Ҷомӣ – шоири таъсирпазир ва таъсиргузор

Дар рисола роҷеъ ба таъсирпазирии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ аз адибони пешин (Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҳасани Деҳлавӣ) ва таъсиргузориаш ба гӯяндагони пасин (Фиғонӣ, Ҳотифӣ, Осафӣ, Ҳилолӣ, Иқбол, Айнӣ, Турсунзода) изҳори назар шудааст. Китоб барои олимон, донишҷӯён ва оммаи васеи хонандагон пешниҳод мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 16 ноябри 2026 · 86 саҳифа
Боз наққоши хазон тарҳи дигаргун задааст,
Рангҳо рехта дар ҳам, ки дам аз хун задааст.
Соҳибони қалам ангушт газиданд ҳама
З-ин рақамҳо, ки сар аз хомаи бечун задааст.
Зуҳра оҳанги ҳама роҳравон «Рост» гирифт,
Достони ғалати мост, ки ворун задааст.
Табақи зар нашавад пайсипари тири фалак,
Ин ҳамон сахт камонест, ки Қорун задааст.
Нест дар доираи сатҳи фалак лафзи хабар,
Аҳли ҳиммат қадам аз доира берун задааст.
Дур бодо хатари чашми бад аз духтари раз,
Ки чу хуршед саропарда ба гардун задааст.
Он ки ин номаи сарбаста навиштаст нахуст,
Гираҳе сахт ба сарриштаи мазмун задааст.
Адаб аз бода маҷӯед, ки ин лаълқабо
Санг бар Ҷоми Ҷаму хумми Фалотун задааст.
Ишқ дар ҳар лаби ҷӯ Кӯҳкане карда ҳалок,
Ба ҳамон санг, ки бар косаи Маҷнун задааст.
Соқиё, ҷоми лаболаб ба Фиғонӣ паймо,
Ки ба фикри даҳанат нуктаи мавзун задааст».6
Албатта, ҳамсониҳо дар байни ғазалҳои Ҷомиву Фиғонӣ бо ин ду намуна, ки Аълохон Афсаҳзод овардааст, маҳдуд намешавад, зеро дар девони Фиғонӣ ғазалҳои зиёде мавҷуданд, ки бо вазну қофияву радифи ғазалҳои Ҷомӣ монанданд ва мусалламан аз иртиботи танготанги эҷодии эшон хабар медиҳанд. Ғазалҳое аз ин даст:
Аз хор-хори ишқи ту дар сина дорам хорҳо,
Ҳар дам шукуфта бар рухам з-он хорҳо гулзорҳо.
Аз бас фиғону шеванам чангест хам гашта танам,
Ашк омада то доманам аз ҳар мижа чун торҳо.
Раҳ ҷониби бустон фикан, к-аз шавқи ту гул дар чаман
Сад чок карда пираҳан, шуста ба хун рухсорҳо.
То сӯи боғ орӣ гузар, сарву санавбарро нигар,
Умре паи наззора сар баркарда аз деворҳо.
Зоҳид ба масҷид бурда пай, ҳоҷӣ биёбон карда тай,
Он ҷо, ки бошад нуқлу май, бекорӣ аст ин корҳо.
Ҳар дам фурӯшам ҷон туро, бӯса ситонам дар баҳо,
Савдоиям, бошад маро бо худ басе бозорҳо.
Ту дода дил бо ҳар хасе, ман мурда аз ғайрат басе,
Як бор мирад ҳар касе, бечора Ҷомӣ борҳо.7
Ҷомӣ
Дар дил нишонам ҳар нафас хори ту дар гулзорҳо,
Шояд, ки рӯзе бардамад шохи гуле з-ин хорҳо.
Шуд хишти кӯят лолагун, гулҳо дамид аз хоку хун,
Сарҳо зада аҳли ҷунун ҳар гӯша бар деворҳо.
Афганда чанг аз заъфи тан шӯре аҷаб дар анҷуман,
Гӯё шарори оҳи ман печида шуд бар торҳо.
Эй аз ту хубон тангдил, гулҳо зи рӯят мунфаил,
Берун зи нақши обу гил ҳусни туро бозорҳо.
Кори бутони ишвагар бозӣ намояд сар ба сар,
Он ҷо, ки бар аҳли назар ҳуснат намояд корҳо.
З-он рӯи чун барги суман гулҳои нав дар анҷуман,
Оби латофат дар сухан бо оташи рухсорҳо.
Чун аз баёзи симгун нақши хатат ояд бурун,
Созанд таъвизи ҷунун суратгарон тӯморҳо.
Аз лаълат, эй кони намак, исодамонро як ба як
Пайваста тасбеҳу малак дар ҳалқаи зуннорҳо.
Шамъӣ ту дар ҳар маҳфиле, норӣ ту дар ҳар манзиле,
Як бор сӯзад ҳар диле, мискин Фиғонӣ борҳо.
Сӯзад Фиғонӣ ҳар нафас аз шуълаи доғи ҳавас,
Нолон чу булбул дар қафас дорад зи гул озорҳо.8
Фиғонӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор