Мондо аскарони гурӯҳи худро бо истифодаи усулҳои муомила бо найзаи кӯтоҳ, аз қабили: чӣ гуна зарбаро гардонидан, таҳти кадом кунҷ зарба задан ва ғайраро таълим медод. Вале омӯзиши одамоне, ки бори аввал ин аслиҳаро ба даст гирифтаанд, хеле бад пеш мерафт ва ба зудӣ тоқати сарвари онҳо тоқ шуд. Мондо бо навбат зарбаҳоро бо найзаи таълимии худ ва суханҳои хашмин истифода бурда, кӯшиш мекард бо таҳдид онҳоро маҷбур намояд, ки малакаҳои заруриро аз худ кунанд, вале чунин тарзи таълим аскаронро танҳо ба маъюсии бештар меоварду бас. Дар рӯзи дуюм, вақте ба қисмати зиёди одамони вай маълум гардид, ки ман бо одамони дастаи худ муомилаи хуб дорам, ба ғур-ғур даромада, мегуфтанд, ки кошкӣ дар қуръакашӣ чубчаи кӯтоҳро мекашиданд.
Чунин кайфияти одамонаш танҳо оташи ғазаби Мондоро тасфонду бас.
Шоми рӯзи анҷомёбии таълим ман бархостам ва нӯшбод гуфтам:
– Пагоҳ рӯзи зӯрозмоӣ аст. Чизи аз ҳама муҳимро дар хотир дошта бошед: шумо бояд якҷоя, ба мисли як одам амал намоед, дар ин ҳолат зӯр мебароед. Барои ғалаба!
Ман қадаҳи худро боло кардам, онҳо бошанд, қадаҳҳои худро баланд карданд.
Душманони мо рӯзи охири омодагии худро бо доду фарёд ва ҳақоратҳои хашмини Мондо ба анҷом расониданд. Вақти ғуруби офтоб, вақте онҳо якчанд ҷавононро аз дастаи ман вохӯрданд, таассуроти худро дар бораи чӣ гуна гузаштани таълим баён карданд.
Мо ҳамин ҳоло машқи охирини худро тамом кардем, – бо лаҳни шикоятомезона гуфт яке аз одамони Мондо.
Ӯ моро аз пагоҳӣ то шаб медавонад. Мо ҳатто вақти ғизо хӯрдан надорем! Қувваи ҳаракат кардан ҳам надорем. Аз ин найзаҳои лаънатӣ дастҳоямон аз кор монданд. Ягона хубӣ он аст, ки дар ҳама ҳолат пагоҳ машаққати мо ба охир мерасад.
Рӯзи дигар садои нақора аз оғози зӯрозмоӣ дарак дод.
Вақте ҳарифон найзаҳои таълимии аз наи ҳиндӣ сохташудаи худро ба даст гирифтанд, дар издиҳоми тамошобинон, ки дар гирди майдончаи шамшербозии бо девор иҳоташуда ҷамъ омаданд, пичир-пичири ҳаяҷономез паҳн гардид. Барои тамошо кардани зӯрозмоӣ ҳамаи мардон, занон ва кӯдакони қалъа омада буданд.
Қабл аз он ки ба одамонаш фармони ба майдонча баромаданро диҳад, Мондо маҳорати санъати найзазании худро намоиш дод. Найзаи вай ниҳоят тез чарх зада, ба доираи пурра рахнашуда ҳамроҳ мешавад. Баъди ба охир расонидани намоиши худ ба ҷониби ман баргашта, табассум намуд. Ман кафи дастони арақкардаи худро пок намуда, найзаро аз як даст ба дасти дигар гирифта, сар ҷунбонидам.
Тибқи фармон дастаи ман ба се гурӯҳ тақсим шуд, баъд аз ин ба дастаи марказӣ фармон додам, ки ба одамони Мондо ҳамла намоянд, онҳо ин амалро бо рӯҳияи баланд анҷом доданд. Ҳарифони мо ба чунин амали аскарони мо таълими хуб нагирифта буданд. (Мондо қисмати асосии вақтро ба такмили усулҳои инфиродӣ бахшида буд) ва таҳти фишори якҷояи дастаи ман, ки бо найзаҳои дароз мусаллаҳ буданд, сафҳои онҳо дар ҳолати ба воҳима афтодан, омехта шуданд.
Баъд аз он ки ман ба ду гурӯҳи дигар фармони аз ҷаноҳҳо ҳуҷум намояндро додам, дастаи Монд дафъатан худро ба ақиб гирифтанд. Сарвари онҳо дар гирдашон медавиду амр мекард ва кӯшиш мекард ба аскарони алоҳида хотиррасон намояд, ки онҳо чӣ гуна бояд ҳамлаҳоро баргардонанд, вале аз ин амалҳои вай ягон натиҷа ба даст намеомад.
Гап дар сари он аст, ки онҳо қариб ягон чизро азхуд накарда буданд, ба ғайр аз ин, тавре дуруст пешгӯйи карда будам, дар нахустин фишори ҷиддӣ ҳама чиз дар майнаи сарашон омехта шуда, он чизи кучакеро, ки дар ёд доштанд, аллакай фаромӯш карданд. Боз садои нақора баланд шуд ва дастаи маро ғолиб эълон карданд.
Мондо дар назди девори майдончаи шамшерзанӣ ба ду даста: яке афсурда ва дигаре шоду хуррам нигоҳ карда, карахт шуда монда буд. Баъд аз ин, ӯ сабқати интиқомро талаб кард. Княз Нобунага аз таҳти дил табассум карда, аз ман пурсид, ки оё розӣ ҳастам.
– Агар одамони ман омода бошанд, ман ризоияти худро медиҳам. Онҳо бошанд, ҳамаашон розӣ шуданд. Садои нақораҳо аз сари нав баланд шуданд, вале дар ниҳояти кор боз ҳамон натиҷа ба даст омад: дастаи Мондоро аз майдонча танг карда бароварданд, ин дар ҳолест, ки дастурдиҳандаи онҳо аз хашму ғазаби нотавонӣ девонаавзоъ шуда буд.
– Зурозмоӣ анҷом ёфт, – тантанавор эълон намуд княз Нобунага. – Дар он дастаи Маймун ғалаба кард.
Сипас, барои он ки ба ману Мондо муроҷиат намояд, рӯяшро ба ҷониби мо гардонид.
– Вале, умедворам, ба ҳама фаҳмо шуд, – илова намуд вай, аммо аллакай бо овози паст, – ки сабаби чунин фарҷом маҳорати сарвар аст, на бартарии ин ё он намуди найза. Ваъда бидиҳед, ки дар байни шумо ягон кинаю адоват боқӣ намемонад. Ҳамаи мо ба як қабила, қабилаи Ода хизмат мекунем.
Мондо, ки аз шиддати ғазаб дандонҳояшро бо ҳам фишурда буд, аз ноилоҷӣ розӣ шуд, ин дар ҳолест, ки пуштибони вай генерал Сибатаи дар канори майдонча истода буд, ба қафо баргашта, намоишкорона макони мусобиқаро тарк кард.
Баъди зурозмоӣ ман ба одамони худ ҳар қадаре, ки метавонистанд сакэ нӯши ҷон намоянд, ҳамон қадар барояшон муҳайё сохтам, вале онҳо бе ин ҳам аз мукофоти ба қувваи худ ба даст овардаашон, розӣ буданд. Ҳамагӣ хушҳол аз он буданд, ки чунин мукофотро худашон ба худашон тӯҳфа карданд ва дарки он ки кори аҳлонаю якҷоя дар ҳайати даста метавонад ҳатто кӯҳро талқон намояд, барояшон муҳимтар аз ҳама буд. Дар натиҷаи якҷоя амал кардан, онҳо кореро анҷом доданд, ки ҳамагӣ се рӯз пеш барояшон имконнопазир ҳисобида мешуд.
Барои чӣ дастаи ман одамонеро мағлуб кард, ки роҳбарашон сарвари бомаҳорат буд? Барои он ки аъзои ин даста муҳиммияти якҷоя будану ба якдигар эътимод бастанро дарк карданд. Ба ҷойи он ки танҳо ба маҳорати худ эътимод бандед, тавре Монда чунин кард, ман аъзои дастаи худро бовар кунондам, ки онҳо дар якҷоягӣ ба бисёр корҳои бузург қодир ҳастанд. Сарварони самаровар “асрори кори якҷоя ё гурӯҳӣ”: барои ба даст овардани бартарӣ, ягонагиро мустаҳкам намоедро, ба хубӣ дарк мекунанд.
Кор дар ҳайати даста, худ мукофот аст Сарвари муваффақ сазовори мукофоти зиёд мегардад.
Баъзе аз сарварон аз ҳама мукофоти гаронарзишро боигарӣ ва обрӯю эътибор меҳисобанд. Вале, ба андешаи ман, мукофоти аз ҳама гаронбаҳо барои сарвар ин қаноатмандӣ аз натиҷаи кори дастаи вай ба шумор меравад. Сарвари муваффақ кӯшишу ғайрати худро на барои нишон додани хубии худ равона месозад, балкӣ ҳама корро ба субут мерасонад, то ки нишон диҳад, чӣ гуна дастаи хуб дорад!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё