Зеҳн
Ҷомӣ – шоири таъсирпазир ва таъсиргузор

Дар рисола роҷеъ ба таъсирпазирии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ аз адибони пешин (Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҳасани Деҳлавӣ) ва таъсиргузориаш ба гӯяндагони пасин (Фиғонӣ, Ҳотифӣ, Осафӣ, Ҳилолӣ, Иқбол, Айнӣ, Турсунзода) изҳори назар шудааст. Китоб барои олимон, донишҷӯён ва оммаи васеи хонандагон пешниҳод мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 16 ноябри 2026 · 86 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Аз Ҷомӣ:
Сабр аз дилу дил аз ману ман аз ватан ҷудо,
Саҳл аст, агар набошам аз он симтан ҷудо.
Созад зи ғусса ҳамчу қабо ҷайби хеш чок,
Гар як замон фитад зи танаш пираҳан ҷудо.
Дар Бесутун зи нолаи ман гар садо фитад,
Нолад зи дард кӯҳ ҷудо, Кӯҳкан ҷудо.
Ҳар субҳдам зи шавқи ту пеши гулу суман
Мурғи чаман ҷудо кунад афғону ман ҷудо.
Зорам бикуш, магӯй, к-аз ин остон бирав,
Мурдан баро-т беҳ, ки зи ту зистан ҷудо.
З-он ҳолҳо, ки пеши ман омад ҷудо зи ту,
Акнун фасонаест ба ҳар анҷуман ҷудо.
Донӣ, ки чист Ҷомӣ аз ин остона дур?
Ошуфта булбуле зи ҳарими чаман ҷудо.
Фиғонӣ
Рӯзе, ки тан зи ҷон шаваду ҷон зи тан ҷудо,
Ҳар як ҷудо зи ишқи ту сӯзанду ман ҷудо.
Ман чун зиям, ки ҳар нафас он лаъли оташин
Месӯзадам ба ханда ҷудо в-аз сухан ҷудо.
Гар ҷон зи тан ҷудо шаваду тан зи ҷон, чӣ гам,
Ё Раб, мабод дарди ту аз ҷону тан ҷудо.
Як ҷилва кард шамъи ҷамолат шаби висол,
Афтод партавем ба ҳар анҷуман ҷудо.
Ҷомест ҷаъди пуршиканат, к-аз фиребу фан
Дорад ҳазор силсила дар ҳар шикан ҷудо.
Гар хун зи доғи ҳаҷри ту гиряд, ғариб нест,
Оворае, ки баҳри ту шуд аз ватан ҷудо.
Дар Бесутун зи сурати ширин ҷудо шавад,
Ҳар порае, ки шуд зи дили Кӯҳкан ҷудо.
Дар Мисри ҷон зи гиряи канъониён ҳанӯз
Юсуф ҷудост ғарқа ба хун, пираҳан ҷудо.
Аз гирди хонаи ту Фиғонӣ ҷудо нашуд,
Булбул куҷо шавад зи ҳарими чаман ҷудо?

Наздикии ғазали Фиғонӣ ба ғазали Ҷомӣ ба дараҷаест, ки барои баҳс ҳоҷат намемонад. Аммо Фиғонӣ баробари истифодаи вазну қофия, радиф, лексика ва санъатҳои шеърии ғазали Ҷомӣ кӯшидааст, ки ғазалаш чун ғазали бикр ҷилвагар шавад. Барои ин ӯ, пеш аз ҳама, на кайфияти умумии ҷудоӣ, балки ҳолати рӯҳии ошиқро маҳз дар вақти вуқӯи ин воқеа баён менамояд. Ба ғайр аз ин, таркиби ҷону тан ва аз ҳам ҷудо шудани рӯҳ ва ҷисми инсонро (мувофиқи тасаввури асри миёна) ба истеъмол медарорад, ки ба ғазали ӯ ранги нав медиҳад. Ин матлабро махсусан байти сеюм барҷастатар ифода менамояд. Аммо нодирабаёнӣ дар ғазали поёни истиқболияи Фиғонӣ бештар ба назар мерасад. Ғазали Ҷомӣ намунаи олии ғазали баҳорияест, ки дар он борикбинӣ, парвози хаёл ва халлоқияти ӯ ҳувайдо буда, Ҷомӣ чун наққоши чирадасте як манзараи дилрабои табиатро бо тамоми нозукӣ ва тобишҳои нозуктаринаш тасвир менамояд. Ташбеҳу тазод, тавсифу талмеҳ, истифодаи рангҳои сарду гарм, махсусан сабзу сурх ғазалро ба дараҷаи мукаммалтарин падидаҳои санъат расонидаанд. Ҷомӣ зебоӣ ва ҳусни оламорои як манзараи баҳорро баробари ниҳояти нозукӣ басе воқеӣ, одӣ ва ба фаҳми ҳамагон наздик таҷассум менамояд:

пешина
аз 86
навбатӣ