Самурае, ки шамшер надорад

Асари нависандаи Ҷопон Китами Масао. Дар он сирру асрори сарвари хирадманд, арбоби таърихию машҳур ва афсонавии Ҷопони асри XVI Тоётоми Хидэёсӣ, ки имкон дорад бо муваффақият дар асри ХХІ мавриди истифода қарор дода шаванд, ба таври содда ва оммафаҳм баён гардидаанд. Асари Китами Масао барои доираи васеи хонандагон пешбинӣ шудааст.
Барномасоз · 16 сентябри 2026 · 30 саҳифа
Сарвар вазифадор аст, изҳороти ошкоро, баланду овозадор намояд ва бо худнамоишдиҳӣ машғул шавад. Феодалҳои низомии Ҷопон аз рӯйи анъана бо фиристодани телеграмма ба иттифоқчиён ва аъзои оила иктифо мекарданд, вале ман аввалин шуда, ба ҳар сӯ равон кардани паёмро оғоз кардам.
“Асрори афкори ҷамъиятӣ” имрӯз ба мисли чандин асри пеш ҳамоно бебаҳо боқӣ мемонад. Агар Шумо мехоҳед аз низоъу ихтилофи наздикомада ё ҳаёҳуи тиҷоратӣ суд бардоред: афкори ҷамъиятиро бо кумаки иттилоот ташаккул диҳед.
Ваъдаҳои худро иҷро намоед Обрӯю эътибори одаме, ки дар ҷараёни музокирот ҳамеша худро самимӣ нишон медиҳад, ба ман кумаки бебаҳо расонидааст. Сарварон вазифадоранд бовиҷдонии худро намоиш диҳанд ва ваъдаҳои додаи худро ба ҳар қимате, ки бошад, иҷро намоянд.
Дар асри ҷангҳо бисёр генералҳо ҳамчун шайтони маккору ширинзабон ном бароварда буданд. Бар хилофи онҳо, ман ҳамеша кӯшиш мекардам ба ваъдаҳои худ вафо намоям, ҳатто агар барои ин кор зарурияти ба хатар рӯ ба рӯ шудан ҳам ба миён ояд. Ҳанӯз вақте дар хизмати Нобунага қарор доштам, ҳаёт бароям як дарси ниҳоят муҳиму оқилона дод. Ин ҳодиса вақте ба амал омад, ки ман аввалин бор мехостам қобилияти дипломатии худро нишон диҳам: феодалҳои низомии қабилаи Сайто, ҳокимони вилояти Биттюро бовар мекунонидам, ки ба иттифоқи қабилаи Ода дохил шаванд.
Арки қабилаи Сайто, истеҳкоми кӯҳии қалъаи Инабаяма фатҳнопазир ҳисобида мешуд. Вале дар оғози соли 1564 ҷосусон ба мо хабар оварданд, ки дар дохили қабила барои ба даст овардани ҳокимият муборизаи шадид авҷ гирифта истодааст. Андешаи он ки муноқишаҳои дохилӣ барои ҳамла кардан шароити хуб фароҳам меорандро ба назар гирифта, Нобунага ба ман фармон дод, ки аз байни соҳибони дигар қалъаҳо дар ин вилоят иттифоқчиёнро, ки барои ҳуҷум намудан ба Инабаяма ба мо ҳамчун пойгоҳи қулай хизмат намоянд, пайдо кунам.
Ҳамчун тоҷири оворагард тағйири либос намудам, зеро ин нақшро ман ба осонӣ ва хеле олӣ иҷро карда метавонистам, тамоми заминҳои вилояти Биттюро саросар тай намуда, пинҳонӣ бо ҳар як феодал вохӯрӣ анҷом додам. Ин музокироти пинҳонӣ, ки дар фазои шиддатноки дасисаҳои дохилиқабилавӣ баргузор мегардид, фавқулодда хатарнок буданд: танҳо як иштибоҳи кучак ба марги ман оварда мерасонид. Аммо вақте ман тавонистам якчанд генерали Сайторо бовар кунонам, ки ба тарафи мо гузаранд, хавф садҳо баробар талофӣ карда шуд.
Аз ҳама бештар бароям зарур омад, ки кӯшишу маҳорати худро барои ба ҷониби Ода моил кунонидани Дзиродзэмон, сармуҳофизи қалъаи Унума равона созам. Ман тавонистам ба қалъаи Унума ворид шавам ва бо додани пора дили одами заруриро ёфта, барои мулоқот бо Дзиродзэмон иҷозат гирифтам. Вале ӯ, қабл аз он ки ман пешниҳоди худро барояш то охир баён намоям, фармон дод, ки маро ба зиндон партоянд! Ягона тасаллои дилам метавонист он бошад, ки ман дар он ҷо танҳо набудам.
Дар паси милт-милт кардани машъал дидам, ки дар дохили хонаи маҳбусӣ ман танҳо нестам, одамеро дидам, ки занҷирбанд буд ва бештар ба устухонбанди одам монандӣ дошт. Қабурғаҳояш аз паси либосҳои пора-порашудааш намоён буданд, ришаш бошад қариб ба фарш мерасид.
Агар ӯ барои ба ман нигоҳ кардан сарашрро намебардошт, фикр мекардам, ки вай аллакай мурда аст.
– Шумо чанд вақт боз дар ин ҷо ҳастед? – пурсидам ман. Вай оҳи чуқур кашида, чашмонашро нимпӯш намуд ва дар бораи саволи ман андеша кард.
– Оҳ, – баъди як дақиқаи андеша кардан, вай оҳ кашид, – Се сол шуд.
– Посбон! – парида ба пой хеста дод гуфтам ва дари ҳабсхонаро задан гирифтам. – Эй, посбон, ман бояд ба шумо як чизи ниҳоят муҳимро гӯям!
Ба туфайли он ки дар сухан гуфтан усто будам, тавонистам посбонони зиндонро бовар кунонам, ки дар ин ҷо хатогии нобахшидание рух додааст. Ба ман супориш дода шудааст, ки хабари таъҷилиро ба Дзиродзэмон расонам ва ӯ баъди хондани он нисбати ҳамаи гунаҳгороне, ки садди роҳи сари вақт расидани ин паём шудаанд, ба хашм омада, ҷазо муқаррар мекунад, ҳатто агар дар ин кор бо баъзе нофаҳмиҳо худаш ҳам гунаҳгор бошад.
– Шумо ку намехоҳед дар ин зиндон ҷойи маро гиред?
– пурсидам аз посбонон, вақте онҳо нобоварона ба ҳамдигар нигоҳ карданд. Дар ин сурат, тез давида рафта ба Дзиродзэмон бигӯед, ки ман мехоҳам бо ӯ мулоқот кунам!
Хушбахтона, мулоқоти дуюми ман бо сарвари Сайто назар ба сӯҳбати якум хуб гузашт. Мулоқоти мо то гирифтани овозҳоямон идома ёфт, вале ба ҳар ҳол, ман тавонистам ӯро бовар кунонам, ки бо шарти ба ӯ додани ҳуқуқи идора кардани сарзамин ва молу мулкаш барои садоқат ба қабилаи Ода қасам ёд намояд.
Мо, ҳамроҳ ба қалъаи Киёсу баргаштем ва ман умедвор будам бубинам, ки чӣ гуна княз Нобунага бо хушҳолӣ вассали навро қабул менамояд. Ба ҷойи ин, ӯ бо қарори худ маро моту мабҳут кард ва таассуроти маро дар бораи адолату инсоф тамоман тағйир дод.
Княз Нобунага Дзиродзэмонро бо сардӣ қабул намуда, бо ишора фаҳмонд, ки монеи рафтани вай намешавад ва маро ба утоқи ҳамсоя даъват кард.
– Дзиродзэмон ҷанговари ботаҷриба аст, номи вай ба ҳама маълум мебошад, – гуфт княз Нобунага. – Оё ба вай бовар кардан мумкин аст? Агар ӯ одами ҷасур мебуд, дар назди мо сар хам намекард. Агар вай тарсончак бошад, дар ин сурат аз вай фоида нест. Кӣ медонад, ки кай дар вай хоҳиши ба дигар тараф гузаштан пайдо мешавад?
Бикуш ӯро!
Сарфи назар аз он ки ман ба худсарӣ ва тағйирёбии кайфияти княз Нобунага одат карда будам, ин фармони вай маро ҳайрон кард.
Чӣ гуна ман метавонам одамеро ба қатл расонам, ки бо чунин мушкилӣ моилаш кунонидам,ки барои садоқат ба Шумо қасам ёд кунад ва бо ихтиёри худ маро то қалъаатон, ҷаноби олӣ ҳамроҳӣ намояд? – эътироз кардам. – Агар мо Дзиродзэмонро ба қатл расонем, худро ҳатто аз умедвории бовар кунонидани дигар князҳои Сайто барои ҳамроҳ шудан бо мо, маҳрум мекунем. Муносибат бо иттифоқчиёни эҳтимолӣ барои ҳамеша вайрон хоҳад шуд.
Ҳар яки он ба ҷойи ҳамроҳ шудан ба ҳокимияти мо, то қатраи охирин мубориза бурданро афзалтар хоҳад донист!
Вале далелҳои пешовардаи ман ба вай таъсир накарданд.
– Имрӯз ман майли гӯш кардани маслиҳатҳои туро надорам, Маймун. Дзиродзэмонро ба қатл расон!
Фармоише, ки дафъаи дуюм дода мешавад, ниҳоӣ мебошад ва кӯшиши идома додани муҳокимаи фармони князи Нобунага комилан метавонад ба саразтанзании дукарата анҷом ёбад. Дар давоми солҳои хизмат ба княз борҳо ба якравии вай бовар ҳосил кардаам ва ҳанӯз ба ман муяссар нашудааст, ки муқобили талаби ҷанобам амал намоям.
Мавқеи ман дар зинаи мансабҳои қабила ҳанӯз ҳам баланд набуд, бо вуҷуди он ки княз Нобунага аксар вақт ба маслиҳатҳои ман гӯш дода, онҳоро ба инобат мегирифт, ман то ҳол мақоми шахси бовариноки асосии ӯро нагирифта будам. Ва инак, дар ин лаҳза ман ба масъалаи душвор рӯ ба рӯ шуда будам: ба ваъдаи худ вафо накунам ва ба қатли шахси бегуноҳ роҳ диҳам ё ба сарвари худ саркашӣ намояму сари худро зери зарба гузорам. Ақли ман дар байни ин ду намуди номақбул овораю саргардон мегашт ва сахт кӯшиш мекардам, то ки роҳи холосиро ёбам.
Дар нимашаб ба утоқи барои меҳмонон, ки дар он Дзиродзэмон хоб буд, пинҳонӣ ворид шудам.
– Ман ваъда дода будам, ки агар Шумо ба тарафи мо гузаред, ягон тори мӯйятон аз саратон кам намешавад, – бо овози паст гуфтам. – Аммо бо сабабҳои номаълум княз Нобунага фармони ба қатл расонидани шуморо дод.
Ман наметавонам ба фармони ҷанобам итоат накунам ва ҳамзамон наметавонам қасами ба Шумо додаамро вайрон кунам. Барои ман танҳо як роҳи халосӣ мондааст: ба ҷойи ҳаёти шумо, ҷони худро нисор кунам. Маро ба ҳалокат расонед ва княз гумон хоҳад кард, ки дар ҷараёни иҷрои фармони вай кушта шудам. Дар ин сурат шумо метавонед ба озодӣ бароед ва ман ба ваъдаи додаам вафо мекунам.
Дзиродзэмон воқеан ҳам аз суханҳои гуфтаи ман моту мабҳут шуда буд ва пеш аз он ки чизе бигӯяд, чанд сония хомӯш монд.
– Пешниҳоди иваз кардани ҷони Шумо ба ҷойи ҳаёти ман ба дараҷаи олӣ поквиҷдон буданатонро исбот менамояд. Вале ман наметавонам он кореро, ки аз ман хоҳиш карда истодаед, анҷом диҳам. Агар ман чунин як самурайи ҷавонмарду боҳиммат чун шуморо ба қатл расонам, номи худро бо бадномию шармандагӣ олуда хоҳам кард. Ҳеҷ чиз, ҳатто марг наметавонад маро маҷбур кунад, ки ба ин амали ноҷавонмардона даст занам.
– Дар ин сурат, фавран ин ҷойро тарк кунед! – гуфтам ман. – Як қисмати роҳро ман бо Шумо тай хоҳам кард, барои он ки дар сурати зарурӣ тавонед маро ҳамчун шахси гаравгон истифода баред.
Оҳиста ва бесадо шамшерҳои худро ба рӯйи фарш гузошта, ҳамроҳ бо Дзиродзэмон аз қалъаи Киёсу берун шудем ва ӯро ба ҷойи бехатар бурда расонидам.
Баъд аз он ки дар фирор карданаш ман ба ӯ кумак кардам, бовар доштам, ки тамоми қаҳру ғазаби княз Нобунага ба сари ман хоҳад рехт ва ӯ бароям фармон медиҳад, ки сеппукуро анҷом диҳам, яъне ба сифати муҷозоти анъанавӣ барои рафтору кирдори бахшиданашаванда, худам шикамамро бо шамшер пора кунам. Сипас, самурайи дигар сарамро аз танам ҷудо мекунад.
Вале аз рӯйи андешаи солим, ман қарор додам, ки аз он ки маро ба қатл хоҳанд расонид, фоидае ба даст намеояд. Маймуни сар аз тан ҷудокардашуда наметавонад на ба княз Нобунага фоида оварад ва на ба он коре, ки мо ҳарду қасам ёд кардем барои он хизмат кунем. Ва бинобар ин, барои он ки дар назди княз Нобунага худро сафед кунам, як таърихи душворфаҳму мушкилро дар бораи он ки чӣ гуна ба Дзиродзэмон муяссар гардид, фирор намояд, иншо кардам.
Воқеаҳои минбаъда нишон доданд, ки ин дурӯғ ба ман кумаки бебаҳо расонид. Овоза дар бораи он ки вассали княз Нобунага барои ба ваъдаи худ вафо кардан, ҳаёти худро зери хатар гузошт, бо суръати баланд дар тамоми гирду атроф паҳн шуд ва ин ба баланд шудани боварии оилаи асилзодаҳо нисбати ман мусоидат намуд. Ҳатто якчанд самурайи шуҷоъ хоҳиш баён карданд, ки вассали ман шаванд!
Баъд аз ин ҳодиса кӯшишҳои ман дар ҷодаи ҷалби иттифоқчиён рӯз то рӯз бо комёбӣ анҷом меёфтанд ва дере нагузашта, чор қалъаи калидӣ дар вилояти Биттю ба ҷониби Ода пайвастанд. Сарварони ҳақиқӣ дарк мекунанд, ки омили муайянкунандаи рафтору кирдори онҳо бовиҷдонӣ бояд бошад. Агар мехоҳед иттифоқчиёнро ҷалб кунед, “асрори бовиҷдонӣ” – ваъдаҳои худро иҷро намоедро, истифода баред.
1. Берун аз қаламрави Ҷопон маросими сеппуку бештар бо номи хиракири машҳур аст. Ҳарду калима бо иероглифҳои якхелаи кандзӣ ифода меёбанд (иероглифҳои чинӣ, ки дар хати ҷопонӣ истифода мешаванд).
Интиҳои асри ҷангҳо Княз Нобунага сарвари обрӯманд ва устоди барҷаста буд. Вале ба ӯ ҳисси одоби муомила ва ҳикмати давлатдорӣ намерасид; вай заминҳоро бо қувваю зурӣ забт ва одамонро бо кумаки тарсу ҳарос идора мекард.
Се сол баъд аз ба ҳалокат расидани княз Нобунага ман тавонистам аз нисф зиёди мулкҳои аз ҳама сераҳолӣ ва бойи Ҷопонро таҳти назорат бигирам, аз он ҷумла зиёда аз шаст ҳазор километри квадрати сарзаминро, ки дар он княз Нобунага ҳеҷ гоҳ ягон зарра таъсир надошт. Ин амал метавонад ҳамчун беҳтарин далели услуби бартарии сарварӣ, ки на дар заминаи таҳдид ва кувва, балки дар асоси музокирот ва дипломатия ба даст омадаааст, хизмат намояд.
Асри ҷангҳо анҷом ёфт. Асоси низоми нав дипломатия хоҳад буд, на қувваи дағал. Дар оянда сарварони бузург дар бахши тиҷорат, фаъолияти сиёсӣ, ҳатто дар ҷабҳаи низомӣ – шахсони ҳарбӣ нахоҳанд шуд. Онҳо сиёсатмадор хоҳанд буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё