Ҷомӣ – шоири таъсирпазир ва таъсиргузор

Дар рисола роҷеъ ба таъсирпазирии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ аз адибони пешин (Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҳасани Деҳлавӣ) ва таъсиргузориаш ба гӯяндагони пасин (Фиғонӣ, Ҳотифӣ, Осафӣ, Ҳилолӣ, Иқбол, Айнӣ, Турсунзода) изҳори назар шудааст. Китоб барои олимон, донишҷӯён ва оммаи васеи хонандагон пешниҳод мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 16 ноябри 2026 · 86 саҳифа
ҲОТИФӢ- «ҶОМИИ СОНӢ»
Ҳиммати мард чун баланд бувад,
Дар ҳама кор арҷманд бувад.
Ҷомӣ
Абдуллоҳи Ҳотифӣ аз шоирони маъруфи нимаи дуюми асри XV буда, хусусан дар маснависароӣ иштиҳор доштааст. Бешак, Ҳотифӣ баъд аз Ҷомӣ бузургтарин маснависарои ин давра ба ҳисоб меравад. Бинобар ин, Аълохон Афсаҳзод мегӯяд: «Дар адабиёти нимаи дуюми асри XV достонҳои Ҳотифӣ- «Лайлӣ ва Маҷнун», «Ширин ва Хусрав», «Ҳафт манзар» ва «Темурнома» низ мавқеи калон доранд».1 Воқеан, ин достонҳои Ҳотифӣ, ки ба номи «Хамса» машҳуранд, аммо нотамом мондаанд, асосан дар пайравии «Хамса»-и Низомӣ иншо шудаанд. Дар ин силсила «Шарафнома»-и шоир достони нотамом буда, берун аз мавзӯи «Хамса» суруда шудааст. Ҳотифӣ соҳиби девон низ мебошад. Девонаш, ки нусхае аз он дар китобхонаи Миср ва дигараш дар китобхонаи Музеи Британия нигаҳдорӣ мешавад, асосан аз ғазал иборат аст.
Мусаллам аст, ки Ҳотифӣ хоҳарзодаи Ҷомӣ буда, аз шогирдони мумтози ӯ ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, дар саросари осори ӯ таъсири орову афкори Ҷомиро мушоҳида менамоем. Дар ҳақиқат, Ҷомӣ на танҳо ба Ҳотифӣ қаробати хешӣ доштааст, балки ҳомӣ ва раҳнамои ӯ дар кори эҷодӣ ҳам будааст. Бад-ин маънӣ, вай ҳамеша аз маслиҳатҳои ӯ баҳра мебардоштааст. Ҷомӣ низ ҳамчун раҳнамову маслиҳатгар ҳамеша аз муваффақиятҳои ин шогирди қобил ва соҳибтабъи худ меболидааст ва хушҳол мешудааст. Албатта, ин гуна ғамхорӣ, маслиҳат додан ва хушҳолию қаноатмандӣ намудани Ҷомӣ барабас нарафтааст, зеро Ҳотифӣ дар як муддати кӯтоҳ дар олами шеъру шоирӣ, алалхусус маснависароӣ, ном бароварда, шарафёби унвони «Ҷомии сонӣ» гардидааст. Тавре ки мо онро дар ин моддаи таърих, ки дар «Тазкират-ут-таворих»-и Абдуллоҳи Кобулӣ омадааст, боздид менамоем:
Ҷомии сонӣ-сари арбоби фазл
Ҳотифӣ, бо он сухандонӣ чӣ шуд?
Буд аз баҳри фазоил гавҳаре,
Он дурахшон гавҳари конӣ чӣ шуд?
Гуфтам:- «Эй гардун, чӣ шуд аҳволи вай?»
Гуфт: «Фирдавсию Хоқонӣ чӣ шуд?».
Номи ӯ чун монд боқӣ то абад,
Гар бирафт аз олами фонӣ, чӣ шуд?
Пай ба таърихи вафоташ бурд ақл,
Чунки гуфтам: «Ҷомии сонӣ» чӣ шуд?».2
Албатта, Ҳотифӣ дар кори эҷодӣ ҳамеша аз Ҷомӣ маслиҳат мепурсидааст ва фотиҳа мегирифтааст. Масалан, замоне, ки мехоҳад ба достонсароӣ бипардозад, пеш аз ҳама, аз Ҷомӣ маслиҳат мегирад. Ҷомӣ ба вай маслиҳат медиҳад ва мефармояд, ки аввал ба ин се байти Фирдавсӣ:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор