Зеҳн
Ҷомӣ – шоири таъсирпазир ва таъсиргузор

Дар рисола роҷеъ ба таъсирпазирии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ аз адибони пешин (Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҳасани Деҳлавӣ) ва таъсиргузориаш ба гӯяндагони пасин (Фиғонӣ, Ҳотифӣ, Осафӣ, Ҳилолӣ, Иқбол, Айнӣ, Турсунзода) изҳори назар шудааст. Китоб барои олимон, донишҷӯён ва оммаи васеи хонандагон пешниҳод мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 16 ноябри 2026 · 86 саҳифа

АдабиётШеър
Аз аввал хондан

Эй маҳи осмони олами дин
В-эй шаҳи тоҷбахши мулки яқин,
Раҳбари раҳравони роҳи наҷот,
Мо ҷигарташнагон, ту оби ҳаёт.
Шаръро рои равшанат ҳомӣ,
Офтоби сипеҳри дин Ҷомӣ.
Хозини ганҷхонаи тавҳид,
Қуфли онро забони туст калид.
Ту масеҳодамию мурда манам,
Заҳр аз дасти хеш хӯрда манам.
Кош аз як нафас диҳӣ ҷонам,
Ки аз он зиндаи абад монам.
Рондаи кӯи офият шудаам,
Ғарқи дарёи маъсият шудаам.
Ҷониби хештан намой раҳам,
Бошад аз доми гумраҳон бираҳам.
Оби софе, ки бӯю рангаш нест,
Ҳеҷ ҷо лаҳзаи дирангаш нест.
Шавадаш гар қарин бунафшаи боғ,
Диҳад осудагӣ ба мағзу димоғ.
Созадаш ҷефае гар олуда,
Ҳаст ранҷи димоғи осуда.
Лахти оҳан гирифт оҳангар,
Бурд оинасоз лахти дигар.
Яке Оинаи Сикандар сохт
В-он дигар наъли пои астар сохт.
Қатрае, к-он зи абри найсонӣ
Рехт дар мавҷхези Уммонӣ.
Агар ӯро садаф паноҳ шавад,
Дархури гӯши подшоҳ шавад.
В-ар нагардад ба ӯ садаф дамсоз,
Қатраи оби шӯр гардад боз.
Бас дарахте, ки мевадор шавад,
Чун нахӯрд об, чӯби дор шавад.
Манам он навниҳоли пажмурда,
Бар лаби Даҷла об нохӯрда.
Чӣ шавад, эй бар оби лутф саҳоб,
К-аз ту шохи гиё шавад сероб?
Кам шавад гар зи баҳр қатраи нам,
Баҳр аз қатрае нагардад кам.
В-ар барад донае зи хирман мӯр,
Хирманеро зи донае чӣ қусур.
Сӯям аз марҳамат нигоҳе кун,
Назаре сӯи додхоҳе кун.
Чӣ шавад гар зи рӯи лутф гаҳе
Назаре афканӣ ба хоки раҳе.
То ки ин хок тӯтиё гардад,
Равшанибахши дидаҳо гардад.
Нест он даъвиям, ки хеши туам,
Ё зи ёрони поккеши туам.
Дорам уммеди он ки охири кор
Диҳиям дар ҷавори хешат бор.6

Дар ҳақиқат, Ҳотифӣ ба Ҷомӣ, ки саромади шуарои аср ва устоду хеши вай аст, эътиқоди зиёд дорад. Аз ин хотир, ҳамвора аз ӯ тамҷиду ситоиш менамояд ва ба осораш баҳои бисёр баланд медиҳад. Масалан, ӯ дар достони «Ширин ва Хусрав» ӯро аз Хоқониву Низомиву Саъдӣ ва Хусраву Ҳасан болотар мегузорад ва мегӯяд:

Чу дар мулки сухан зад кӯси шоҳӣ,
Садояш рафт аз маҳ то ба моҳӣ.

Чу Хоқонӣ зи сити ӯ хабар ёфт,
Зи ғайрат хешро зеру забар ёфт.
Ба Деҳлӣ чун расид он гуфтаи нав,
Дигар нашнид кас гуфтори Хусрав.
Ҳасан аҳсант гӯён сар зад аз хок,
Расидаш чун ба гӯш он гавҳари пок.
Бувад ӯ офтоб, эшон кавокиб,
Шавад кавкаб зи нури рӯз ғоиб.
Зи хиҷлат сеҳрпардозон ба якбор
Зи оби шеъри ӯ шустанд ашъор…7

пешина
аз 86
навбатӣ