Самурае, ки шамшер надорад

Асари нависандаи Ҷопон Китами Масао. Дар он сирру асрори сарвари хирадманд, арбоби таърихию машҳур ва афсонавии Ҷопони асри XVI Тоётоми Хидэёсӣ, ки имкон дорад бо муваффақият дар асри ХХІ мавриди истифода қарор дода шаванд, ба таври содда ва оммафаҳм баён гардидаанд. Асари Китами Масао барои доираи васеи хонандагон пешбинӣ шудааст.
Барномасоз · 16 сентябри 2026 · 30 саҳифа
Барои ба даст овардани афзалият, ягонагиро мустаҳкам намоед Дар ҷараёни муҳорибаҳои низомӣ кори ботартиби даста аҳамияти ҳалкунандаро ба худ касб мекунад. Магар дар дигар ҳолатҳои ҳаётӣ нақши кори дастаҷамъона ба ин андоза муҳим нест? Ман ба таври қатъӣ мӯътақидам, ки кори муштарак – асоси комёбии ҳар як ташкилот – ҳарбӣ, тиҷоратӣ ё маъмурию хоҷагӣ ба шумор меравад. Бинобар ин, вазифаи асосии сарвар – ин таъсис додани дастаҳо ва бо инъому мукофотҳо ҳавасманд гардонидани кӯшишҳои ин гурӯҳҳою дастаҳо иборат мебошад.
Дар замони худ княз Нобунага устоди барҷастаи санъати размӣ, мутахассис оид ба истифодаи найза, самурай бо номи Мондоро ба хизмат қабул карда буд. Аз дасти вай садҳо душман дар майдони набард ба ҳалокат расонида шудаанд ва шогирдони вай таъриф мекарданд, ки ягон кас аз ҳисоби сокинони замин дар санъати ҷанг ба вай баробар шуда наметавонад. Маҳз барои ҳамин, ба Мондо супориш шуда буд, ки ба омӯзиши аскарони қабилаи Ода дар самти малакаи истифодаи найза машғул шавад.
Ман дар бораи шӯҳрат ва садоқати шахсии вай ба генерал Сибата – ҳарифи асосии ман дар қабилаи Ода хабар доштам. Вале дигар сабабҳои аз вай эҳтиёт шудан барои ман вуҷуд надошт.
Ҳамааш дар он рӯзе, ки Мондо ба тантанаи аз ҷониби княз Нобунага барои сарвассалҳои худ ташкил карда буд, ташриф оварда буд, тағйир ёфт. Ду мард аз рӯйи одат ба муҳокимаи масъалаҳои роҳу усулҳои низомӣ шурӯъ карданд ва княз Нобунаго аз Мондо пурсид, ки кадом найзаро дар ҷанг истифода бурдан қулайтар аст: кӯтоҳ ё дарозро.
– Албатта, кӯтоҳро, – бо қатъият ҷавоб дод, Мондо. – баъди ҷаҳиш ба пеш чунин найза ба бадани душман бо қувваи зиёд дохил мешавад. Илова бар ин, бо он метавон ба таври хеле тез дар як вақт бо чанд душман мубориза бурд. Ин аслиҳа махсусан дар набарди наздик, вақте найзаи дароз нодаркор мешавад, самаранок мебошад. Касе, ки дигар хел фикр мекунад, аҳмақ аст.
Княз Нобунага ки одат карда буд, ки дар муҳорибаҳо бо найзаи ниҳоят дароз иштирок намояд, дар ҷойи нишасташ ҳиҷолатомезона беқарор шуд. Аммо, ба унвони князии худ нигоҳ накарда, бо одаме, ки худаш барои хизмат ба ҳайси коршиноси ин масъала қабул карда буд, баҳс карданӣ набуд.
Вай бо нигоҳаш маро пайдо намуда, бо ишора маро даъват кард, ки дар муҳокимаи ин масъала иштирок намоям.
– Ана ту ҳам дар ҳамин ҷо ҳастӣ, Хидэёсӣ! – бо ман салом дода, гуфт княз. – Шояд ту бо фикру андешаҳои худ оид ба ин масъала моро саргарм мекунӣ. Ба фикри ту, дар ҷанг кадом найзаро истифода бурдан беҳтар аст:
дароз ё кӯтоҳро?
Ман дар ҳолати барои худ ғайримуқаррарии қаҳролуд қарор доштам ва пинҳон кардани онро зарур нашуморидам.
– Барои чӣ аз ман мепурсед? – ба ҷониби Мондо ишора карда, гуфтам ман. – Ана он шахсе, ки ин масъаларо ба таври хеле хуб медонад. Беҳтар хоҳад буд, агар Шумо андешаҳои вайро гӯш кунед.
– Ба ҳар сурат, Маймун, – ором намешуд княз Нобунага, – лутф намою андешаҳои худро дар ин масъала ба ҳозирин бигӯ.
Дар лаҳзаи аввал ман нафаҳмидам, ки дар паспардаи хоҳиши вай чӣ мақсаде ниҳон аст, аммо акнун ман онро ба таври пурра пайхас кардам. Ҳатто танҳо ҳамин бояд маро ба фикри он ки дар чунин вазъият беҳтарин ҷавоб ин посухи муҷмал бошад, равона мекард. Аммо, тавре ин аксар вақт ба амал меояд, сари вақт забони худро идора карда натавонистам.
– Чӣ илоҷ, Шумо, ки бо чунин қатъият хоҳиш менамоед, – ҷавоб додам ман, – мегӯям, ки дар ин ҷо чизи муқоиса мекардагӣ вуҷуд надорад. Найзаи дароз на танҳо ба ҳайси намуна, беҳтар аст.
Мондо бо шаст нимкосаи пур аз сакэи худро ба миз зад ва бо қаҳру таҳқиромезона гуфт.
– Охир, ту умуман дар ин масъала чиро мефаҳмӣ?
Ростӣ гап, ман дар баён намудани андешаи худ каме саросема шудам ва барои мулоҳиза намудан сарф кардани вақти худро зарур нашуморидам. Вале баъд чунин аксуламал маро ҷуз ҳимоя кардани нуқтаи назари баёншуда, илоҷи дигар намонда буд ва вақте кӯшиш кардам онро асоснок намоям, дарёфтам, ки ба дурустии он бовар дорам.
– Ман дар ин масъала ба андозае, ки шумо ворид ҳастед, балад нестам, вале медонам, ки найзаи дароз дуртар парвоз мекунад ва бинобар ин, метавонад дар масофаи калон душманро захмдор ё ба ҳалокат расонад. Пас, бинобар ин, он аз найзаи кӯтоҳ беҳтар аст.
Мондо ҳатто кӯшиш накард, ки бадбинии худро дар овозаш пинҳон намояд.
– Ҳамаи ин назарияе беш нест. Вале ту, калламӯши бемӯй ба ман бигуй, ки бо найзаи дароз дар муҳорибаҳои ҳақиқӣ чанд душманро куштаӣ?
Дар ин миён княз Нобунага зарур шуморид ба баҳси мо мудохила намояд ва маро аз номбар намудани рақами аниқи душманони аз ҷониби ман нобудкарда, ки он ба сифр баробар аст, халос намояд.
– Лаққиданро бас кунед! – гуфт вай. – Сафсатаи бисёр баҳси бамиёномадаро ҳал намекунад. Пешниҳод мекунам, озмоиш гузаронида, ҳақиқатро муайян намоед. Ба ихтиёри ҳарду тараф панҷоҳнафарӣ аскар дода мешавад. Ба ҳар яки Шумо барои ба аскарони худ омӯзонидани истифодаи ин намудҳои найзаҳо се рӯз муҳлат дода мешавад. Баъд аз се рӯз барои муайян кардани ғолиб муҳорибаи намунавӣ мегузаронем. Пешниҳоди маро қабул менамоед?
Мо ҳарду розӣ шудем. Мондо мағрурона писханд зад ва аз шикасти ногузири ман пешакӣ лаззат бурд. Ман бошам, табассуми оҷизонае нишон додам, зеро ба мағлуб намудани чунин душмани боистеъдод бо яроқи дӯстдоштаи вай, ниҳоят шубҳа доштам.
Княз Нобунага фармон дод сад нафар аскарро ҷамъ намоянд ва ба онҳо шартҳои муҳорибаро шарҳ дод. Тамоми аскарон дафъатан талаб карданд, ки онҳоро ба дастаи Мондо шомил кунанд, бинобар ин, княз Нобунага амр намуд, то ки аз рӯйи гамдумпоя қуръа кашанд. Табиист, онҳое, ки гандумпояи дарозро кашиданд, ҷониби Мондоро интихоб карданд, ба ман бошад, панҷоҳ нафар аскари рӯҳафтодаи бетолеъ насиб гардиданд. Вақте ман онҳоро барои нахустин шиносой ҷамъ намудам, зимни суханронӣ маҷбур шудам ҳар як калимаро бодиққат интихоб намоям.
– Ба шумо ҳақиқати гапро мегӯям, – дафъатан иқрор шудам. – Ман худро бо доштани маҳорати хуби идора кардани найза, хоҳ хурд бошад, хоҳ калон ё дилхоҳ найзаи дигар таърифу тавсиф карда наметавонам. Вале ҳатто агар ман устоди ин соҳа ҳам мебудам, се рӯзи ҷудошуда барои омӯзонидани Шумо кифоя нест. Ҳамаи он дарсҳое, ки шумо аз худ кардаед, баъди аввалин зарбаи сахт аз саратон парида мераванд. Барои аз худ кардани малакаҳои ҳарбӣ машқҳои дурударозу боисрор ва устоди хубу ботаҷриба зарур мебошанд. Мутассифона, на ину на дигар ба шумо муҳайё карда намешавад.
Дақиқан, ин на он суханронии оташине буд, ки онҳо аз ман мунтазир буданд. Аскарон бо чеҳраи турш ба якдигар дида дӯхтанд ва баъд бодиққат ба ман назар андӯхтанд.
– Агар вазъ чунин бошад, – гуфт яке аз онҳо, ки аз афташ, аз ҳама ҷасурашон ба шумор мерафт, – беҳтар он нахоҳад буд, ки ғалабаи Мондоро эътироф намоем ва ба ин кор хотима бахшем? Агар моро шикаст диҳанд, бадтар хоҳад шуд. Чаро корро то оқибати ногузир ва шикасти нодаркор расонем?
Бошитоб ба пеш қадам гузошта, аз китфонаш дошта гирифтам ва бодиққат ба рӯяш нигоҳ кардам. Вале вақте ба саволаш ҷавоб додам, дар овозам хашм вуҷуд надошт.
– Маро бодиққат гӯш кун, – гуфтам ба вай. – Ман иқрор шудам, ки дар истифодаи усулҳои муомила бо найза тавоно нестам, то ки онҳоро ба шумо ёд диҳам, гузашта аз ин, шумо ҳам вақт надоред, ки онҳоро аз худ намоед. Вале ман дар бораи шикаст хӯрдан дар ин озмоиш чизе нагуфтам.
– Дар ин сурат Шумо чӣ пешниҳод доред? – ба дигарон назар дӯхта, гуфт аскар. – Бо туфанг мусаллаҳ шуда, дар вақти муайянгардида ба муҳорибаи шартӣ бароем?
– Ин найранг ба кор намеравад, – қайд намуд кадом соддалавҳ, яқин чунин фикр кард, ки пешниҳоди мазкур ҷиддӣ аст. – Княз Нобунага ҳеҷ гоҳ чунин ғалабаро эътироф намекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё