Зеҳн
Самурае, ки шамшер надорад

Асари нависандаи Ҷопон Китами Масао. Дар он сирру асрори сарвари хирадманд, арбоби таърихию машҳур ва афсонавии Ҷопони асри XVI Тоётоми Хидэёсӣ, ки имкон дорад бо муваффақият дар асри ХХІ мавриди истифода қарор дода шаванд, ба таври содда ва оммафаҳм баён гардидаанд. Асари Китами Масао барои доираи васеи хонандагон пешбинӣ шудааст.

Барномасоз · 16 сентябри 2026 · 30 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ёсихиса ҳатто аз ҷояш наҷунбид.

– Мо ҳарду медонем, ки тибқи талаботи кодекси самурай шумо бояд муред, – гуфтам ман. – Вале замона дигар мешавад. Ва чун ман бояд Ҷопонро ба фарорасии Соли нав омода созам, кумаки Шумо зарур аст. Хаёлҳои хомро аз саратон дур кунед, Ёсихиса, – ба пеш хам шуда, ба ӯ чашм духтам. Ин рӯз аллакай наздик аст. Хуб нахоҳад шуд, агар шумо дар байни онҳое, ки ин рӯзро мебинанд, набошед. Ба ғайр аз ин, – ба қафо такя карда, идома додам ман, – агар ба сарам чунин андеша ояд, ки танҳо дар асоси як комёбии дар майдони муҳориба бадастоварда сарвари қабилаи бузурги Симадзуро аз байн барам, номи худро ба шармандагии покнашаванда ғарқ хоҳам кард. Ман барои нобуд кардан ҷанг намекунам; мақсади ман – ба ошубгарон додани имконияти ба тақдир тан додан аст.

– Генерал Ёсихиса, таслимшавӣ ва пушаймоние, ки нишон додед, ба назар гирифта, қарор додам, ҳаёти Шуморо нигоҳ дорам ва бароятон ҳуқуқ диҳам, ки дар оянда вилоятҳои асосии ҷазираро идора намоед.

Ёсихиса, ки аз тааҷҷуби зиёд аз сухан гуфтан монда буд, якчанд дақиқа хомӯш нишаста монд. Ва ниҳоят, вақте ки барояш муяссар гардид, худро ба даст гирад, ӯ танҳо чунин гуфт:

– Лутфан эҳтиромоти беандозаи маро қабул фармоед.

Аз ҳамон рӯз сар карда, вай эътимодтарин иттифоқчии ман гардид.

Муаррихон раҳмдилии ҳайратангезонаи маро нисбат ба собиқ душманонам қайд кардаанд. Аммо, бояд қайд намоям, ки иқдомҳои маро манфиатҳои амалӣ идора мекарданд. Дар акси ҳол тартиботро дар вилоятҳои дурдаст чӣ гуна метавон таъмин кард? Ман метавонистам тамоми намояндагони қабилаи Симадзаро нобуд созам, вале идораи ин ҳама молу мулкро ба кӣ бовар мекардам? Иваз кардани онҳо бо одамони чунин қавми арзанда ва мӯътабар ғайри имкон аст, кӯшиши таъмин намудани тартибот бо воситаи ҷойгир намудани кувваҳои низомии худӣ дар ҳар як вилоятҳои ишғолкарда, ниҳоят гарон хоҳад буд.

Нисбати худ сахтгир бошед, вале нисбати дигарон нармдилу меҳрубон. Раҳмдилӣ вафодориро ба вуҷуд меорад.

Бо истифода аз “асрори олиҳимматӣ“: дигаронро бубахшед ва маҳорати сарвариро инкишоф диҳед.

Барои он ки бовариро ба даст оваред, ба дигарон бовар кунед Баъд аз он дарк кардам, ки ба дигарон бовар карда, чӣ гуна қувваро метавон ба даст овард, бе муҳофиз ба назди душманони эҳтимолӣ рафтан ба ман маъқул шуд. Маҳз ин муносибатро ман ҳангоми вохӯрӣ бо Кагэкатсу, сарвари қабилаи Уэсугӣ, ки соҳиби вилояти Этиго дар шимолу шарқи Киото ба шумор мерафт, истифода бурдам.

Дар тамоми Ҷопон ба мисли Кагэкатсу дигар ҷанговари ниҳоят некахлоқ набуд. Олиҳимматӣ ба мисли арзишҳои оилавӣ аз ҷониби сарварони оилаи Уэсугӣ аз насл ба насл дода мешуданд.

Мо бо Кагэкатсу ба воситаи қосид паёмҳои дӯстонаро мубодила мекардем, вале ҳеҷ гоҳ шахсан вонахӯрда будем. Акнун маро зарур буд аниқ намоям, ки вай иттифоқчии ман хоҳад буд ё душмани ман, ки маҷбур мешавам ӯро мағлуб намоям. Муқовимати низомӣ бо ин стратеги барҷаста метавонист солҳо идома ёбад ва ҷони одамони зиёдро аз байн барад. Ба ҷойи ин, умед доштам, ки ин корро дар муддати якчанд рӯз ҳал намоям. Барои он ки Кагэкатсуро бовар ҳосил кунонам, ки ба ман бовар кардан мумкин аст, ман бояд исбот кунам, ки ба вай боварӣ дорам.

Баъзан сарваронро зарур аст бо хавфи аз даст додани ҳаёт сулҳро ҷустуҷӯ намоянд. Бо нигоҳ доштани махфият, ман бо ҳамроҳии даҳҳо нафар ҳамсафарон ба ҷониби шимол ба сарҳади кӯҳии вилоятҳои Эттю ва Этиго равон гаштем.

Аз он ҷо бо ягона роҳи дастраси байни вилоятҳо роҳ пеш гирифтем: бо харсангҳои лӯнда пӯшонида шуда, аксаран роҳи душворгузари соҳил, ки тӯфони шадиди зимистон бо қувваи аз ҳад зиёд мавҷҳои баҳри Ҷопонро ба харсангҳои нишеби замини назди соҳил оварда мезад. Бешубҳа ва беҳӯда нест, ки ин роҳ номи “Ҳар кас масъули худаш ҳаст”-ро нагирифтааст.

Дар охири гузаргоҳ қалъаи соҳилӣ истода буд, ки коменданти он Суга, яке аз капитанҳои бовариноки Кагэкатсу буд. Номи худро ифшо накарда, қосиди хешро бо хоҳиши додани иҷозат барои ворид шудани сафири Хидэёсӣ ба қалъа фиристодам. Суга ба хоҳиши мо ҷавоби рад дод, баъд аз ин, қосиди ман ӯро розӣ кунонид, ки аз қароргоҳи мо дидан намояд.

Акнун тааҷҷуби вайро тасаввур намоед, вақте дар қароргоҳ худи Маймунро дарёфт!

– Ман худи Хидэёсӣ мебошам, – хабар додам ба ӯ.

– Ман ба княз Кагэкатсу кори муҳим дорам, бинобар ин, аз шумо хоҳиш мекунам, маро ба қароргоҳи вай роҳнамоӣ намоед.

– Шӯҳрати Шумо пешопеши худатон меояд ва хушнуд аз онем, ки шумо бо ташрифи худ моро сарфароз гардонидед, – ҷавоб дод Суга. Вале ман ваколати қонеъ гардонидани хоҳиши Шуморо надорам. Ин масъаларо танҳо худи княз Кагэкатсу ҳал карда метавонад. Ман наметавонам ба Шумо имкон диҳам, ки роҳи худро идома диҳед. Агар Шумо кӯшиши бо воситаи кувва зада даромаданро кунед, ман маҷбур мешавам, ҳатто бар ивази ҷони худам пеши роҳи қувваҳоятонро бигирам.

– Хеле хуб гуфтед, – ҷавоб додам ман. – Тавре мебинам, рӯҳияи Кагэкатсу ба вассалҳои он гузаштааст. Ман аз садоқати Шумо ба княз ба ваҷд омадам. Хоҳишмандам он чуноне кунед, вазифаатон аз Шумо талаб мекунад; қосидро ба назди ҷанобатон равон намоед, ман бошам, интизори ҷавоби вай мешавам.

Баъди гирифтани хабар дар бораи таҳти ҳимояи чанд нафар ногаҳон пайдо шудани ман, Кагэкатсу фавран ҷаласаи сарвассалҳои худро даъват кард, то ки нақшаи амалро баррасӣ намояд. Аксарияти мушовирон бо исрор куштани маро талаб карданд ва ин амалро ягона роҳи осони халос шудан аз душмани эҳтимолӣ ҳисобиданд, ки қисмат аз ақл маҳрум намуда, барои ба дасти мо афтидан, равона кардааст. Аммо як самурайи ҷавон бо номи Наоэ сифатҳои барҷастаи сарварӣ нишон дода, далелу бурҳонҳои хешро ба муқобили ақидаҳои сарвассалҳо баён кард.

– Он чӣ ки Хидэёсӣ ба назди мо бе муҳофизон омадааст, – гуфт ӯ, – ин нишонаи беақлӣ нест, балки шаҳодати эҳтироми амиқе аст, ки вай нисбати княз Кагэкатсу дорад, мебошад. Агар вай бо одами ғайри ҷавонмард сару кор медошт, ҳеҷ гоҳ ба чунин хавф ба ҷонаш роҳ намедод.

Танҳо обрӯю эътибори баланди ҷаноби мо сабабгори ба чунин қарор омадани вай мебошад. Агар мо аз боварии Хидэёсӣ суистифода карда, ӯро ба қатл расонем, он гоҳ хиёнати мо ҳамчун доғи ношустанӣ дар аъмоли наслҳои ояндаи мо навишта хоҳад шуд.

Онҳое, ки пештар аҳли ҷаласаро ба куштани княз Хидэёсӣ даъват карда буданд, чашмонашонро поин намуданд, Наоэ суханашро идома дод:

– Бигузор ҷаноби мо ба олиҳимматӣ ҷавоби олиҳимматона диҳад. Бигузор бо Хидэёсӣ мулоқот намояд ва хоҳем дид, ки то куҷо онҳо ба ҳамдигарфаҳмӣ мерасанд. Агар бо кумаки сухан ҳамдигарфаҳмӣ ба даст оварда натавонем, мо вақти зиёде дар ихтиёр хоҳем дошт, то ки шамшеру найзаро ба кор барем, вале он ҳам танҳо баъди зиндаю саломат ба назди қабилааш баргаштани Хидэёсӣ.

Княз Кагэкатсу бо пешниҳоди Наоэ розӣ шуд ва бо ҳамроҳии ҳамагӣ понздаҳ ҷанговар ба вохӯрӣ ҳозир шуд.

Мо дар вақти кӯтоҳ ба ҳусни тафоҳум расидем ва Кагэкатсу аз натиҷаи музокирот ончунон қонеъ гашт, ки худаш дар роҳи бозгашт моро аз тариқи гузаргоҳи “Ҳар кас масъули худаш ҳаст”, гусел намуд.

Яке аз таърихнависон баъд аз ин навишта буд: “Хидэёсӣ хайрандешии худро, ки дар он ҳатто ишорае ба ғайритабии будани он дида намешуд, нишон дод. Ҳеҷ кас фикр карда наметавонист, ки вай бе муҳофизон ба мулки душмани эҳтимолӣ ҳозир мешавад. Ин рафтори ӯ ба Кагэкатсу таассуроти ниҳоят бузург ба вуҷуд овард.

Кагэкатсу қарор дод, ки бо шахсе сару кор дорад, ки назар ба вай бузургтар аст ва ба хулосае омад, ки ҷанг кардан бо Хидэёсӣ камоли беақлӣ хоҳад буд”.

Бечуну чаро ба дақиқияти таърихнавис бовар кардан зарур нест. Вале дар ин маврид муаррих сад дар сад ҳақ ба ҷониб аст!

Таҷрибаи ман нишон медиҳад, ки боварӣ кӯшиши аз ҷониби ҳама анҷом додани амалҳои бешарафона, ба ҷуз одамони ниҳоят бадахлоқро пахш мекунад. Маҳз дар ҳамин маънии принсипи ба ҳама маълуми “Некӣ бар бадӣ ғолиб меояд” ифода меёбад.

Мехоҳед душманони эҳтимолиро ба иттифоқчиён табдил диҳед? Дар ин сурат, бикӯшед ҳарчӣ бештар “асрори эътимод”-ро истифода баред: барои он ки бовариро ба даст оваред, ба дигарон бовар кунед.

Афкори ҷамъиятиро ташаккул диҳед Барои он ки дар шоҳроҳи сарварӣ ба комёбӣ ноил шавам, аз бисёр ҷиҳат бароям мутахассисони иттилоотиям мусоидат карданд. Ташаккул додани афкори ҷамъиятӣ зимни омодагӣ ба муҳориба дар назди Ямадзака нақши ҳалкунанда бозид. Дар ин ҷо мо Митсухидэи хоинро, ки риштаи умри княз Нобунагаро разилона канда буд, баъди таъқибу дастгир кардан, несту нобуд кардем.

Дар ҷараёни омодагӣ ба муҳориба, тамоми қувваро ба он равона кардам, ки иттиҳоди мо мустаҳкам гардад. Ба ин хотир, ба ҳама дӯстон ва душманон паём фиристодам.

Ба онҳо чунин навиштам:

– Ба ҳеҷ ваҷҳ хавотир нашавед: княз Нобунага ва фарзандони вай дар ибодатхонаи Хоннодзӣ аз марг наҷот ёфтанд ва дар айни замон ба онҳо ягон хатар таҳдид намекунад.

Бешубҳа, ахбор дурӯғ буд ва ин дурӯғ ногузир бояд фош гардад. Вале барои як муддати вақт он хоҳиши иттифоқчиёни эҳтимолиро, ки мехостанд ба артиши Матсухидэ ҳамроҳ шаванд, аз байн бурд. Баъзе аз онҳо баъдтар ба мо ҳамроҳ шуданд ва ман онҳоро бо мукофоту инъомҳо сарфароз гардонидам. Сарварон бояд натанҳо бо кумаки пӯлод, балки бо тилло ҳам ғалаба ба даст оваранд!

Баъди комёбии мо дар муҳорибаи назди Сидзугатакэ ба ҳамаи генералҳои кишвар, оид ба ғалаба паём фиристодам. Ҳар як феодали низомӣ, сарфи назар аз унвон ва ҳатто онҳое, ки дар вилоятҳои дурдаст монда буданд ва анҷоми муҳориба ба онҳо таъсир нарасонида буд, ин санадро гирифт, ки дар он чунин омада буд: “Ҳокимони тамоми вилоятҳои шимолӣ, аз ҷумла, Этиго ва ҳамаи вилоятҳои шарқӣ, минҷумла Мусасӣ ба Хидэёсӣ ҳамроҳ шуданд”.

Ин нома ҳам аз ахбори дурӯғ иборат буд. Вилоятҳои Этиго ва Мусасӣ ҳанӯз ҳам таҳти назорати шуришгарон қарор дошт. Вале ҳокимони вилоятҳои дурдаст, ки оид ба вазъият дар заминҳои гӯшаю канори кишвар чизе намедонистанд, моил буданд ба чунин маълумотҳо бовар кунанд. Мақсади мо осон буд: бовар кунонидани ҳарифон ба муқовимати бефоида.

пешина
аз 30
навбатӣ