Самурае, ки шамшер надорад

Асари нависандаи Ҷопон Китами Масао. Дар он сирру асрори сарвари хирадманд, арбоби таърихию машҳур ва афсонавии Ҷопони асри XVI Тоётоми Хидэёсӣ, ки имкон дорад бо муваффақият дар асри ХХІ мавриди истифода қарор дода шаванд, ба таври содда ва оммафаҳм баён гардидаанд. Асари Китами Масао барои доираи васеи хонандагон пешбинӣ шудааст.
Барномасоз · 16 сентябри 2026 · 30 саҳифа
ОДАМОНРО ЧӢ ГУНА МЕТАВОН ЗАВҚМАНД КАРД
Вазифаи завқманд кардани пайравон аз ҷониби сарвар бояд ҳамарӯза, дар ҳама давраи таърихӣ ҳал гардад. Он чизе, ки сарвар метавонад анҷом диҳад, аз ҳама муҳимаш кумак кардан ба дигарон дар дастрас кардани он чизе, ки ман онро одати ғалаба кардан меномам. Ин маънии онро дорад, ки ба одамон кумак расонида шавад, то ки онҳо маззаи комёбиро ҳис кунанд, бигузор ҳатто як ҳиссаи ночизи онро. Вақте одамон дар ягон кори хурд ба комёбӣ ноил мегарданд, ин боварии онҳоро ба он мустаҳкам мекунад, ки дар оянда аз ӯҳдаи вазифаҳои душвортар баромада метавонанд. Тухмиҳои дастовардҳои хоксорона нешҳои ғалабаҳои бузург ба бор меоранд: дар ташкилоте, ки кормандони боғайрат ва дилпур зиёданд, дар майдони муҳориба ё дар муборизаи рақобатӣ барои ба даст овардани ғалаба имконияти бештар доранд. Бо мурури замон ман ба самурайҳои ҷавон омӯзонидани панҷ принсипҳои муҳими сарвариро, ки ба ман дар вақташ устодони хирадмандам дар азхуд кардани онҳо кумак карда буданд, шурӯъ кардам.
Ҷангро танҳо ҳамон вақт оғоз намоед, ки барои ғалаба дар он шароит муҳайё шуда бошад Ҳамаи сарварони Ҷопони феодалӣ тарзу усулҳои пешбурдани ҷанги лашкаркаши афсонавии Чин Сун–тсзиро омӯхтаанд. Ӯ ҳамеша мегуфт, ки ба муҳориба танҳо ҳамон вақт ворид шудан мумкин аст, ки тамоми шароитҳо барои ба даст овардани ғалаба омода шуда бошанд.
Аз нигоҳи аввал ин қоида аён аст, вале иҷро кардани он на ҳамеша осон мебошад. Дар асри ҷангҳо танҳо ба каме аз князҳо муяссар гардидааст, ки насиҳатҳои Сун–тсзиро дар амал татбиқ намоянд. Аммо ман тавонистам онро дар ҷараёни омодагӣ ба муҳориба дар назди Сидзугатакэ дар ҳаёт татбиқ созам.
Баъди қатли княз Нобунага намояндагони муътабари қабила дар ҷаласи шӯро ҷамъ омаданд, ки вориси ӯро интихоб намоянд. Ман номзадии набераи княз Нобунага, ба ҳайси вориси ягона, хунӣ ва қонунӣ Самбосаро пешниҳод кардам. Шӯро ҳуқуқҳои ӯро эътироф кард, вале баъзеҳо норозӣ монданд, махсусан Нобутака, писари сеюми ғайриникоҳи княз Нобунага, ки барои ба раёсати ҳокимият ворид шудан, талошу ҷидду ҷаҳд дошт.
Нобутака навҷавони сустирода буд ва аз худи вай ягон хатаре барнамеомад, вале дар паси ӯ ҳомиёни пуриқтидор истода буданд ва ӯро ба мисли лухтак идора мекарданд.
Лухтакбози асосӣ ҳарифи куҳнаи ман дар қабилаи Ода генерал Сибата буд. Сибата ҳамеша ба ман ҳасад мехӯрд ва дар шахсияти Нобутака симои калидиеро медид, ки метавонад ба комёбиҳои ман хотима бахшад. Нобутака ва тарафдорони вай бар зидди ман сӯиқасд омода карданд, вале ман нақшаҳои онҳоро пай бурда, чораи зарурӣ андешидам. Ҳол он ки душманон то он лаҳзае, ки дер шуда буд, чизеро пай набурданд, ман дар муҳориба то аз ғилоф берун шудани аввалин шамшер ғалаба кардам. Тавре Сун–тсзӣ гуфта буд, “артиши ғалабаовар нахуст шартҳои ҷангро дарк мекунад ва баъд муҳорибаро меҷӯяд; артиши шикастхӯрда аввал меҷангад ва баъд ғалабаро меҷӯяд”.
Қушуни на он қадар бузург бо истифода аз бартарии муайяни тактикӣ қодир аст бар қувваҳои бузурги душман ғалаба кунад, аммо принсипи бунёдии пешбурди ҷанг онро дар бар мегирад, ки дар муҳориба артише ғалаба ба даст меорад, ки теъдоди зиёди аскар дошта бошад. Ман мутмаин будам, ки Нобутака ва иттифоқчиёни вай дар ниҳояти кор аз қувва истифода хоҳанд бурд, бинобар ин, ман ба ҷамъ кардани иттифоқи худ шурӯъ кардам.
Княз Токугава, губернатори низомии вилоятҳои Микава ва Тотомӣ чеҳраи калидии нақшаи стратегии ман гардид. Ӯ аз лиҳози ҳаҷми заминҳои худӣ ва артиш аз ман монданӣ надошт ва агар вай ба тарафи қувваҳои Нобутака ҳамроҳ шавад, ба осонӣ метавонад тавозуни қувваро ба фоидаи душман ҳал намояд. Бинобар ин, ман тамоми қувваро ба он равона кардам, то ки ӯро ба тарафи худ ҷалб намоям.
Илова бар ин, ман дар ҷустуҷӯи пайдо кардани иттиҳод бо Кагэкатса, губернатори вилояти Этиго будам. Ман медонистам, ки Кагэкатса дар иттифоқи Нобутака душман дошт ва барои қонеъ гардонидани вай, аз он ҷумла дар бораи он ки маро бо ӯ мақсади умумӣ муттаҳид менамояд, истифода бурдам. Тавре дар зарбулмасал омада аст:
“душмани душмани ман, дӯсти ман аст”.
Гузашта аз ин, ман медонистам, ки як қисми аскарҳо дар артиши генерал Сибата бар хилофи хоҳиши худ хизмат мекунанд, балки ҳамчун мерос ба ӯ аз Нобунага дода шудаанд. Умед доштам, ки онҳоро метавонам ба тарафи худ ҷалб намоям ва пинҳонӣ бароям муяссар гардид, ваъдаи онҳоро дар бораи он ки дар лаҳзаи зарурӣ ба мо мепайванданд, ба даст орам.
Ба ин тартиб, дарки ногузирии ҷанг ва пешбурди фаъолияти пасипардагӣ дар самти ташкили иттиҳод ба ман имкон доданд, ки қабл аз рехтани аввалин қатраи хун, интиҳои ҷангро пешакӣ муқаррар намоям. Ба туфайли банақшагирии ҷиддӣ ва бартарии теъдоди сарбозон ман қувваҳои генерал Сибатаро торумор кардам ва барои пешгирӣ кардан аз таслимшавии шармандавор ӯ ба қалъаи худ ақибнишинӣ намуд. Дар он ҷо Сибата фармон дод, ки тамоми холигоҳҳои дар, тоқчаҳо ва дигар тарқишҳо бо коҳҳо пур карда шаванд. Баъд аз ин, дастаи одамон иборат аз ҳафтод нафар қисми боқимондаи шабро бо лаззат бурдан аз ғизоҳо ва нӯшокиҳо, ба ёд овардани хотираҳои даврони хурсандӣ ва рӯзҳои дилкаши гузашта паси сар карданд. Баробари фаро расидани субҳ, онҳо коҳро оташ зада, баъд шикамҳои худро чок намуданд ва дар рӯшноии рақси забонаҳои шӯъла расму оини сеппукуро анҷом доданд.
Баъд аз ин базми хоссаи марговар танҳо як нафар зинда монд. Қабл аз он ки қалъаро оташ зананд, самурайҳо як зани пир, ровии моҳирро ба берун равон карданд, то ки вай тавонад тасвири мукаммали ин иди даҳшатнокро тартиб диҳад ва номҳои генерал Сибата ва муқаррабони ӯро бо шӯҳрати безавол машҳур кунад.
Нобутака баъди фаҳмидани он ки орзуи вай оид ба забти ҳокимият ба хокистар мубаддал гашт, ӯ ҳаёташро бо худкушӣ анҷом дод. Акнун, баъди он ки ҳарифон сарнагун шуданд, сарварии ман баҳснопазир гардид.
Сарварони оқил “асрори ғалаба”: ҷангро танҳо ҳамон вақт оғоз намоед, ки барои ғалаба дар он шароит муҳайё шуда бошадро моҳирона истифода мебаранд.
Ба пайравонатон ҳамчун ба аъзои оилаи худ муомила намоед Фатҳи қуллаҳои сарварӣ аслан маънии онро надошт, ки талоши ман анҷом ёфтааст! Баръакс, болоравӣ дар вазифа барои гузаронидани силсилаи музокирот, муҳорибаҳо ва мушкилот дар идораи мамлакат ибтидо бахшид. Вазифаи асосӣ дар ин вақт зарурияти нигоҳ доштани рӯҳияи баланди маънавии пайравонам ба шумор мерафт.
Дар замони муборизаи беамон бо ҳарифон дар бозор ё юриши лашкар ба ҷойи муҳориба бо артиши душман вазифаи муҳим барои сарвар ин дилсӯзии вай нисбати вазъи маънавии қушунҳои худаш ба ҳисоб меравад. Дар ин лаҳзаҳо калиди баланд бардоштани рӯҳияи ҳарбӣ – ин таҳким бахшидани ҳисси хешовандии наздик бо онҳое, ки дар хандақҳо камин гирифтаанд, мебошад.
Ба ҳайси зодаи деҳот, ки кори худро аз вазифаи хоксораи барандаи шиппакҳои ҷаноб оғоз кардаам, ман ҳамеша наздикии амиқи рӯҳиро бо намояндагони табақаи паст ҳис мекардам. Маҳз барои ҳамин, ман кӯшиш мекардам тамоми корҳоеро, ки аз дастам меомад, иҷро намоям, то ки талаботи онҳоро қонеъ гардонам.
Вақте масъалаи ҳаёту мамоти ташкилот ба миён меояд, бисёре аз сарварон дар харҷи ҳар як чизи ночиз сарфа мекунанд. Онҳо то ҳадди ақал харҷро кам мекунанд, махсусан дар ҳама чизе, ки ба кормандони оддӣ иртибот дорад. Баъзе аз мухолифони ман ба коргарони худ танҳо он миқдор ғизое ҷудо мекарданд, ки аз гуруснагӣ намуранд ва бо онҳо ҳамчун ҳайвон муносибат менамуданд. Вале ман чунин муносибатро ба худ ҳеҷ гоҳ раво намедидам.
Бо пайравони худ ман ба мисли аъзои оилаи худ муносибат мекардам ва ҳамеша кӯшиш ба харҷ медодам, ки қабл аз муҳориба онҳо тавонанд шикамҳои худро сер кунанд. Дар даврони Сидзугатакэ ман барои сари вақт харидорӣ намудани биринҷи ниҳоят зиёд ҷиҳати хӯронидани панҷоҳ ҳазор аскар аз ҳад зиёд харҷ кардам. Ҳеҷ кас, аз ҷумлаи онҳое, ки ба хавфи мавҷуда розӣ шуданд таҳти фармондеҳии ман ба муҳориба раванд, набояд бо шиками гурусна ҳалок гардад! Илова бар ин, ман дар таҷрибаи шахсӣ ба одилона будани зарбулмасали қадима –“Артиш танҳо бо шиками сер нағз ҷанг мекунад”, бовар кардам.
Оё ташкилотҳои тиҷоратӣ ё низомӣ аз оила зиёд фарқ мекунанд? Ман чунин фикр намекунам. Он сарвароне сазовори муҳаббати аз ҳама бештарин мегарданд, ки “асрори оиладӯстӣ”: ба пайравонатон ба мисли аъзои оилаи худ муносибат карданро, татбиқ намоянд.
Садоқатро метавон ба даст овард, вале харидани он имконнопазир аст Асри ҷангҳо вақти бесарусомониҳои даҳшатовар ва муҳорибаҳои доимӣ буд. Дар ҷанг одам танҳо ду роҳ дорад:
касеро ба қатл расонад ё худ кушта шавад. Сарфи назар аз он ки дар ахлоқу одоби самурайҳо аз бозиҳои пасипардагӣ ва иҷрои корҳои бешарафона дида, дигар амали бадтар нест, ҷанговарони он давр ба касе батамом бовар карда наметавонистанд. Дар асри ҷангҳо хиёнат ва аҳдшиканӣ як қисмати маъмулии ҳаёти ҳаррӯза гардиданд.
Хатари доимӣ сабаби асосии он нақши ҳалкунандае буд, ки дар даврони тира муносибатҳои дуҷонибаи шахсӣ бозӣ мекарданд. Сарваре, ки натавонистааст сохтори мустаҳками алоқаи шахсиро дар дохили ташкилот созмон диҳад, метавонист аз ҷониби тобеъони худаш кушта шавад! Ана барои чӣ ман ба алоқаи зичи шахсӣ ва ҳамкории шахсӣ чунин аҳамият медодам.
“– Ман ҳеҷ гоҳ Шуморо ба ҳолати ногувор намемонам” – мегуфтам ба одамони худам. – То охир нисбати шумо ғамхорӣ хоҳам кард. Ва ҳамеша ба ваъдаи худ вафо мекардам.
Ба ташкилоти мо як зани куҳансол – Ётокуйн, дояи княз Нобунага марбут буд. Баъди ба дунё омадани княз, ба вай чанд дояро муқаррар карданд, вале ҳатто дар хурдсолӣ княз ончунон феъли худсарона ва золимона дошт, ки пистонҳои занҳои бечораро мегазид. Барои вай боз дояҳои навро пайдо мекарданд, вале то омадани Ётокуйн, натиҷа чун пештара бе тағйир боқӣ мемонд. Ногаҳон навзод ором шуд ва Ётокуйн ӯро бо ҳамроҳии писараш Цунэокӣ, шир дод. Ин воқеан, мӯъҷизаи ҳақиқӣ буд ва аз он вақт ба баъд Ётокуйнро бо эҳтиром “хонум соҳиби шири нафис” меномиданд.
Писар ва набераи Ётокуйн дар ҳайати артиши Ода ҷанг мекарданд ва ҳарду дар як рӯз дар яке аз муҳорибаҳо кушта шуданд. Дар робита ба ин, ман бисёр афсӯс мехӯрдам ва Ётокуйн бар ивази ин ҳама қурбониҳои худ сазовори ҳама гуна изҳори садоқат буд. Новобаста ба ҳусни хати ниҳоят безебам, қарор додам, ба ӯ ҳамдардиеро, ки ба дасти худам навишта будам, равон созам. Таъзияи навиштаам чунин мазмун дошт:
“Ман ҳеҷ гоҳ наметавонам он амиқии мусибати бениҳоят зиёде, ки марги якбораи писар ва набераатон ба Шумо бор шудааст, дарк намоям. Вале аз ҳамин лаҳза, ман ифтихор хоҳам кард, агар Шумо розӣ шавед ва маро, Хидэёсиро писари дуюми худ хонед, ҳол он ки ман сазовори ин шараф ҳам нестам. Аз Шумо хоҳиш дорам, барои муроҷиат кардан ба ман ҷиҳати иҷрои дархосту хоҳишҳо шарм надоред”.
Қосиди ман хабар дод, ки вақте Ётокуйн номаи маро хонд, ашк аз чашмонаш ҷорӣ шуданд. Солҳои минбаъда ин хонум воқеан ҳам чандин маротиба бо хоҳиши дастгирӣ ба ман муроҷиат кард ва ҳамеша бо хушнудӣ кумакаш кардам.
Дар он рӯзҳои муноқишаҳои беохир ҳар як қабила дар алоҳидагӣ аз худ ҳимоя мекард. Ҳама гуна созишномаҳои сулҳ дар байни онҳо баъди чанд рӯз ё аз ин ҳам пештар метавонист қатъ карда шавад. Ҳатто муносибатҳо дар байни оилаҳо баъзан бо хиёнаткорию дурӯғ доғдор карда мешуданд. Ин ҳодисаҳо аз пештара дида, азми қатъии маро нисбати бодиққат назорат бурдан аз болои некуаҳволии вассалҳои худ ва оилаҳои онҳо таҳким бахшиданд. Баъзе самурайҳо ба мисли зархаридон амал мекунанд ва ҷонибдории худро ба онҳое мефурӯшанд, ки пули бештар бидиҳад. Танҳо муносибати дилсӯзона ва муҳаббати сарвар нисбат ба вассалҳои худаш садоқати аслиро ба вуҷуд меоранд ва мутаассифона, чунин мисол ҳангоми муҳосираи қалъаи Миккӣ тасдиқи худро ёфт.
Соҳиби қалъа вассали обрӯманде дошт бо номи Тадасигэ. Ман кӯшиш кардам ӯро бо ваъдаи муқаррар намудани маблағи саховатмандонаи якумра бар ивази махфиёна қасам хӯрдани садоқат ба ман ва кумак расонидан дар ворид шудани қушунҳои мо аз тариқи дарвозаҳои берунаи қалъа ба тарафи худ ҷалб намоям.
Тадасигэ розӣ шуд. Вай вақтро муайян кард ва дар соати муқаррашуда ба ҳавлии дохили қалъа қариб ҳазор нафар аскарони маро ворид намуд. Вале, тавре маълум гардид, хиёнати Тадасигэ танҳо найранги низомӣ будааст!
Дар натиҷа аскарони маро иҳота ва аз байн бурданд.
Ман фикр кардам, ки метавонам ба розигии Тадасигэ бовар кунам ва ин беақлии ман ҳаёти одамони бисёрро аз байн бурд. Садоқати аслиро ба мисли халтаи ғалладона ё биринҷ харида намешавад. Дар ҳаёти ман ҳодисаҳои зиёде буданд, ки шароитҳои муайян маро маҷбур мекарданд бо одамони нолоиқ иттифоқ бандам, вале ман ҳеҷ гоҳ он дарси даҳшатнокро, ки дар он рӯзи марговар гирифта будам, фаромӯш намекардам.
Дар рӯзҳои мо “асрори вафодорӣ” чун дар даврони пешин ҳамоно актуалӣ боқӣ мемонад: садоқатро метавон ба даст овард, вале харидани он имконнопазир аст.
Гуноҳҳои кучакро бубахшед Баъзе ҳокимони феодалӣ бо он машҳур буданд, ки аз зердастони худ риояи қатъии ҳатто бемаънитарин қоидаҳои одоби муоширатро талаб мекарданд ва барои риоя накардани андаки онҳо ҷазои сахт медоданд. Ба ҳар як талабаи ҷопонӣ маълум аст, ки чӣ гуна самурайи мағрур деҳқони дилсӯзро танҳо барои он ки диққати ӯро ба кайки дар пушти ҷанобаш хазанда ҷалб намуд, ӯро бо шамшер зада кушт. Сафедкунии бемаънии куштор боиси он гардидааст, ки деҳқон ҷуръат карда, ҳашароти зарароварро дар як қатор бо ҷанговари олиҳиммат гузошта, бо ин кори худ охиринро таҳқир кард.
Ба ман худписандӣ ва хотирнишонсозии ҷузъии тафовути иҷтимой нафратангез аст. Дар ин масъала ман бо ақидаи Масамунэ, яке аз бузургтарин лашкаркаш ва губернатори вилоятҳои шимолӣ комилан розӣ ҳастам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё