Зеҳн
Ҷомӣ – шоири таъсирпазир ва таъсиргузор

Дар рисола роҷеъ ба таъсирпазирии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ аз адибони пешин (Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҳасани Деҳлавӣ) ва таъсиргузориаш ба гӯяндагони пасин (Фиғонӣ, Ҳотифӣ, Осафӣ, Ҳилолӣ, Иқбол, Айнӣ, Турсунзода) изҳори назар шудааст. Китоб барои олимон, донишҷӯён ва оммаи васеи хонандагон пешниҳод мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 16 ноябри 2026 · 86 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Инро ҳам бубояд гуфт, ки Ҳотифӣ ҳангоми ҷавоб гуфтан ба «Хамса» як навъ қолабшиканӣ мекунад, зеро ӯ аввал ба гуфтани «Лайливу Маҷнун» иқдом менамояд. Аммо вай дар ин ҳангом низ аз Ҷомӣ маслиҳат мепурсад. Ба қавли Соммирзо «ва дигар бор Мавлоно Абдуллоҳ истидъои он намуд, ки ифтитоҳи «Лайлӣ ва Маҷнун» шумо бигӯед. Мавлоно Ҷомӣ ин байт гуфт:

Ин нома, ки хома карда бунёд,
Тавқеи қабул рӯзияш бод».8

Ҳамин фотиҳаҳои Ҷомӣ буд, ки Ҳотифиро рӯҳбаланд намуд ва ӯ ба достони ҳамноми Низомӣ ҷавоби шоиста навишт ва «Лайлӣ ва Маҷнун»-и вай дар андак муддат дар байни аҳли илму адаб шӯҳрати зиёд пайдо намуд. Худи шоир дар ин бора дар достони «Ҳафт манзар» чунин ибрози назар менамояд:

Ман, ки аз фазли Эзади бечун
Нукта рондам зи «Лайлию Маҷнун»,
Чунки гашт он баландовоза,
Шуд аз он ҷони оламе тоза…9

Вақте ки шоир достони нахустини худ- «Лайлӣ ва Маҷнун»-ро, ки ба вай шӯҳрати зиёд оварда буд, назди устоди хеш Ҷомӣ меорад, ӯ аз мутолиаи он бағоят маҳзуз мешавад ва бар вай аҳсант мегӯяд ва маслиҳат медиҳад, ки ба эҷоди достони «Ширину Хусрав» бипардозад. Ҳотифӣ дар ин бора дар достони «Ширин ва Хусрав» чунин мегӯяд:

Дар он соат, ки аз фазли илоҳӣ
Кушодам чашмаи Хизр аз сиёҳӣ…
Навиштам қиссаи Лайлию Маҷнун
Зи баҳри ишқбозони ҷигархун…
Ман он абётро бурдам тамомӣ
Ба назди ҳазрати махдуми Ҷомӣ.
Чу дид он хусрави мулки маонӣ,
Саводе дар вай оби зиндагонӣ.
Нахустин гуфт: «Аҳсант, эй ҷавонмард,
Забон бикшоду бар ман офарин кард,
Ки оини суханро тоза кардӣ,
Дар ин маънӣ баландовоза кардӣ.
Чу гуфтӣ қиссаи «Лайлию Маҷнун»,
Ҳадиси ишқи эшон нав шуд акнун.
Бигӯ афсонаи «Ширину Хусрав»,
Ки гардад он маҳи фархунда ҳам нав.10

Бояд гуфт, ки байни Ҷомӣ ва Ҳотифӣ на танҳо ҳамкории зич, балки умумиятҳои зиёд низ ба чашм мехӯрад. Чунончи, ҳар ду дар деҳаи Харҷурди вилояти Ҷом таваллуд шудаанд. Ҳар ду ибтидои таҳсилро дар ҳамин ҷо гирифтаанд. Ҳар ду баъдан ба шаҳри Ҳирот, ки аз марказҳои муҳими адабии он давр буд, омаданд ва такмили илму дониш карданд. Ҳар ду шеъргӯиро аз ғазалу қасида шурӯъ кардаанд ва пасон ба «Хамса» ҷавоб гуфтаанд:

пешина
аз 86
навбатӣ