Самурае, ки шамшер надорад

Асари нависандаи Ҷопон Китами Масао. Дар он сирру асрори сарвари хирадманд, арбоби таърихию машҳур ва афсонавии Ҷопони асри XVI Тоётоми Хидэёсӣ, ки имкон дорад бо муваффақият дар асри ХХІ мавриди истифода қарор дода шаванд, ба таври содда ва оммафаҳм баён гардидаанд. Асари Китами Масао барои доираи васеи хонандагон пешбинӣ шудааст.
Барномасоз · 16 сентябри 2026 · 30 саҳифа
Ҳафт ҷанговари савора аз гвардияи шахсии ман – Киёмаса, Такэнорӣ, Масанорӣ, Нагаясу, Катсумото, Ёсиякӣ ва Ясихару – аз паси худ одамонро ба ҳамлаи ҳалкунанда бурданд, ки он дар сафҳои душман изтироб ба миён овард ва дар ниҳояти кор мо ғалаба кардем. Ғалабаҳои онҳо дар назди Сидзугатакэ чунон шӯҳрате ба даст овард, ки аз ҳамон давра ибораи “ҳафт найза” барои нишон додани ҷанговароне, ки дар муҳорибаҳо корнамоӣ кардаанд, истифода мешавад.
Киёмаса, яке аз ин ҳафтгона, писари оҳангар буд ва ба девпайкари ҳақиқӣ монанд, ки аз руйи бузургии қаду қоматаш тахаллуси Ларзонандаи Заминро гирифта буд. Вай чун хирс қувва ва ғайратнокии махсус дошт: дар ҷараёни юриши босуръати қувваҳо ба Сидзугатакэ дар зери вай асп ҳалок шуд, ӯ бошад, понздаҳ километри боқимондаи роҳро бо пои пиёда ва бо тамоми таҷҳизоти низомӣ аз самурайҳои савора дер намонда, давида омад!
Вақте ман ӯро таъриф мекардам, вай аз хушбахтӣ медурахшид. Вай ба мисли лаблабӯ то нармаи гӯшҳои бузурги худаш сурх мешуд. Намуди ин чеҳраи сурхи хушбахт, ба чашмони ман ончунон гуворо буд, ки аз имкониятҳои мусоид истифода бурда, ӯро такрор ба такрор таъриф мекардам. Ва ҳар қадар ман ин корро такрор менамудам, вай рафторҳои нави шоистаро анҷом дода, сазовори таҳсинҳои навбатӣ мегардид. Ба вай нигоҳ карда, одамони дигар низ кӯшиш мекарданд, сазовори таърифи ман гарданд ва ин ҳаракатҳо барояшон кумак мекард, то ки ба дастовардҳои аз ин ҳам баландтар ноил гарданд. Ҳар як одам ҷанбаҳои қудратмандӣ ва заифӣ дорад, бинобар ин, сарварон ӯҳдадоранд дар худ маҳорати ошкор сохтан ва ҳавасманд кардани сифатҳои беҳтарини зердастонро инкишоф диҳанд.
Дар оғози фаъолияти кориам як вассали ман бо номи Миябэ барои кор ба назди генерали дигар гузашт. Бо гузашти як муддат, баъд аз он ки дастовардҳои ман дар тамоми Ҷопон маълум гардиданд, ин генерал аз Миябэ хоҳиш кардааст, ки дар бораи хизматаш дар назди ман нақл намояд. Чӣ гуна ба ман муяссар гардидааст, ки яке аз паси дигар чунин масъалаҳои душворро ҳал намоям ва музаффариятҳои нав ба навро ноил гардам?
– Умуман, княз Хидэёсӣ, аз дигарон он қадар фарқ намекунад, – ҷавоб дод, Миябэ, – ба ғайр аз муносибати вай ба таъриф кардан ва ҳавасмандгардонии одамон. Ҳатто камтарин дастовардҳои вассалҳои мақоми пасттарин аз таърифу тавсифи ӯ дар канор намемонанд, мукофотҳои вай бошад, барои кучактарин комёбӣ аз интизориҳо зиёд мебошанд. Ин ҳама хубиҳои ӯ дар қалби пайравонаш кӯшиши аз ин ҳам бештар корнамоӣ карданро бедор мекунад.
Агар рости гапро гӯем, таъриф ҳеҷ арзише надорад, вале натиҷаҳои бебаҳо меорад. Миябэ тавонист дар рафтори ман “асрори таҳсин”-ро пай барад, яъне: бо пайдо шудани имконият, одамонро ҳавасманд намоед.
Шахсонеро, ки хизмати хуб мекунанд, бо мукофотҳои шоиста сарфароз гардонед “Ҳафт найза” самурайҳои олиҷаноб буданд, вале то он вақте ки дар Сидзугатакэ мӯъҷизаҳои қаҳрамонӣ нишон надоданд, маҷбур буданд бо даромади ночиз қаноат кунанд. Ҷонбозиҳои қаҳрамонона дар муҳорибаҳои тақдиксоз ба онҳо шӯҳрат ва боигарӣ оварданд.
Масанорӣ бо рафтори худ маро ниҳоят мутаассир кард.
Каме пештар аз оғози муҳориба барои ким-кадом айби ночиз шамшерашро гирифта, худашро ҳабс карданд. Вале Масанорӣ аз ҳабсхона фирор кард ва аввалин шамшери кутоҳи ба дасташ афтодаро гирифта, ба иштирокчиёни юриши босуръат ҳамроҳ шуд. Дар тупаланги умумӣ касе ба ин амали вай аҳамият надод. Ба майдони муҳориба расида омада, дар он ҷо қомати даҳшатноки Хайго, ҷанговареро, ки бо хунхории худ шӯҳратёр шуда буд, пайдо карда, ба пеш давида баромад, то ки дар ҷанги тан ба тан бо вай биразмад. Баъд аз он ки дар либоси низомии Хайго сурохиеро дарёфт, бо як зарбаи моҳиронаи шамшери худ самурайро ба ҳалокат расонид ва заминро бо фаввораи хуни вай лолагун кард.
Бо далерӣ ва бебокии худ Масанорӣ ҷавониамро ба ёд овард ва ба вай моликиятеро тӯҳфа кардам, ки дар натиҷа мулки вай панҷ маротиба зиёд шуд. Барои самурайҳои боқимонда аз ин ҳафтгонаи олӣ чунин мукофотҳое муқарар карда шуд, ки заминҳои онҳоро ба андозаи се маротиба афзун намуд. Ҳамаи ҳафт нафар ҷанговарон аз олиҳимматии ниҳоят зиёди ман дар ҳайрат монда буданд.
Вале барои ман писанд аст саховатманди худро нишон диҳам, махсусан дар ҳолатҳое, ки одамон сазовори мукофот ҳастанд. Ба ғайр аз ин, муносибати мазкур дар асоси андешаҳои амалӣ ба миён омадааст: самурайҳо ба шахсе содиқона хизмат мекунанд, ки дар додани мукофот хасисӣ наменамояд.
Дар ёд дошта бошед: амалияи мукофотдиҳӣ ба ашхоси бартаринишондода натанҳо ба доираи хурди ташкилоти шумо таъсир мегузорад. Вақте дар бораи ман ҳамчун сарвари боинсоф андешаҳо баён карда, мегуфтанд, ки вай ба ҳамаи онҳое, ки натиҷаҳои назаррас ба даст меоранд, мукофотҳои ғанӣ тақсим менамояд, одамони зиёди маҳоратнок ба наздам омаданд. Агар ман хасисӣ мекардам, онҳо барои худ ҷанобони дигарро ҷустуҷӯ мекарданд.
Сарварони бетаҷриба аз он тарс доранд, ки пардохтҳои саховатмандона сандуқҳои онҳоро холӣ мекунад. Ин гапи беҳуда аст! Дар амал кор тамоман ранги дигар дорад.
Номи ман танҳо баъди он маълум ва машҳур гардид, ки ба одамони худ барои хизматҳояшон маоши нағз доданро шуруъ кардам. Овоза дар бораи он ки дар ташкилоти ман пули зиёд кор карда, бой шудан мумкин аст, беҳтарин мутахассисони соҳаҳои гуногунро ҷалб кард. Пардохтҳои зиёд на танҳо маро муфлис накарданд, балки боигариамро афзун намуданд.
Аз нигоҳи аввал ин гӯё аз ақл берун аст, вале дар асл ин ҳақиқат аст: ҳар қадар ба шахсоне, ки ба Шумо нағз хизмат мекунанд, пули бисёр тақсим кунед, ба ҳамон андоза бой мешавед. Аммо ин ҳақиқати оддиро танҳо шахсони алоҳида дарк мекунанд. Аксарияти мутлақи одамон кӯшиш мекунанд, ҳар чи маблағи бештарро барои худ бигиранд ва ҳар қадар имкон бошад, камтарро ба дигарон диҳанд.
Ана барои чӣ ҳамёни онҳо тиҳӣ мешавад.
Оё Шумо “асрори мубодила”-ро фаромӯш накардаед?
Барои он ки чизе ба даст оварӣ, бояд чизе бидиҳӣ. Ҳар вақте зарурати мукофот додан ба ҳамсафон ва ҳамкорон пайдо шавад, аз ин принсип истифода баред: ба онҳое мукофоти хуб диҳед, ки хизмати хуб мекунанд.
Шахсони корнамоӣ нишондодаро шахсан мукофот диҳед Майлу рағбати сарватманд шудан хоси одамон аст, аммо соҳиби иззату эҳтиром гаштан дар онҳо камтар нест. Ва маъмулан, кормандони дорои истеъдоди баланд, эътироф шуданро аз мукофоти пулию молӣ баландтар медонанд. Сарвароне, ки қодиранд дар одамон кӯшиши эътироф шуданро бедор мекунанд, дар кӯтоҳтарин муҳлат пайравони содиқро ба худ ҷалб мекунанд.
Беҳтарин усули ҷудо кардани шахсони корнамоӣ нишондода ва нишон додани муносибати худ ба онҳо – ин бо дасти худ навиштани мактубҳо ба шумор меравад. Баъд аз самурай шуданам, барои худ қоидае ҷорӣ кардам, ки он аз ҳамарӯза навиштан ва равон кардани мактубҳо иборат буд.
Баъзе сарварон бар ин фикранд, ки аз даст навиштани мактуб кори пурташвиш аст; дигарон бошанд, аз ҳусни хати безеби худ шарм мекунанд. Бинобар сабаби маълумоти кофӣ надоштанам, ман дар масъалаи имлои забон мушкилоти калон доштам, вале аз ин масоили ҷиддитар – хаттотӣ пеши рӯям қарор дошт. Аммо ҳамаи ин ягон аҳамият надорад, агар кӯшиш доред, он чизеро, ки дар қалбатон ҳаст, баён намоед. Вақте ман ҳиссиёти худро хаттӣ баён мекардам, масъалаҳои шакл ва услуб маро парешонҳол намекарданд.
Сарварони дигар аз хизматрасониҳои котибҳо истифода мебурданд, вале ман шахсан навиштани мактубро афзалтар медонистам. Гирандагони чунин номаҳо баъди дастрас кардани онҳо ниҳоят хурсанд мешуданд. Барои мисол, ман шахсан ба ҳар яке аз ҷанговарони “ҳафт найза” номаҳои миннатдорӣ навиштам. Дар яке аз онҳо, аз ҷумла навишта шуда буд: “Қаҳрамониҳои барҷастаи шумо дар Сидзугатакэ, симои Ҷопонро дар чашмони наслҳои оянда тағйир доданд”.
Сипосгузориҳои хаттӣ ба ҳайси шакли муҳимми ҳавасмандгардонӣ хизмат карданд, зеро тартиби ҷо ба ҷо шинондани одамонро пеш аз гузаронидани шӯроҳои низомӣ, муқаррар мекарданд. Вассале, ки шумораи зиёди ситоишу таҳсин дошт, метавонист дар назди генерали худ нишинад. Ба ғайр аз ин, аз рӯйи теъдоди сипосномаҳо ҳуқуқи вассал барои баён намудани андешаи худ дар шӯрои ҳарбӣ муайян карда мешуд. Самурайҳо барои гирифтани раҳматномаҳо ниҳоят шавқманд буданд, зеро онҳо барои ишғол намудани мавқеи баланд дар ин олам, кумакашон мекарданд.
Сипосгузорӣ танҳо яке аз шаклҳои ҳавасмандгардонии маънавӣ ба шумор меравад. Баъди ҳар як муҳорибаҳо ман ба ҳар як аскаре, ки корнамоии махсус нишон додааст, шамшер, сару либоси низомӣ ва дигар инъомҳо тақдим мекардам. Барои он ки ҳарчӣ тезтар намунаҳои шуҷоатмандӣ ва ҷасорати барҷаста қайд карда шаванд, ман ҳамеша ин корро дар ҷояш анҷом медодам. Гирандагони инъомҳои номбурда ба ин амал баҳои баланд медоданд, бисёре аз ин чизҳо ба сарвати оилавӣ мубаддал гашта, аз дасти як авлод ба насли дигар мегузаштанд.
Сарварони муваффақ, ки самаранокии на танҳо инъомҳои моддӣ, балки маънавиро низ эътироф мекунанд,“асрори эътироф кардан”: шахсони корнамоӣ нишондодаро шахсан мукофот диҳедро, истифода мебаранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё