Зеҳн
Самурае, ки шамшер надорад

Асари нависандаи Ҷопон Китами Масао. Дар он сирру асрори сарвари хирадманд, арбоби таърихию машҳур ва афсонавии Ҷопони асри XVI Тоётоми Хидэёсӣ, ки имкон дорад бо муваффақият дар асри ХХІ мавриди истифода қарор дода шаванд, ба таври содда ва оммафаҳм баён гардидаанд. Асари Китами Масао барои доираи васеи хонандагон пешбинӣ шудааст.

Барномасоз · 16 сентябри 2026 · 30 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ба ҷойи он ки аз ман бипурсӣ, ки ҳуши ман дар сарам ҳаст ё не, беҳтар хоҳад буд, ин саволро ба фармондеҳи худ бидеҳӣ, – ҷавоб гардонид Мотоюкӣ. Дар арафаи ҷанг сарвар бояд одамони худро ба муҳориба омода созад, на ин ки вақтро ба мусиқию рақс сарф намояд! Ман намедонам, кӣ бояд зиёдтар шарм намояд – сарвари мо ё хизматгороне мисли ту, ки ниҳоят тарсончак мебошанд ва аз гуфтани ҳақиқат ҳарос доранд. Беҳтар он аст, ки ман шаъну шарафи самурайро нигоҳ медорам ва аз сари худ маҳрум мегардам, аз он ки иштирокчии ин намоиши шармандавор мегардам!

Баъди гуфтани ин суханон Мотоюкӣ намоишкорона ба замин туф намуда, бо ифтихор бадар рафт.

Муҳофиз шитобон ба назди сардори худ рафт ва дар бораи ҳодисаи бавуқуъомада хабар дод. Афсари посбонҳо ба назди Хидэёсӣ рафт ва дар бораи рафтори Мотоюкӣ маълумот дод.

Хидэёсӣ ба хашм омад ва ҳамон лаҳза фармон дод, ки генерал Кагэкатсуро ба наздаш даъват намоянд. Ҳангоми пайдо шудани Кагэкатсу Хидэёсӣ аз ҷояш парида хест ва қаҳру ғазаби хешро ба рӯйи вай рехт.

– Кагэкатсу, яке аз одамоне, ки дар хизмати шумо қарор дорад ва номаш ким-кӣ Мотоюкӣ мебошад,ба худ раво дид, ки нисбати ман суханони таҳкиромезона гӯяд. Шумо бояд фавран ӯро ҳабс намоед ва дар салиб чормех кунед.

Агар Шумо фармони маро иҷро накунед, ба вай ҳамроҳ мешавед ва якҷоя чормех карда хоҳед шуд!

Хидэёсӣ бо хашм пояшро ба замин куфт.

– Ман аз ҷанобам узр мехоҳам, вале аз пагоҳӣ то ҳозир дар ҳамин ҷо будам ва мусиқӣ гӯш мекардам, – ҷавоб дод Кагэкатсу. Ман дар бораи рафтори Мотоюкӣ хабар надорам. Вале агар Шумо иҷозат бидиҳед, ман рафта, ин масъаларо пайгирӣ мекунам.

Бо иҷозати Маймун генерал узр хоста, ба ҷустуҷӯй Мотоюкӣ рафт. Аммо аллакай баъди ду дақиқа қосиди Хидэёсӣ ӯро бозпас хонд. “Акнун аниқу дақиқ, – аз дил гузаронд Кагэкатсу, – ҳамаи он суханони таҳқиромезе, ки Мотоюкӣ гуфтааст, барои ман ба хубӣ анҷом намеёбад”.

Вале вақте вай баргашта омад, дид, ки хашму ғазаби Хидэёсӣ камтар паст шудааст.

– Бо назардошти он ки Мотоюки ин суханони таҳқиромезро на дар ҳузури ман, балки ба яке аз посбононам гуфтааст, ба ҷойи чормех кардан, метавонед сарашро аз тангаш ҷудо намоед. Ва кӯшиш кунед, то ҳама донанд, ки чунин ҷазо бар ивази густохии вай дода шудааст. Ин ҷазо дигаронро аз такрори чунин рафтору кирдор нигоҳ медорад.

Кагэкатсу таъзим намуд ва барои иҷро кардани фармон рафт. Вале ҳанӯз дуртар нарафта буд, ки ӯро бозпас хонданд. “Ин дафъа боз чӣ гап шуда бошад? – аз дил гузаронид Кагэкатсу ҳангоми таъзим кардан дар назди Хидэёсӣ. Аммо Хидэёсӣ бошад, хомӯш буд. Чунин ба назар мерасид, ки гӯё вай ғарқи андешаи амиқ шудааст. Баъди чанд вақте вай ба гап даромад.

Мотоюкӣ дар хизмати доимии шумо қарор надорад.

Вай ронин, самурайи озод аст, ки муваққатан зери парчами шумо баромад мекунад, бинобар ин, аз тан ҷудо кардани сари вай таҳқири ошкорои номи неки шумо ҳамчун сарвар ба шумор меравад. Беҳтараш ба ӯ бигӯед, ки бо шамшер шиками худро пора кунад.

Кагэкатсу аз ҷояш баланд шуда, боз як маротибаи дигар аз хайма берун баромад, аммо ҳамагӣ масофаи ними роҳро то ҳаймаи худ тай накарда буд, ки барояш хабар доданд, ки Хидэёсӣ мехоҳад аз нав бо ӯ сӯҳбат намояд.

– Баъди андеша кардан дар бораи он ки чӣ ҳодиса рӯй дод, – изҳор намуд, Хидэёсӣ, – ман ба хулосае омадам, ки Мотоюкӣ ба ғайр аз ҳақиқат чизи дигаре нагуфтааст ё он чизеро баён кардааст, ки ба назараш ҳақиқат намудааст.

Эҳтимол, вай калимаҳоро нодуруст интихоб намудааст, вале ҳуқуқи пурра дошт онҳоро баён намояд. Фармоиши ман дар бораи гузаронидани ин намоишҳои театрӣ ба ҳеҷ ваҷҳ на аз девонагӣ ва на аз рӯйи дӯстдории хушгузаронии вақт қабул карда шудаааст. Иқдоми мазкур барои нишон додани эътимоди мо ба тавоноии худ ва бовар кунонидани душман ба он ки мо ният дорем, ҳисобро бо онҳо баробар кунем, равона карда шудааст. Стратегияи ман маҳз ба шикастани иродаи душман равона карда шудааст.

Аммо Мотоюкӣ аз ин хабар надошт. Ана барои ҳамин, аз нуқтаи назари вай рафтори ман ҳақиқатан ҳам аҳмақона ба назар мерасад.

На, дар ин кор танҳо ман гунаҳкорам, – идома дод Хидэёсӣ, – зеро ба ғурури хеш имкон додам, ки ба дақиқии андешаҳоям таъсир расонад. Маро зарур аст, он одамонеро, ки андешаҳояшонро баён менамоянд, сазовори мукофот гардонам, на ин ки ҷазо диҳам.

Кагэкатсу аз тааҷҷуб чашмонашро калон кушод, вале аз рӯйи эҳтиёт чизе нагуфт.

– Садҳо нафар асилзодаҳои бонуфуз ва самурайҳои машҳур аз ин намоишҳои театрӣ дидан карданд ва ба мувофиқи мақсад будани гузаронидани онҳо шубҳа надоштанд. Аммо, вақте як одами дорои унвони паст, ба мисли Мотоюкӣ ба таври ошкоро шубҳаи худро дар бораи оқилона будани чунин чорабиниҳо баён менамояд, ин аз бебокию нотарсии вай шаҳодат медиҳад ва ман бисёр мехостам, ки вассалҳои ман ҳарчӣ бештар чунин ҷасорат нишон диҳанд.

Мотоюкӣ нисбати ман суханҳои таҳқиромез баён намуд, вале бо ин рафтори хеш нишон дод, ки соҳиби хислати мустақил мебошад ва метавонад дар бораи афсари сатҳи аз ҳама баланд андешаи худро иброз намояд. Дар ин кор вай ба ман дар даврони ҷавонӣ монанд аст. Чӣ гуна ман метавонам одамеро барои он ҷазо диҳам, ки маро барои худам ба ваҷд меорад? Мо ҳама метавонистем аз Мотоюкӣ дарси ҷасорат омӯзем. Ман гумон мекунам, Кагэкатсу, месазад, ки ӯро ба хизмати доимӣ қабул намуда, ба вай унвони генералӣ1 диҳед.

Маврид ба зикр аст, ки Кагэкатсу дар ҳақиқат Мотоюкиро ба унвони генералӣ мушарраф гардонид ва дар оянда ин ҷавон, ки ҷуръат карда, шубҳаи худро нисбати хирадмандии ман баён намуда буд, чандин маротиба номи худро бо хизматҳои шоиста машҳур гардонид. Ғазаби одилонаи Мотоюкӣ моро оиди то чӣ андоза муҳим будани истифодаи “асрори равшании ақл”: такаббурро фурӯ нишонедро, хотиррасон менамояд.

Аз пайравони худ омӯзед Ман аз таърихнигоре, ки ин ҳодисаи ибратомӯзро сабт кардааст, сипосгузорам, зеро он хатари шӯҳратпарастиро, ки бисёр сарварон, азҷумла ман қурбонии он мегарданд ва аввалин аксуламалам ба рафтори Мотоюкӣ аз он шаҳодат медиҳад, тасвир менамояд. Ҳар қадар шумо соҳиби ҳокимияти зиёд бошед, ҳамон қадар хавфи қурбони худписандӣ шуданатон бештар мегардад. Мутаассифона, ҳатто ба ман на ҳамеша муяссар мегардид, ки аз ин дом раҳо ёбам ва дар ин бора шумо дар ҳикояҳои минбаъда маълумоти бештаре хоҳед гирифт. Вале алъон дар хотир дошта бошед:

дар олам чунин сарваре нест, ки аз таҷрибаи пайравони худаш барояш ягон чизи омӯхтанӣ вуҷуд надошта бошад!

пешина
аз 30
навбатӣ