Зеҳн
Ҷомӣ – шоири таъсирпазир ва таъсиргузор

Дар рисола роҷеъ ба таъсирпазирии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ аз адибони пешин (Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҳасани Деҳлавӣ) ва таъсиргузориаш ба гӯяндагони пасин (Фиғонӣ, Ҳотифӣ, Осафӣ, Ҳилолӣ, Иқбол, Айнӣ, Турсунзода) изҳори назар шудааст. Китоб барои олимон, донишҷӯён ва оммаи васеи хонандагон пешниҳод мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 16 ноябри 2026 · 86 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Дарахте, ки талх аст вайро сиришт,
Гараш барнишонӣ ба боғи биҳишт
В-ар аз ҷӯи хулдаш ба ҳангоми об
Ба бех ангубин резию шаҳди ноб,
Саранҷом гавҳар ба кор оварад,
Ҳамон меваи талх бор оварад,3

ки дар мазаммати Маҳмуди Ғазнавӣ гуфтааст, ҷавоб бигӯяд, пасон ба ӯ иҷозати ҷавоб гуфтан ба «Хамса»-ро медиҳад. Ҳотифӣ мисраъҳои зерро дар ҷавоби абёти Фирдавсӣ менависад ва аз назари Ҷомӣ мегузаронад:

Агар байзаи зоғи зулматсиришт
Ниҳӣ зери товуси боғи биҳишт,
Ба ҳангоми он байза парварданаш,
Зи анҷири ҷаннат диҳӣ арзанаш,
Диҳӣ обаш аз чашмаи Салсабил,
Бад-он байза дам дардамад Ҷабраил,
Шавад оқибат байзаи зоғ-зоғ,
Барад ранҷи беҳуда товуси боғ.4

Вақте ки Ҷомӣ ин абёти ҷавобии Ҳотифиро мехонад, хеле ба ваҷд меояд ва баъд аз таърифу тавсиф ва таҳсини зиёд ба вай рухсати ҷавоб гуфтан ба «Хамса»-ро медиҳад.

Зимнан бояд гуфт, ки Ҳотифӣ то замони ҷавоб гуфтан ба «Хамса» низ шеър мегуфт ва дар сурудани ғазалу қасидаву қитъаву рубоӣ яди байзо дошт ва ҳамчун шоири маъруф ном бароварда буд. Аз ин рӯ, барои достонсароӣ аз Ҷомӣ рухсат пурсиданаш на танҳо далели эътирофи ӯ аз бузургии Ҷомӣ, балки далели ҳурмату эҳтиром ва иртиботи танготанги эҷодӣ байни шогирду устод низ мебошад. Ба қавли шоир:

Ба шогирдӣ ҳар он, к-ӯ шод гардад,
Бувад рӯзе, ки худ устод гардад.5

Маълум аст, ки Ҳотифӣ чун соири адибони асри хеш ба осори шоирони бузург арҷу эҳтиром мегузорад ва ба хидмати онҳо дар шеъру адаби форсии тоҷикӣ баҳои баланд медиҳад. Мо ин гуна муносибат ва нуқтаи назари неки ӯро ба шуарои пешин, аз ҷумла Фирдавсӣ, Низомӣ, Хусрав ва ҳамзамони бузургаш-Ҷомӣ, дар оғози достонҳояш равшан мушоҳида ва мулоҳиза менамоем. Мо ин ҷо метавонем аз таърифу тавсифҳое, ки ӯ аз Фирдавсию Низомӣ дар «Темурнома» ва «Ширину Хусрав» кардааст, мисол биёрем, аммо ин кор моро аз мавзӯи аслӣ, ки муносибати Ҷомӣ бо Ҳотифӣ аст, дур мебарад. Аз ин хотир, алъон мо рӯ меорем ба таърифу тавсифҳое, ки Ҳотифӣ аз Ҷомӣ дар достонҳояш кардааст. Ин намуна, ки мо онро ба хониш мегирем, аз достони «Ҳафт манзар» аст, ки дар «Дар таърифи Ҷомӣ» унвон дорад:

пешина
аз 86
навбатӣ