Зеҳн
Самурае, ки шамшер надорад

Асари нависандаи Ҷопон Китами Масао. Дар он сирру асрори сарвари хирадманд, арбоби таърихию машҳур ва афсонавии Ҷопони асри XVI Тоётоми Хидэёсӣ, ки имкон дорад бо муваффақият дар асри ХХІ мавриди истифода қарор дода шаванд, ба таври содда ва оммафаҳм баён гардидаанд. Асари Китами Масао барои доираи васеи хонандагон пешбинӣ шудааст.

Барномасоз · 16 сентябри 2026 · 30 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

“Одобе, ки сарҳадҳои маълумро гузаштааст, – гуфт ӯ боре, – ба дурӯғ мубаддал мегардад”.

Масамунэ бо тамоми ҳастияш самурай буд, ҳол он ки аз лиҳози танумандӣ бо паҳлавонҷуссагӣ фарқ намекард. Агар аз рӯйи виҷдон гап занем, вай ба мисли ман қадпастак буд ва қади ӯ базӯр ба якуним метр мерасид!

Дар синни панҷсолагӣ бемории нағзакро паси сар кард ва чашми росташ нобино гашт, вале Масамунэ ғайрати навҷавонии худро аз даст надод ва сазовори тахаллуси Аждаҳои якчашма гардид. Дар солҳои баркамолӣ шуҷоати ҳарбии вай ин тахаллусашро бо мазмуни нав мукаммал гардонид.

Ба ғайр аз ин, Масамунэ бо навовариҳо дар соҳаи ҳарбӣ, аз қабили либосу аслиҳаи ҷангии сӯрохнашаванда, ки бо онҳо артиши худро муҷаҳҳаз гардонида буд, машҳур шуд.

Нахусти вохӯрии шахсии мо дар вақти муҳосираи қалъаи Одавара баргузор гардид. Баъд аз якчанд соли муҳорибаҳо ва музокирот дар ниҳояти кор ман тавонистам тамоми қисмати шимолии кишварро таҳти назорат бигирам. Акнун ман бояд диққати худро ба соҳилҳои қисмати шарқӣ равона созам, ки ҳокимҳои ман баъдтар шаҳри машҳури Эдоро таъсис доданд.

Истеҳкомҳои пуриқтидор ва хандақҳои васеъи қалъаи Одава имкон намедоданд, ки ҳамлаи рӯ ба рӯ анҷом дода шавад, бинобар ин, қарор додам, дастрасии озуқавориро ба қароргоҳи низомӣ қатъ намуда, душманро аз гуруснагӣ беҳолу бемадор кунам. Барои он ки боварии худро ба ногузирии ғалаба намоиш дода, ба муҳофизини Одавара таъсир гузорам, ба генералҳои худ иҷозат додам, ки зан ва маъшуқаҳои худро ба урдугоҳ биёранд ва ба ғайр аз ин амр додам, ки тез-тез намоишҳои театрӣ ва дигар бозиҳои вақтхушкунӣ баргузор намоянд. Ба зудӣ қароргоҳи мо, назар ба хаймаи аскарон дида, бештар ба макони гузаронидани карнавали мӯҳташам мубаддал гардид!

Ман аз Масамунэ хоҳиш кардам, ки бо мо ҳамроҳ шуда, дар муҳосираи қалъаи Одавара иштирок намояд, вале вай дар додани ҷавоб шитоб намекард. Ба ҷойи ин, ӯ ҷосусонро равон кард, то ки имконияти тарафҳои муқо1. Номи шаҳри Эдо баъдтар ба Токио иваз карда шуд.

билро арзёбӣ намуда, баъд ба ҷониби ғолиби эҳтимолӣ гузарад. Ман дар қаламрави заминҳои вай ҷосусони худро доштам ва ба хубӣ аз иқдомҳои вай огаҳ будам.

Вақте маълум гардид, ки қувваҳои мо ғалаба мекунанд, Масамунэ бо ҳамроҳии дастаи на он қадар калони вассалҳо ба қароргоҳи мо омад ва дар бораи дохил шудан ба хизмат ба ҳайси фармонбардори содиқ илтимоснома пешниҳод кард.

Баъд аз он ки ман ӯро таъна карда гуфтам, ки ин тасмимашро то лаҳзаи маълум шудани интиҳои ҷанг кашол дод, вай моту мабҳут шуд.

– Чӣ гуна ман метавонам ба шахсе бовар кунам, – гуфтам ман, – ки омодааст ба он касе қасами садоқат занад, ки қувваи бисёр дорад? Дар чунин вазъият месазад, ки шуморо ба қатл расонем. Вале ман ба ҳар сурат бовар дорам, ки иттиҳоди низомӣ ба ҳардуи мо фоида меорад ва омодаам кохи кӯҳнаро бод надиҳам.

Ин суханонро шунида, Масамунэ дар ин рӯз ду маротиба ба ҳайрат афтод. Ӯ худро тавре тасаввур кард, ки гӯё дар якчанд сония сари вай аз болои китфонаш парида рафт ва боз ба ҷояш баргашта омад!

– Чун Шумо роҳи дуру дарозро тай намуда, омадаед, иҷозат диҳед, қароргоҳамонро бароятон нишон диҳам,– идома додам ман. – Пешниҳод менамоям, ба он теппа бароем, зеро аз он ҷо ҳама ҷо хуб намоён аст.

Ман баргаштам ва ба ҷониби баландие, ки дар паси мавқеи мо ҷойгир буд, равон шудам. Масамунэ аз паси ман омад. Баъди расидан ба баландӣ, мо қароргоҳи бузурги дар поён ҷойгиргаштаро аз назар гузаронидем. Дар ин лаҳза садумин рӯзи муҳосира наздик мешуд. Дида мешуд, ки дар поён раққосаҳо, мутрибон ва тоҷирони бо либосҳои рангоранг бо ҳазорон ҷанговарон омехта шуда, бо намоишҳои зебою дилкаш ба чашмҳо нур мебахшиданд. Вале ман Масамунэро на барои он ба ин ҷо овардам, ки аз намуди зебои қароргоҳ завқ барем.

– Шумо дар минтақаи шимоли худатон аллакай таҷрибаи якчанд бархӯрдҳои кучакро аз сар гузаронидед, аммо муҳорибаи асосӣ дар пеш аст, - гуфтам ман. – Иҷозат диҳед, ба Шумо нишон диҳам, ки қароргоҳ чӣ гуна сохта шудааст. – Шумо метавонед сафи ҷангии моро ҳамчун намуна дар артиши худатон истифода баред.

Ман аз камари худ шамшери дар ғилофбударо кашида гирифта, ба ӯ додам, гӯё бо ду даст нишон додани нақшаи ҷойгиршавии қувваҳои мо, бароям қулайтар аст.

Сипас, ман дидаю дониста пуштамро ба ҷониби Аждари Якчашмаи хунхор гардонидам. Мо танҳо будем ва агар дар майнаи Масамунэ чунин хоҳиш пайдо мешуд, вай метавонист бе мушкилӣ маро ба қатл расонида, аз он ҷо ғайб занад. Дар ниҳояти кор, ӯ чӣ гуна метавонист дилпур бошад, ки ман боз аз фикрам намегардам ва фармони қатли вайро содир намекунам? Вале ӯ беҳаракат истода буд ва ба шарҳу эзоҳи ман гӯш медод.

Самурайҳои ҷавон, ки ба онҳо ин ҳодисаро нақл мекунам, аз фориғболии ман дар ҳайрат мемонданд. Онҳо иштибоҳ мекунанд: ин намоиши ҷасурӣ буд. Баъди дидани иқтидори ҳарбӣ Масамунэ сахт мутаассир гардид, вале ин кам буд. Ба ғайр аз ин, ман ба ӯ бояд нишон медодам, ки дар ҷасорати шахсӣ аз вай монданӣ надорам.

Баъд аз он ки мо якҷоя аз теппа поин омада, ба хаймаи ман баргаштем, Масамунэ рӯҳафтода ба назар мерасид.

Ман қарор додам ӯро ба ақиб, ба ватани шимолӣ фиристам, то ки вай дар сарзамини худ тартибот ҷорӣ намояд.

Вале афсарони ба ман наздик эътироз баён карданд.

– Ба Масамунэ иҷозати рафтан додан, ин маънии сар додани паланг ба ҷангалро дорад! – пешакӣ огаҳ карданд маро онҳо. – Шумо ҳақ ба ҷониб будед, вақте иброз доштед, ки ба вай бовар кардан мумкин нест!

– Ин беақлӣ аст, – ҷавоби дурушт додам ман. – Шумо аз бинии худ дуртар дигар чизеро намебинед. Масамунэ дар хонааш худро тавоною қудратманд ҳис мекард, зеро вай шабеҳи қурбоққае буд, ки тамоми умр дар ҳавзи кучаке умр ба сар бурдааст ва дар бораи уқёнуси беканор чизе намедонад. Акнун, вақте барояш муяссар гардид бубинад, ки дар паси замини кучакаш чӣ мавҷуд аст, вай дигар ҳеҷ гоҳ қасди шино карда гузаштани уқёнусро намекунад. Ӯ барои мо хатар надорад.

Масамунэ самурайи ниҳоят боистеъдод буд, бинобар ин, бо ӯ сарукор кардан осон аст. Вале қисмати зиёди аскарон қобилияти аз дараҷаи миёна пасттар доштанд.

Барои идора кардани зертобеони камистеъдод малакаҳои дигар зарур мебошанд. Ҳар як шахс қадру қиммат дорад, барои ҳамин вазифаи сарвар аз он иборат аст, ки дар пайдо кардани соҳаи фаъолият кумак намояд, то ки одамон фоида бештар биёранд. Онҳоро мебояд аз рӯйи ақл истифода бурд, на ин ки аз ҳисоб берун намуд, зеро сарварон имконият надоранд сифатҳои беҳтарини онҳоро ошкор ва инкишоф диҳанд. Ман ниҳоят ифтихор дорам, ки дар тамоми ҳаёти худ шумораи ками одамонро аз хизмат хориҷ кардаам.

Ҷиҳати дигари муҳим дар рафтори сарвар бояд доштани маҳорати бахшидани иштибоҳҳои кучаки зердастон ба шумор равад. Ёд дорам, дар яке аз рӯзҳо вақте ман аллакай сарвари Ҷопон шуда будам ва дар қуллаи баланди ҳокимият қарор доштам, яке аз наздикони маро ба муносибати бепарвоёна ба мурғони ромшудаи қалъа гунаҳгор карданд. Ҳангоми ғизо додан вай тасодуфан ба тӯтии думдарози дӯстдоштаи ман имкон дод, ки аз қафас берун шуда, парида равад.

Ҷавон бо дастони аз тарс ларзон ба назди ман ҳозир шуда, бо чеҳраи мисли варақи коғаз сап-сафед ба зону зад ва беҳуда саъю кӯшиш мекард узри бенатиҷаи худро баён намояд. Вай медонист, ки ман то чӣ андоза ин парандаро қадр мекардам. Дар вуҷуди ман хашм аланга гирифт, вале баъди он ки ба чашмони ҳаросони вай назар кардам, он шаллоқҳои даҳшатноке, ки падарандарам ба ман раво медиду ман тоқат мекардам, ба ёдам омаданд.

– Ман медонам, ки ту қасдан ба парранда имконияти парида рафтанро надодаӣ, – ором кардам ӯро. – Акнун, вақте тӯтӣ дигар дар ин ҷо нест, илоҷи дигар ҳам нест. Аз ин рӯ, ту набояд дигар безобита шавӣ.

Вале, навҷавон аз афташ аз тарс карахт шуда буд ва аз ҷояш наҷунбид. Дар он вақт, ман бо овози паст хандидам ва гӯшашро молидам.

– Ҳамаи он чизе, ки дар Ҷопон вуҷуд дорад, ба ман тааллуқ дорад. Бинобар ин, ҳатто агар тӯтии хурд парида рафта бошад, ҳам он паррандаи Хидэёсӣ боқӣ мемонад, – гуфтам ман.

Баъд аз он ки чавон ба ҷойи сарзаниш суханони хуб шунид, овозаш ногаҳон баргашт ва ба гиря даромад.

– Ман бисёр афсӯс мехӯрам! Хоҳиш мекунам, маро бубахшед! – ҳиқ-ҳиқкунон ва таъзимкунон аз сари нав ва такрор ба такрор ин хоҳиши худро баён мекард.

Баъдтар ин ҷавон яке аз вассалҳои содиқтарин шуд ва бо мурури замон ва бузург шудани синну солаш, ман барои пешравӣ дар фаъолияташ мусоидат мекардам. Сарвароне, ки пайравони худро барои иштибоҳоти ночиз ҷазо медиҳанд, танҳо худашонро озор медиҳанд. Вале сарвароне, ки кӯшиш мекунанд рӯҳан инкишоф ёбанд ва таъсири худро устувор намоянд, “асрори нармдилона”: бубахшед иштибоҳоти ночизро, фаъолона истифода мебаранд.

Такаббурро фурӯ нишонед Муҳосираи қалъаи Одавара сайри чаманро ба хотир меовард, вале ҳамзамон он бароям ҳамчун дарси ҷиддӣ хизмат намуд. Ин ҳодиса маро маҷбур сохт, ки ба камбудии худ аҳамият диҳам ва дарк намоям, ки омӯхтан аз зертобеон то чӣ андоза муҳим аст.

Стратегияи муҳосираи ман аз он иборат буд, ки фазои ҷашну тантана сохта шавад, ки на танҳо интизории тӯлонии дилгиркунандаро рангин намояд, балки инкон диҳад, ки душманро бо боварии беандоза ба худ дар ҳайрат гузорад. Аммо ҷашну тантанаҳои аз ҷониби ман иҷозатдодашуда, то андозае ғайриоддӣ ба назар мерасиданд, ки баъзан аз ҷониби одамоне,ки аз тарафи ман меҷангиданд, нодуруст дарк карда мешуданд. Бубинед, як таърихнигор ин тантанаҳоро чӣ гуна тасвир кардааст:

Самурайи ҷавон бо номи Мотоюкӣ тасодуфан аз паҳлӯи хаймае мегузашт, ки бо хоҳиши Хидэёсӣ консерт баргузор карда буданд. Садои мусиқӣ ва фарёди пурҷӯшу хурӯши тамошобинон ӯро ниҳоят ба хашм оварданд.

Ба ҷойи он ки ҳамла ба нақша гирифта шавад, фармондеҳи мо, аз афташ вақтро ба вақтхӯшӣ сарф мекунад!

– пойҳояшро ба замини назди даромадгоҳи хайма тиргак карда, бо овози баланд хитоб кард. – Ин ҳама вақтхушиҳо моро ба куҷо мебарад?

Яке аз муҳофизон, ки дар наздаш истода буд, мулоҳизаҳои танқидии Мотоюкиро шунида, фавран ҷавоб дод:

– Ту худат кӣ ҳастӣ, ки гуфтани чунин суханҳои густохонаро ба худ лоиқ медонӣ?

Мотоюкӣ заррае ҳам натарсид ва ҷавоб дод:

– Номи ман Мотоюкӣ, ман дар хизмати муваққатии генерал Кагэкатсу қарор дорам.

– Ту чиро дар назар доштӣ, вақте дар бораи генерал Хидэёсӣ таҳқиромезона ҷавоб додӣ? – ба таври ҷиддӣ пурсид муҳофиз. – Ҳушат дар сарат ҳаст? Ё ҳоло сархуш ҳастӣ?

Дар ҳама ҳолат, ман вазифадорам дар бораи рафтори ту ба сардор хабар диҳам.

пешина
аз 30
навбатӣ