Зеҳн
Ҷомӣ – шоири таъсирпазир ва таъсиргузор

Дар рисола роҷеъ ба таъсирпазирии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ аз адибони пешин (Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҳасани Деҳлавӣ) ва таъсиргузориаш ба гӯяндагони пасин (Фиғонӣ, Ҳотифӣ, Осафӣ, Ҳилолӣ, Иқбол, Айнӣ, Турсунзода) изҳори назар шудааст. Китоб барои олимон, донишҷӯён ва оммаи васеи хонандагон пешниҳод мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 16 ноябри 2026 · 86 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Абри найсон соябон бар торами гардун задаст,
Лола чатри лаъл бар фарши зумуррадгун задаст.
Шоҳиди раъност лола карда гулгун пираҳан,
Ё дами қатли муҳиббон доман андар хун задаст.
Не, хато гуфтам, ки зери хок баъд аз муддате
Оташи доғи шаҳидонаш алам берун задаст.
Карда ёқути табақҳоро зи зарри ноб пур,
Гӯиё Заҳҳок гул бар ганҷи Афредун задаст.
Бар ҳарири нилгуни об ҳайронам, ки бод
Сад ҳазорон ожада бе дасту сӯзан чун задаст?
Гарчи акси сабза дар ҷӯ занг бар ойина аст,
Занги ғамро сайқал аз сад хотири маҳзун задаст.
Баҳри тоби хур фиганд имрӯз бар сарҳои шох
Шаб шукуфта чодаре, к-аз қурси маҳ собун задаст.
Чун расад бар лола жола, оядам з-он санг ёд,
К-аз такаллуф Лайлияш бар косаи Маҷнун задаст.
Гуфтаи Ҷомӣ бувад санҷида дар мизони лутф,
Ҳосид ёр таъне задаст, аз табъи номавзун задаст.

Ҷавобияи Фиғонӣ ба ин ғазали Ҷомӣ тасвири хазон буда, хазон дар он чун наққош ташхисонида шуда, вазну радифи он низ тағйир пазируфтааст. Ба ҷои вазни рамали мусаммани мақсури ғазали Ҷомӣ:

Фо-ило-тун (фо-и-ло-тун/ фо-и-ло-тун) фо-и-лон

-у--/ -у--/ -у--/ -у~
Фиғонӣ вазни рамали мусаммани макфуфи мақсур:

Фа-и-ло-тун/ фа-а-ло-тун/ фа-а-ло-тун/ фа-а-лон
-у--/ уу--/ уу--/ уу~

Ва дар радиф ба ҷои «задаст» «задааст»-ро истифода бурда оҳанги онро тағйир медиҳад. Ба василаи рангҳои хазони зард ва ҷилваи манзараи тирамоҳ ҳиссиёти ҳузновар ба ангезиш медарояд. Барои ҳамин ҳам дар ғазалиёти Фиғонӣ нозукӣ ва нишотбахшии ғазали Ҷомӣ дида намешавад. Ғазали Ҷомӣ саропо лавҳанигорист. Фиғонӣ тасвири худи манзараро надода, онро нақл мекунад. Байтҳои чаҳорум ва пеш аз мақтаи ҳар ду ғазал аз ҷиҳати мазмун ва санъат ба ҳамдигар хеле наздиканд. Аммо барҷастагӣ ва мукаммалии байтҳои Ҷомиро байтҳои Фиғонӣ надоранд. Фиғонӣ дар ғазали худ мазмунҳои нав (байтҳои 3, 5, 6, 7, 8, 10) ворид карда бошад ҳам, фақат дар байти 6-уми он мисли абёти ғазали Ҷомӣ мусаввирона аст. Ғазали Фиғонӣ томияти ғазали Ҷомиро низ соҳиб нест. Бо вуҷуди ҳамаи ин, ғазали мавриди баҳс нишон медиҳад, ки Фиғонӣ низ кӯшидааст, ки дар истиқболи ғазалҳои Ҷомӣ ғазалҳое нависад, ки мустақил намудор шаванд:

пешина
аз 86
навбатӣ